• Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Суроға
  • Харитаи сомона
Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим

Menu
  • Дар бораи ноҳия
    • Маълумот
      • Таърих
      • Сохтори маъмури-ҳудудӣ
      • Ҳамкорҳои байналмилалӣ
      • Нишондодҳои рушд
    • Ҷамоатҳо
      • Ҷамоати деҳоти Зонги
      • Ҷамоати деҳоти ба номи Рустамбек Юсуфбеков
      • Ҷамоати деҳоти Қозидеҳ
      • Ҷамоати деҳоти Вранг
      • Ҷамоати деҳоти Шитхарв
      • Ҷамоати деҳоти ба номи Аскар Замиров
      • Ҷамоати деҳоти Птуп
    • Ташкилотҳои ноҳиявӣ
      • Муассисаҳои калон ва шӯъбаи молиявӣ
      • Идораҳо
      • Бонкҳо
      • Театрҳо
      • Осорхонаҳо
      • Боғҳо ва ҷойҳои фарҳангӣ
      • Мактабҳои олӣ
      • Мактабҳои варзишӣ
      • Бозорҳо
    • Маълумоти оморӣ ва таҳлилӣ
      • Маълумотҳои оморӣ
      • Нишондодҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ
      • Ҳисоботҳо
  • Мақомоти иҷроия
    • Маълумот
      • Сохтор
      • Раиси ноҳия
      • Муовинони раиси ноҳия
      • Раисони ҷамоатҳо
      • Роҳбарони сохтори давлатӣ
      • Бахшу шуъбаҳо
      • Низомномаи ноҳия
      • Суроға
    • Фаъолият
      • Реҷаи корӣ
      • Тартиби воридшавии дархостҳо
      • Изҳороти расмӣ
      • Суханрониҳои раиси ноҳия
      • Нақшаҳо
      • Барномаҳои давлатӣ
      • Барномаҳои минтақавӣ
      • Вохӯри бо ҷамоат
      • Стратегияи амалҳо
  • Ҳуҷҷатҳо
    • Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
      • Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон
      • Дар бораи Ҳукумати электронӣ
  • Маълумот
    • Фаъолияти вакилон
      • Аъзоёни шӯроъ
      • Фаъолияти Шӯроъ
      • Фаъолияти намояндагон
      • Намояндагони халқӣ
      • Рӯзномаи иҷлосияҳо
      • Комиссияҳои доимӣ
    • Маълумот
      • Хабарҳо
      • Эълонҳо
      • Рӯйдодҳо
      • Кушодашавии озмунҳо ва тендерҳо
      • Ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ
      • Рӯйхати маълумотҳо, ба руйхат дохил намудани маълумотҳои махфӣ
  • Алоқа
    • Алоқа бо воситаи сомона
      • Харитаи сомона
      • Саволҳо ва ҷавобҳо
      • Форум
      • Муроҷиат
    • Маълумотҳои тамосӣ
      • Суроға
      • Рузҳои қабули шаҳрвандон
      • Тартиби воридшавии дархостҳо
      • Низомномаи муроҷиати шаҳрвандон
      • Телефонҳои боварии идораҳо
      • Низомномаи телефони боварӣ
      • Низомномаи телефони ягона
  • ТоҷикӣТоҷикӣ
    • РусскийРусский
    • EnglishEnglish
Menu
Posted on 27.09.2022 by ishkoshim

      Пайдоиши ифротгароӣ барои инсоният ҳамчунякфоҷиаи мудҳиш муноқишаҳовударгириҳои зиёдеро ба бор оварда, аз замонҳои қадим то имрӯз барои ҷомеаҳои тинҷуоромва кишварҳои босубот яке аз хатарҳои ҷиддӣ маҳсуб мешавад.    Дар шароити кунунӣ дар радифи шаклҳои гуногуни ифротгароӣ маҳзифротгароии динӣбасорушд намуда, гурӯҳҳои террористии байналмилалӣ ва манфиатхоҳони геополитикӣ дар расидан ба ҳадафҳои ниҳонии худ бештар ба ҳамин шакли ифротгароӣ такя намуда истодаанд.

  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми имсолаи худ воқеъбинона таъкид намуданд, ки ”Рӯйдодҳои охири ҷаҳон, яъне боз ҳам тезу тунд гардидани вазъ дар Шарқи Наздик, Осиё, Африқои Шимолӣ, Аврупо ва дигар минтақаҳои дунё нишон медиҳад, ки терроризм ва экстремизм ба хатарҳои аввалиндараҷаи ҷаҳони муосир табдил ёфтаанд”.
  Дар ҷаҳони имрӯз ба ҳайси динҳои дорои пайравони густурда ва ҷаҳонӣ дини ислом, дини масеҳӣ, ва дини буддоӣ шинохта шудаанд. Дини ислом дар байни мардум тадриҷан паҳн гардида, дар замони зиндагии Пайғамбар (с) ба ҳайси як дини дорои низоми ягонаи эътиқодӣ буд, ки ҳамчун исломи классикӣ низ маъруф мебошад.
Ислом дар асл ва ибтидо сиёсӣ набуд, вале раванди объективии бунёди давлатҳо ва муборизаҳои оштинопазир ҷиҳати ҳимояи манфиатҳо дар заминаи сохтори вайроншудаистодаи қавми араб тадриҷан ба ӯ ҷомаи сиёсӣ пӯшонд.
  Пас аз марги Пайғамбар (с) дар ислом равияву фирқаҳои гуногун ба вуҷуд омаданд, ки таъсири он то ба ҳол дар олами ислом ба мушоҳида мерасад.
   Таърих беҳтарин омӯзгор аст. Аммо на ҳама ба он аҳамият медиҳанд.Баъди ба имзо расидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ” 13 ноябри соли 1998 Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон дар қатори дигар ҳизбҳои сиёсӣ ба қайд гирифта шуд.Вале баъди чандин солҳо маълум гардид,ки заминаи ҲНИТ низ террористӣ мебошад.
  Бешак, борҳо собит шудааст, ки собиқ ҲНИТ дар тарҳрезии таҳдидҳо ба манфиатҳои миллии Тоҷикистон ва минтақа даст дошт.Тавре тавассути навори телевизионӣ мушоҳида кардем, ҳатто аз утоқи муовини аввали раиси ин ҳизб Саидумар Ҳусайнӣ, ки замоне вакили мардумӣ буду аз номи миллату давлат намояндагӣ мекард, харитаи ҳамла ба биноҳои муҳими давлатӣ ошкор ва дастрас гардида, 13 узви хатарноки собиқ ҲНИТ бо ҷурми ҳамдастӣ бо гурӯҳи Ҳоҷӣ Ҳалим боздошт карда шуданд. Худи ин як огоҳӣ, ишора ва бонги изтиробе аз амалҳои наҳзатиҳо медод.
Бале, ин тӯдаи зери номи ислом паноҳ ёфта, ба ҷойи шукру сипос, ки ба туфайли сиёсати сулҳҷӯёнаи роҳбарияти давлатамон дар кишвар ҷоҳу ҷалол ёфта, дар муҳити тинҷу ором зиндагӣ мекарданд, аз дасторхони нозу неъмати истиқлолият намак хӯрда, оқибат ба намакдон туф карданд. Онҳо ба сӯйи бародару хоҳар ва фарзандони худ корд гирифтанд. Ин буд сазои ҳурмати бародарони наҳзатӣ.Ба қавле:
      Ҳар киро додем зи ҳурмат ҷой дар болои чашм,
      Оқибат чун теғи абрӯ корд бар рӯям кашид.
    Ҳодисаҳои фоҷеабори 4 – сентиябри соли 2015-ро барои мардуми тоҷик набояд ғайричашмдошт, тасодуфӣ, балои осмонӣ пазируфт. Ҳаргиз ин тавр нест. Миллатфурӯшон боз дасти таарруз ҷониби истиқлолияти давлати миллӣ ва миллати сарфарози худ ёзониданд.
  Бори дигар хиёнат, худфурӯшӣ карданду боз шарманда шуда ба мақсади касифашон нарасиданд. Дар давоми чанд соате нияташон хунсо гашту ҷинояткорони ҷаллодашон саркуб. Нерӯи қавии ватанпарастон собит кард, ки ин кишвар бесоҳиб нест. Аммо дигар имрӯз мардум сиёҳу сафедро фарқ мекунад. Медонад, ки кадом ҳизб чӣ мехоҳад ва намегузорад, ки дубора кишвараш дучори фитнаву бозиҳои авомфиребонаи бегонагон гардад.
Имрӯз ҳамаи моро зарур аст, ки муҳаббат ва самимияти худро нисбати миллат, давлат ва сарзамини аҷдодии хеш нишон дода тавонем. Заррае ҳам бошад, аз ҳимояи ин хоки муқаддас, марзу буми хеш дар канор набошем ва ҳамеша ҷиҳати пойдории сулҳу салоҳ кӯшиш намоем.
    Дар охир андешаҳои худро бо таъкидҳои доимии Пешвои миллат мехоҳам ҷамъбаст намоям, ки гуфтаанд: “ Бори дигар хотиррасон менамоям, ки ҳар як шаҳрванди кишвар бояд ба қадри давлати соҳибистиқлол ва зиндагии орому осуда расида, ҳеҷ гоҳ зиракии сиёсиро аз даст надиҳад ва ҳаргиз фирефтаи таблиғоту ақидаҳои бебунёди ифротӣ нашавад”.

            Аз бадниҳод чашми накӯӣ тамаъ мадор,
             Кӯри зи модар омада бино намешавад.

Назарзода Душанбе муовини раиси ноҳияи Ишкошим

Добавить комментарий Отменить ответ

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Рубрики

  • Маориф (1)
  • Нақлиёт (1)
  • Паём ва суханрониҳои Президент (8)
  • Фарҳанг (2)
  • Хабарҳо (797)
  • Эълонҳо (1)
Сентябр 2022
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
« Авг   Окт »
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
2627282930  

Суроға

Ҷумҳурии Тоҷикистон

тел:

факс:

почтаи эелектрони:

Омор

  • 0
  • 81
  • 6 888
  • 575 126
  • 106 281
  • 267
  • 824
  • 0
  • 12.06.2025

Пурсиш

Извините, в настоящее время нет доступных опросов.
  • Архив опросов
©2025 Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим | Таҳия шуд дар tojNet