14-11-2022 ноҳияи Ишкошим
Дар асоси нақша-чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим ҷиҳати дар сатҳи баландӣ сиёсӣ таҷлил намудани ҷашни 30-юмин солагарди Иҷлосияи тақдирсоз дар маҷлисгоҳи филиали БДА Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк- № 72” дар ноҳияи Ишкошим конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор гардид.
Чорабинии мазкур бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон кушода шуда, сипас Илчибеков Шӯҳрат Ҷумахонович мудири филиали №72 БДА Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” дар ноҳияи Ишкошим, Раҳматуллоев Азизулло сардори МХБ №21 ҶСП “Аввалин бонки молявии хурд” дар ноҳия, Мирзоев Азизхуҷа сардори Нозироти андози ноҳия, Некбахтшоев Фарҳат директори филиал “Рушди Кӯҳистон” дар ноҳия, Карамов Назаралибек Оламбекович- сардори шуъбаи хазинадории Раёсати молияи ноҳия доир ба аҳамияти таърихии иҷлосияи тақдирсоз ва нақши Пешвои миллат дар таҳкими давлатдории навин бо маърӯзаҳо баромад намуданд.
Чорабинии мазкур бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст гардид.