15.11.2022 Ишкошим
Тибқи нақша- чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим имрӯз дар Беморхонаи маркази ноҳия Конференсияи илмӣ-назариявӣ дар мавзуи “Иҷлосияи тақдирсоз –кафили сулҳу оромӣ дар кишвар” баргузор гардид.
Нахуст аз ҳама ҳайати расмӣ аз намоишҳои ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва дастовардҳои соҳаи тиб дидан ба амал оварданд.
Дар баргузории конфронси мазкур муовини раиси ноҳия Холдорзода Ашам ва раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия Муллоева Гулшан иштирок доштанд.
Бояд тазаккур дод, ки Конференсияи илмӣ-назариявӣ аз ҷониби кормандони соҳаи тандурустии ноҳия дар сатҳи баланду зарурӣ баргузор гардид.
Дар рафти кори конфронс корманди Беморхонаи маркази ноҳия Саъдоншоева Дилафрӯз, иҷрокунандаи вазифаи сардори Маркази назорати давлатии санитариву эпидемиологии ноҳия Мирзоҳилолова Салима ва собиқадори соҳаи тандурустии ноҳия Гулмирзоева Моҳиолам маъруза намуда, оид ба аҳамияти таърихиии Иҷлосияи 16 уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эъмори далватдории навини тоҷикон дар баромадашон дарҷ намуданд.
Дар ҷамъбасти кори конфронс муовини раиси ноҳия Холдорзода Ашам суханронӣ намуда, ҳамаи кормандони соҳаи тибро ба ин санаи тақдирсози миллат табрику таҳният намуданд.
Баъд аз ҷамъбасти конфронс чорабинии идона бо беҳтарин барномаҳои фарҳангӣ аз ҷониби аҳли соҳаи тиб пешкаши ҳозирин гардонида шуд.