Дар доираи таҷлили ҷашни 30 -солагии Иҷлосияи 16 – уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори конфронсии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим Конференсияи илмӣ – назариявӣ таҳти унвони “30-солагии Иҷлосияи 16- уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – санади тақдирсози миллат” аз ҷониби шуъбаву бахшҳои соҳаҳои иҷтимоӣ: бахши ҳивзи иҷтимоӣ, шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, бахши рушди сайёҳӣ, бахши ҷавонон ва варзиши ноҳия, шуъбаи кӯмаки иҷтимоӣ дар хона баргузор гардид.
Дар кори конфронс муовинони раиси ноҳия Назарзода Душанбе ва Холдорзода Ашам иштирок доштанд.
Оид ба аҳамияти таърихии Иҷлосияи 16- уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар поягузории давлатдории навинамон мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим Муминшоев Зиннатшо, иҷрокунандаи вазифаи сармутахассиси шуъбаи кӯмаки иҷтимоӣ дар хона Файзуллобекова Ҳаёт, сармутахассиси бахши рушди сайёҳии ноҳия Қурбоншоев Аловатшо, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Муллоева Гулшан, собиқадори соҳаи милитсия Малакбозов Шероз ва собиқадори меҳнат Ҳайдаров Вафо маърӯза намуданд.
Дар ҷамъбасти кори конфронс муовини раиси ноҳия Холдорзода Ашам ва муовини раиси ноҳия оид ба корҳои идеологӣ Назарзода Душанбе суханронӣ намуданд.