Ҳамдиёрони азиз!
Инак аз баргузории Иҷлосияи 16 уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба тақдири давлатсозии тоҷикон заминаи устувор гузошт 30 сол сипарӣ мегардад.
Дар ин росто ҳамаи мардуми сарбаланду равшанзамири ноҳияи Ишкошим бахусус аз хурд то пирони рӯзгордида ва ҳамдиёрони берунмарзиро ба фарорасии 30 солагии Иҷлосияи 16 уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сидқан табрик гуфта, ба кулли Шумо сиҳатмандӣ, умри баркамол ва хонаи ободу пурфайзро таманно менамоям.
Дар саҳифаҳои таърих ҳамаи ҳодисаву руйдодҳо сабт гардида, аз руйи хусусият дар шуури ҷамъиятӣ ҳамчун як санаи таърихӣ арзёбӣ мегарданд.
Қобили тазаккур аст, ки дар роҳи расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ дар кишвари азизамон нақши абармарди сиёсат, фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басо бузург аст. Маҳз шахсияти Пешвои миллат буд, ки халқи тоҷик аз парокандагӣ наҷот ёфт ва то охирин гурезаи тоҷик ба Ватан баргашт. Пешвои миллат марди олиму оқилу фозилу хирадмандест, ки давлатро аз парокандагӣ наҷот дод, мардумро атрофаш муттаҳид, ба дили онҳо шуълаи умедро бедор ва бо қадамҳои устуворона ба сулҳу оромӣ, рушду суботи минбаъда ҳидоят намуд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷаҳониён исбот намуд, ки масъалаҳои мушкилтаринро метавон бо роҳи сулҳу субот ҳал кард.
Иҷлосияи 16 уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони навини таърихиамон ҳамчун руйдоди таърихӣ мақому манзалати хосаро касб намудааст.
Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои нави сиёсӣ буда, дар таърихи миллати тоҷик саҳифаи наверо боз намуд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президента Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз соли 1992 нақш ва мавқеи Иҷлосияро ба сифати рӯйдоди сарнавиштсози миллат муайян намуд, зеро он дар кишвар гардиши куллиеро ба вуҷуд овард.
Лозим ба зикр аст, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар алалхусус дар зарфи 30 соли сипаришуда аз Иҷлосияи тақдирсози миллат соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии кишвар босуръат рушд намуда, симои шаҳру ноҳияҳо куллан тағйир ёфт. Зиндагии мардум дар сатҳи шоиста қарор гирифта, вусъати корҳои ободониву созандагӣ бомаром идома дорад.
Ноҳияи Ишкошим, ки худ муррифгари таърих ва тамаддуни қадимаи халқи тоҷик мебошад, тайи ин давраҳо рушд ёфта, инфрасохторҳои соҳаҳои иҷтимоӣ мукамал гардида, шароитҳои мусоид руйи кор омаданд.
Иҷлосияи 16 уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон кафили сулҳ –саодати рӯзгори ободи мо буда, имрӯз ҳамаи дастовардҳо маҳз натиҷаи он мебошад.
Дар хотима бори дигар ба марудми шарафманди ноҳияи Ишкошим ҷашни тақдирсози миллат 30 солагии Иҷлосияи Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро табрику муборакбод менамоям.
Ҳамеша саодатманду хонаобод бошед, ҳамдиёрони азиз!