Ҷиҳати тарғибу ташвиқи аҳамияти Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақши он дар ташаккули давлатдории миллӣ, арҷгузорӣ ба хизматҳои таърихиву беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, баланд бардоштани эҳсоси худшиносиву худогоҳӣ ва ҳуввияти миллии ҷавонон бо ташабуси Кумитаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аксияи ҷумҳуриявии “Албом-Эстафета” ба “30-соли созандагӣ бо Пешвои миллат”дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баргузор гардида истодааст.Худи имрӯз аксияи ҷумҳуриявии “Албом-Эстафета” дар ноҳияи Ишкошим баргузор гардид, ки албоми мазкур аз ҷониби раиси КИ ҲХДТ –и ВМКБ Зунайда Раҷабова ва раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Хоруғ Соҳибҷон Имомназаров ба раиси ноҳияи Ишкошим Мирзозода Мусо Одинамуҳаммад тақдим карда шуд.
Ҳамзамон бояд қайд намуд, ки меҳмононро дар назди бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим бо қироати порчаҳои шеърӣ ва созу мусиқӣ истиқбол намуданд.
Ҳамчунин меҳмонон аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва намоиши китобӣ боздид баамал оварданд.
Дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷамъомади тантанавӣ бо садо додани Суруди миллӣ оғоз ёфта, дар рафти ҷамъомад раиси ноҳияи Ишкошим Мирзозода Мусо Одинамуҳаммад, раиси КИ ҲХДТ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Зунайда Раҷабова, намояндаи ҷавонони ноҳия Иззатшоев Увайдо ва раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Муллоева Гулшан суханронӣ намуданд.
Барои фаъолияти пурсамари меҳнатӣ якқатор аъзоёни ҳизб дар баргузории ҷамъомад бо ифтихорномаи раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ишкошим қадрдонӣ гардиданд.
Барномаи фарҳангӣ идомабахшӣ чорабинӣ буд.