Чуноне, ки устод Умед Чоршанбезода дар як шеъраш дар васфи Ватан фармудааст:
То бо ҳавою хоки Ватан дилбарӣ кунам,
Ҷонро фидои шеваю лафзи дарӣ кунам.
Андак мабин ту меҳани хуршедии маро,
Зебаш шабеҳи ёри гулу гулпарӣ кунам.
Дар меҳанам, ки гулбасар аст шаҳри орзу,
Сад ифтихори мулку сару сарварӣ кунам.
Дар корзори покнигоҳдории забон,
Бо нӯги тези хомаи худ сафдарӣ кунам.
Ин ганҷро, ки тобиши таъриху қарнҳост,
З-алфози сарду зишт саросар барӣ кунам.
Заргуфту заркалому зарандешу заргарам,
Ҳар ҳарфро ба гунаи зар заргарӣ кунам.
Аз вожазори сабзи сухан шаҳд то чашам,
Замбӯрсон ба шохаи гул парпарӣ кунам.
Дилро, ки ташнаи сухани ноби шоирист,
Шодобу сабз з-оби хӯши кавсарӣ кунам.
Дар мазраи муроди Ватан ақл парварам,
Сангар ба рағми хӯи хару харгарӣ кунам.
Хокитарини арсаи ҳикмат манам, Умед,
Худро фидои мулки суханпарварӣ кунам!
Ватан!
Бо баробари шунидани ин калимаи пурҳаловату таскинбахши қалбҳо, ҷисму ҷон ва тани ҳар шахси ватандӯсту ватанпарастро оромию навозиши фораме фаро гирифта, барояш қувваю неруи созандаеро ҳадя месозад. Ҳамин қувваю неруи созанда бояд боис ба он гардад, ки ҳар шахсияти ҷудогонаи худшинос аз пайи ободу хуррам, сарсабзу шукуфон ва дар миқёси байналхалқи машҳуру номовар гардондани ватани ҷоноҷонаш гашта, дар ин роҳ миёни хешро маҳкам бандад. Садҳо шукр, ки мардуми Тоҷикистони бо ҷон баробари мо дар қатори дигар халқиятҳои ҷаҳон низ имрӯзҳо чунин шахсияти бедору худшинос, ободкору созанда ва номбардору номовари ватанро дар симои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дошта, ифтихору сарафрозӣ дорад.
Сад афсӯсу надомати бепоён, ки бо пайдоиши олами бекарон дар баробари қувваи некӣ ва нури рушноӣ қувваи бадию торикӣ амал мекардааст, вале ҳаёт собит намудааст, ки дар охир он ҳама қувваҳои аҳриманӣ рӯ ба фано хоҳанд овард. Қобили таваҷҷӯҳ ва ҳақиқати ҳол аст, ки ҳаёт бе мубориза пеш нахоҳад рафт. Ба шарте ин мубориза одилонаю мардона ва равшанзамирона барои нашъунамою пешрафти корҳои Ватан бахшида шуда бошад. Инсонҳои боақлу хирад, донишвару хештаншинос, ҳатто лаҳзаҳои душвори роҳи ҳаётиашон низ мекӯшанд барои пешравиҳои ин ганҷи ягонаи хеш, ки номи зебои меҳанро дорад, ҳиссагузор гашта, ризомандии Офарандаи олами беохирро ба даст оранд. Аммо ҳар як шахси зирак бояд, ки қотеъона нисбати рафтору кирдори ғайриинсононаю бепардаи ба ном мухолифини тоҷик, ки ҳамагӣ зархаридони хиёнаткор ва вобастаи гулӯи ҳаромашон мебошанд, хулосаҳои амиқу мустаҳкамашро дошта бошад.
Мақсаду маром ва хоҳиши ниҳоии он гушнамастони саҳроӣ аз он иборат мебошад, ки бо нишондоди хоҷагони беғаму ифлоскорашон вазъияти дохилии ватани моро муташанниҷ сохта, шахсони бесаводи мисли худашон кӯрнамаку кӯтоҳандешро тӯда – тӯда ба майдонҳо рехта, беназмию берабтиро ба вуҷуд оваранд ва ғасби ин ҳукумати қонуниро дар амал пиёда созанд, ки ин рафтори нангинашон ғайри қобили қабулу дар амал татбиқ ношуданист.
Барои чи?
-Барои он ки кӯр асояшро як маротиба гум мекунад. Миллати бо нангу ори мо тоҷикон аллакай он воқеаҳои мудҳиши нобахшиданиро аз сар гузаронида, дигар ба фиребҳои бегонагону хиёнаткорон ҳаргиз дода нахоҳад гашт. Зеро хурдани бемалоли як бурдаяк нони қоқи хушмаззаи Ватан, беҳ аз сархамию парешонҳолии дур аз Ватан аст.
Дар ҷаҳони муосир, замоне, ки ниҳоят пурошӯбу ҳасос аст, замоне,ки ба манфиатҳои миллӣ ва геопалитикии кишварҳо хатарҳо эҷод гардида истодааст,ҳар як фарди равшанзамир ва худогоҳро зарур аст, ки ҳимояи марзу буми ватани аҷдодиро ба яке аз мақсадҳои аслии худ табдил дода, ба қадри обу хок ва дастовардҳои он расанд.
Чун имрӯзҳо тамоми мардуми равшанзамири тоҷик дар арафаи таҷлил аз яке аз санаҳои тақдирсози миллат 30-юмин солгарди иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд, бояд дарк намоем, ки ин Иҷлосия ватани биҳиштосои моро аз нав тавлид намуд ва халқи мо баъд аз ин Иҷлосия бори дигар чашм ба олами ҳастӣ кушод. Ин Ватани азиз, ки ба қавли Пешвои миллат ҳарчанд ҳудудан хӯрд бошад ҳам вале таъриху фарҳанги ҳазорсолаҳои пурқиматеро дорад, ки имрӯз мо бояд аз он фаромӯш насозем. Мо бояд ин Ватанро бо самимонатарин эҳсоси дил,бо кирдору рафтору гуфтори воло дӯст дорем, сулҳу субот ва амнияти кишварро чун гавҳараки чашм нигоҳ дорем.
НАЗАРЗОДА ДУШАНБЕ, муовини раиси ноҳияи Ишкошим