НЕСТ БОДО НАҲЗАТИЁНИ ПАСТФИТРАТ!!!
Муҳиддин Кабирӣ, Ҳусейн Ашуров, Беҳрӯз Тағойзода, Муҳаммадиқболи Садриддин, чалласаводони аз сиёсат дур, ҳадафашон танҳо дар миёни ҷомеа барангехтани иғвою дасиса ва дигар нобасомониҳо аст.
Ин курдилони пастфитрати ифротӣ танҳо ба дуруғ гуфтан, дуруғ нафас кашидан ва туҳмату буҳтон одат кардаанду халос.
Яке аз чунин бадхоҳ, нокас, харидашуда, хиёнатпеша, аъзои ташкилоти террористӣ экстремистӣ “Гуруҳи-24”, ровии барномаи “Садои Мардум” – ӣ ин гуруҳи зархаридон Салмон Холиқов бо тахаллуси Беҳруз мебошад, ки ҳамеша бо як ранг баҳри ҷустани дуруғу буҳтон, барҳамзадани сулҳу суботи сартосарии мардуми Тоҷикистон амал менамояд.Ин саги дари мардум пешрафту тараққиётӣ Тоҷикистонро нодида гирифта мехоҳад, аз ҳар як мушкилоти болои мардум омада, “фил” созад.
Ба кулли инсоният аёну ошкор аст,ки Муҳиддин Кабирӣ роҳбари ТЭТ ҲНИ бо фиребу макру ҳилаи худ, ҳадафаш сафед кардани худашу пайравону ҳаммаслакони пастфитрату фитнаангезу хунхори наҳзатиаш мебошад. Ҷиҳати амалӣ намудани мақсадҳои разилонаи хеш мунтазам дар шабакаҳои интернетӣ ва сомонаҳои ифротӣ бо паҳн намудани ҳар гуна маводҳои дурӯғу қалбакӣ , нисбати давлату миллати тоҷик гапҳои сохтаю бофта, дуруғину туҳматангез мезананд ва ба ин восита мақсад доранд худро дар байни мардум ҳамчун “дилсӯз” “халқпарвар” нишон диҳанд. Лек ин ҳама “ худсафедкуниҳо” –и ин шахси кӯрдил ва ҳаммаслакони наҳзатиаш ягон самарае нахоҳад дод, зеро имрӯз кулли мардуми олам рафтору кирдори ин разилони наҳзтиро ба пуррагӣ медонанд. Яъне чи пиру ҷавони кишвари маҳбубамон Тоҷикистони азиз дӯстро аз душман ба хубӣ фарқ мекунанд.
Барои ба мақсадҳои нопоки худ расидан ТТЭ ҲНИ ( Ҳизби назҳати Ислом), дигар гурӯҳои террористию ифротгаро ва шахсони манфиатҷӯ ,ки аз ободию оромии Тоҷикистони азиз ба талука афтодаанд бо ҳар роҳу усулҳои нопоки худ мехоҳанд, ба ҷомеаи кишвар таъсири манфӣ расонда, байни омма низоъву нооромиро ба роҳ андозанд.
Террористону ифротгароон ва онҳое,ки ин гуруҳоро роҳбарӣ мекунанд дар баробари таъмилу ҳамлаҳои психологӣ аз туҳмату буҳтон ва бадномкунии ҷомеа истифода мебаранд.
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоташ бо намояндагони ҷомеаи кишвар бори дигар дар бораи вазъи мураккаби сиёсӣ, низоҳои солҳои охир, авҷгирии ҳаракати террористию экстремистӣ дар олам ибрози ақида карда, қайд намуданд, ки дар вазъияти асосу ноороми ҷаҳон мо бояд нисбат ба ҳар вақта зираку ҳушёр бошем, дар ғафлат намонем, манфияту зарари худро дар гуфтору амали хеш дуруст дарк кунем.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ аз аввал иртиҷоӣ буда, ба раванди рӯшди инкишофи сиёсӣ ,таҳкими принсипҳои демократӣ дар ҷумҳурӣ халал ворид мекунанд. Фаъолияти ТТЭ ҲНИ ,ки дар даҳ понздаҳ соли охир дар қаламрави ҷумҳурӣ озодона амал мекард, нишон дод, ки мақсади асосии онҳо бо дастгирии хоҷагони хориҷиашон бо роҳи табаддулот ғасб намудани ҳокимияти сиёсӣ буд. Ин табаддулоти нофарҷоми наҳзатиёни курдил бо зиракию ҳушёрии сиёсии мардум ва мақомоти қудратии кишвар, ниқобро аз руи онҳо кушод ва робитаи онҳоро бо гуруҳои террористӣ ошкор ва собит сохт.
Агар ба фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ хусусан ТТЭ ҲНИ мутаваҷҷеҳ шавем фақат ин гурӯҳ одамон ба дуруғ гуфтан, дуруғ нафас кашидан бӯҳтон кардани ҷомеаи Тоҷикистон машғуланд.
Қайд бояд кард,ки Кабирию ҳаммаслакони ифротиаш аз дур истода аз сиёсату иқтисодиёт лоф мезананд. Тайи чанд соле,ки Кабирӣ бо ҳизби террористиаш дар мамлакат расман амал мекард вакили мардумӣ буд, лек барои беҳбудии аҳолӣ заррае хидмат накардааст. Баръакс чӣ бойгарие, ки миллату давлат дошт ғасб кард, ғорат кард , дуздиду бурд. Таҳлилҳо ва таҷрибаҳо собит менамоянд, ки шахси мафкураи динӣ-ифротӣ ва террористӣ дошта дар ягон ҳолат ба арзишҳои миллӣ, демократӣ ва дунявӣ хоҳиш надорад , минҷумла Кабирию ҳаммаслакони наҳзатӣ,пастфитрат ва ифротиаш.
Дигар асло ягон идеологияи ғайр наметавонад мардуми бофарҳангу хирадманди миллати тоҷикро бероҳа созад. Алакай мо дӯстро аз душман фарқ мекунем . Халқи меҳанпарасти миллати тоҷик ҳеҷ гоҳ ва ҳеҷ вақт ба дасисаи пастфитратони наҳзатӣ фирефта нахоҳанд шуд. Кулли мардум алакай кӣ будани ин наҳзатиҳои разилро мефаҳмад. Ин иғвогарону пастфитратон бо маслиҳати хоҷагони зархариди хориҷиашон дар мамлакатҳои хориҷ митингҳои бемантиқ намуда мехоҳанд, ки диққати ҷаҳониёнро ба худ ҷалб сохта гуё “ҳақиқат” –и ҳаётро фаҳмонданӣ ҳастанд. Вале имруз кулли пиру ҷавони кишвар сад дар сад кӣ будани онҳоро мефаҳмад ва медонанд, ки ин хоинон мақсади нопок доранд. Фаромӯш набояд кард, ки миллати сарбаланди Тоҷикистони соҳибистиқлол симои асосии ин хоинонро шинохтааст ва дубора ба ин миллатфурӯшон бовар намекунад.
Ба ҳамагон маълум аст,ки солҳои охир кишварамон ба яке аз давлатҳои ру ба тарақӣ табдил ёфтааст. Дар мамлакат Ваҳдати миллии комил, бунёдкорӣ ва созандагӣ дар авҷ аст. Халқи кишвар аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат , Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Рахмон пушибонанд.
Мо бояд ҳолатҳои пешомадаро воқеъбинона хуб мушоҳида ва таҳлил намуда, мавқеи созандаи шаҳрвандии худро тақвият бахшем. Ҳар як фарди бо нангу номуси кишварро зарур аст, ки ба хотири ободонию пешрафти ватанамон,ҳаёти осоишта ,таҳкиму сулҳу суббот талош варзем ва ҳама гунна ҷиноятҳоро дар кадом шакле, ки бошанд қатъиян ва шадидан маҳкум намоем.
Назарзода Душанбе –муовини раиси ноҳияи Ишкошим оид ба масъалаҳои идеологӣ
11/09/2022