7/10/2022 ноҳияи ИШКОШИМ:
Ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳия дар нуҳмоҳи соли 2022
Имрӯз дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳия дар нуҳ моҳи соли 2022 бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Иззатулло Ҳабибулло ва муовини якуми раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзозода Низом Юсуфӣ баргузор гардид.
Некқадамзода Илол муовини якуми раиси ноҳияи Ишкошим оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳия дар нуҳ моҳи соли 2022 дар ноҳия баромад намуда, ҳамаи дастовардҳои ноҳияро дар зарфи нуҳ моҳи соли равон баррасӣ намуданд.
Баъд аз барасии маърӯза муовини якуми раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзозода Низом Юсуфӣ аз вазъи фаъолият ва мушкилотҳои соҳаҳо аз роҳбарон пурсон гардида аз наздик маълумот пайдо намуданд.
Раиси ноҳияи Ишкошим Мирзозода Мусо Одинамуҳаммад ба роҳбарони идораву муассисаҳо ҷиҳати беҳтар ва мувофиқи мақсад амалӣ намудани самти фаъолият дастур ва супоришҳои мушаххас доданд.
Ҳамчунин барои беҳтар намудани фаъолияти корӣ ба роҳбарони идораву муассисаҳои соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии ноҳия дастур ва супоришҳои мушаххас доданд.
Намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Иззатулло Ҳабибулло суханронӣ намуда, оид ба масъалаи омодагӣ ба давраи тирамоҳву зимистони солҳои 2022-2023, вусъати корҳои ободониву созандагӣ ва диққати ҳамешагӣ додан ба таълиму тарбияи насли наврас ибрози ақида намуданд.
Муовини раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзозода Низом Юсуфӣ аз номи раиси ВМКБ муҳтарам Мирзонабот Алишер Худобердӣ ба кулли мардуми ноҳия ҷиҳати иҷрои нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонписарон ба сафи қувваҳои Муссалаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як рӯз 100 фоиз миннатдорӣ баён намуданд.