• Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Суроға
  • Харитаи сомона
Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим

Menu
  • Дар бораи ноҳия
    • Маълумот
      • Таърих
      • Сохтори маъмури-ҳудудӣ
      • Ҳамкорҳои байналмилалӣ
      • Нишондодҳои рушд
    • Ҷамоатҳо
      • Ҷамоати деҳоти Зонги
      • Ҷамоати деҳоти ба номи Рустамбек Юсуфбеков
      • Ҷамоати деҳоти Қозидеҳ
      • Ҷамоати деҳоти Вранг
      • Ҷамоати деҳоти Шитхарв
      • Ҷамоати деҳоти ба номи Аскар Замиров
      • Ҷамоати деҳоти Птуп
    • Ташкилотҳои ноҳиявӣ
      • Муассисаҳои калон ва шӯъбаи молиявӣ
      • Идораҳо
      • Бонкҳо
      • Театрҳо
      • Осорхонаҳо
      • Боғҳо ва ҷойҳои фарҳангӣ
      • Мактабҳои олӣ
      • Мактабҳои варзишӣ
      • Бозорҳо
    • Маълумоти оморӣ ва таҳлилӣ
      • Маълумотҳои оморӣ
      • Нишондодҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ
      • Ҳисоботҳо
  • Мақомоти иҷроия
    • Маълумот
      • Сохтор
      • Раиси ноҳия
      • Муовинони раиси ноҳия
      • Раисони ҷамоатҳо
      • Роҳбарони сохтори давлатӣ
      • Бахшу шуъбаҳо
      • Низомномаи ноҳия
      • Суроға
    • Фаъолият
      • Реҷаи корӣ
      • Тартиби воридшавии дархостҳо
      • Изҳороти расмӣ
      • Суханрониҳои раиси ноҳия
      • Нақшаҳо
      • Барномаҳои давлатӣ
      • Барномаҳои минтақавӣ
      • Вохӯри бо ҷамоат
      • Стратегияи амалҳо
  • Ҳуҷҷатҳо
    • Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
      • Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон
      • Дар бораи Ҳукумати электронӣ
  • Маълумот
    • Фаъолияти вакилон
      • Аъзоёни шӯроъ
      • Фаъолияти Шӯроъ
      • Фаъолияти намояндагон
      • Намояндагони халқӣ
      • Рӯзномаи иҷлосияҳо
      • Комиссияҳои доимӣ
    • Маълумот
      • Хабарҳо
      • Эълонҳо
      • Рӯйдодҳо
      • Кушодашавии озмунҳо ва тендерҳо
      • Ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ
      • Рӯйхати маълумотҳо, ба руйхат дохил намудани маълумотҳои махфӣ
  • Алоқа
    • Алоқа бо воситаи сомона
      • Харитаи сомона
      • Саволҳо ва ҷавобҳо
      • Форум
      • Муроҷиат
    • Маълумотҳои тамосӣ
      • Суроға
      • Рузҳои қабули шаҳрвандон
      • Тартиби воридшавии дархостҳо
      • Низомномаи муроҷиати шаҳрвандон
      • Телефонҳои боварии идораҳо
      • Низомномаи телефони боварӣ
      • Низомномаи телефони ягона
  • ТоҷикӣТоҷикӣ
    • РусскийРусский
    • EnglishEnglish
Menu
Posted on 15.09.202215.09.2022 by ishkoshim

 

Ҳамдиёрони   азиз!
     Имрӯзҳо аз давраи рӯзи накӯи ҳаёти пурфараҳу пурнишот барои ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ, яъне рӯзи мубораки Соҳибистиқлолии Ватани азизамон Ҷумҳурии Тоҷикистон 31- сол пурра мегардад.
  Фарорасии ҷашни мубораку ҳуҷастаи Рӯзи Истиқлолияти давлатиро ба якояки ҳамдиёронамон-сокинони соҳибфарҳанги Ишкошимзамин ва дар симои Шумо ба тамоми аҳолии кишвари азизамон Тоҷикистони соҳибистиқлол табрик гуфта, ба ҳамагон осмони софу беғубор ва ҳаёти хушу гуворо орзӯ менамоям.
   Рӯзи 9-сентябри соли 1991 дар китоби таърихи миллати тоҷик саҳифаи наве бо хати зарҳал кушода шуда,чархи сарнавишт дубора ба муроди мардуми тоҷик давр зада,тоҷикон соҳиби Истиқлол ва давлати мустақил шуданд. Дар ин рӯз халқи тоҷик, давлати тоҷикон ба маънои том соҳиби давлати соҳибистиқлол гардиданд. Инак имрӯз Тоҷикистони азиз 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатии худро сипарӣ менамояд.
Имрӯз вақте сухан аз Истиқлолияти давлатӣ меравад,ба қавли Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ,Пешвои муаззами миллат,Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Он на санаи бори аввал соҳибдавлат шудани тоҷикон, балки санаи эҳёи Истиқлолияти давлати тоҷикон мебошад. Яъне миллати куҳанбунёду соҳибдавлати тоҷик бори дигар соҳиби давлатдории миллии мустақили худро баъд аз ҳазор сол аз нав эҳё намудааст.
 Муҳимтарин комёбии дар тӯли 31 соли Истиқлолият ба дастовардаи мо аз хатари нестӣ наҷот ёфтани давлатдории миллии тоҷикон аст ва он масъалаи асосию меҳварии таърихи дирӯзу имрӯзи мо мебошад.
  Мутаассифона баъди ба даст овардани Истиқлолият кишвари азизи мо бар асари дахолати ошкоро ва пинҳонии баъзе аз хайрнохоҳони миллатамон аз хориҷи кишвар ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гирифтор гардид.
   Хушбахтона ақли солим бар қувваҳои аҳриманӣ, ки мехостанд Ватани моро аз харитаи сиёсии ҷаҳон пок намоянд, ғолиб омада ва вакилони мардумӣ дар Иҷлосияи таърихии 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбари нави мамлакатро интихоб намуданд ва фарзонафарзанди халқи тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд, ки кишварамонро аз гирдоби нестӣ раҳонанд ва хавфи аз байн рафтани миллати тоҷик ва давлати Тоҷикистонро пешгирӣ намоянд.
   Маҳз талошу заҳматҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки Тоҷикистон ба ҳайси давлати мустақил аз тарафи зиёда аз 168 давлати дунё эътироф гардида, дар Конститутсияи мамлакат бо раъйдиҳии умумихалқи тағйиротҳо ворид гардид.
   Бо имзо гардидани Созишномаи сулҳ ва ризоияти миллӣ дар кишварамон Парлумони касбӣ иборат аз Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ташкил гардида, Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои комиссия ва кумитаҳои байнипарламентии ҷаҳонӣ интихоб гардид. Дар ин давра Тоҷикистон таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аъзои созмонҳои баиналмилалӣ аз қабили Созмони Шанхай ва дигар созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ гардид. Инчунин таҳти сарварии бевоситаи Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат,Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари мо аз бунбасти коммуникатсионӣ пурра баромада, ба як давлати воҳид табдил ёфт.
      Шурӯъ аз соли 2010 дар кишвар бозсозии тамоми соҳаҳо шурӯъ гардида,он низ натиҷаҳои дилхоҳро ба бор овард. Файзи Истиқлол то ба дурдасттарин маҳалу мавзеи кишварамон расида, он дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ ба куллӣ дигаргун гашта, имрӯз ба як тарзи шинохтанашаванда ва ҳайратовар дар қатори дигар ноҳияҳои ҳамтои худ дар як саф қарор гирифта, дар ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии он пешравиҳои назаррас ба амал омаданд.
     Вазъияти зуд тағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза ва давлатҳои ҳамҷаворамон ба мо сабақ медиҳад, ки суханони пурҳикмати Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки “Зиракию ҳушёрии сиёсиро ҳеҷ гоҳ аз даст надиҳед” бояд сармашқи кору амали ҳаррӯзаи худ намоем ва бо чашми ақлу хирад ба дунё назар афканда, ба таври ҳатмӣ ба қадри неъмати истиқлолият, ваҳдати миллӣ ва якпорчагии кишварамон расем ва нагузорем, ки бадхоҳони миллати сарафрози мо ин ду ганҷу гавҳари худододаи мо- Истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллиро аз мо рабоянд ва нагузорем,ки баъзе аз ашхоси бесарнавишт ба Ватани ободу озоди мо ба чашми каҷ назар афкананд.Ҳифзи Истиқлолият ва ваҳдати миллии мо ягона хоҳиши гузаштагон ва насли имрӯзаи мо аст,ки мо бояд онро чун гавҳараки чашмамон ҳифз намуда, чун амонати гузаштагон ба наслҳои оянда вогузорем.
   Халқи шарафманди Тоҷикистон таҳти сарпарастии Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи рушди уствор ба самти ободкорӣ ва гул-гулшукуфоии Ватани азизи худ ба марҳилаи тараққиёти иқтисодиву иҷтимоии мамлакат равона гардидааст.
Сокинони сарбаланди ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон бахшида ба таҷлили ҷашни 31 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободонию бунёдкориро ба роҳ монда, тибқи супориши Ҳукумати мамлакат то ба имрӯз дар ҳудуди ноҳия бунёди иншоотҳои ҷамъиятию маишӣ, маъмурӣ ва таъмиру азнавсозии 76 адад иншоотҳо ба маблағи 104 млн. 800 сомонӣ пешбинӣ гардидааст.
  Мардуми шарафманди ноҳияи Ишкошим аз фазои сулҳу осоиштагии кишвар ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон руҳу илҳоми тоза гирифта, пайваста бо заҳмату талошҳои шабонарӯзии худ дар ободонии Ватани азизамон саҳми босазои худро мегузоранд.
   Дар фарҷом бори дигар ҳамаи Шумо ҳамдиёрони азизро бо фарорасии рӯзи Истиқлолияти давлатии Ватани азизамон – Тоҷикистон муборакбод гуфта, ба шумо сиҳатмандӣ ва хонаободии ҳамешагӣ, рӯзгори орому осуда ва фазои беғубори кишвари ваҳдатободамонро таманно менамоям!
Ид муборак ҳамдиёрони азиз!

Добавить комментарий Отменить ответ

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Рубрики

  • Маориф (1)
  • Нақлиёт (1)
  • Паём ва суханрониҳои Президент (8)
  • Фарҳанг (2)
  • Хабарҳо (795)
  • Эълонҳо (1)
Сентябр 2022
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
« Авг   Окт »
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
2627282930  

Суроға

Ҷумҳурии Тоҷикистон

тел:

факс:

почтаи эелектрони:

Омор

  • 0
  • 70
  • 16 004
  • 530 184
  • 99 703
  • 15
  • 822
  • 0
  • 30.04.2025

Пурсиш

Извините, в настоящее время нет доступных опросов.
  • Архив опросов
©2025 Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим | Таҳия шуд дар tojNet