Матни
суханронии узви Маҷлиси Миллӣ, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси ноҳияи Ишкошим Мирзозода Мусо Одинамуҳаммад бахшида ба таҷлили Рӯзи касбии кормандони соҳаи тандурустӣ.
Табибони ҳозиқ!
Ворисони ҳақиқии ҳакими Машриқзамин Абуалӣ ибни Сино!
Бузургтарин ганҷ барои инсон ин саломатист. Саломатӣ барои инсон давлати бузург ва аз зару зевар қиммататр аст ва ана ҳамин сиҳатиро маҳз табибон ва кулли кормандони муассисаҳои тандурустӣ ҳифз мекунанд.
Боиси сарфарозӣ ва хушнудист,ки табибон –ворисони ҳақиқии Синои бузурганд ва дар ҷамъияти имрӯза мақому манзалати хешро гум накардаанд.
Мусаллам аст, ки ҳамасола санаи 18-август ҳамчун рӯзи табибон ва мавлуди ҳакими Машриқзамин Абуалӣ ибни Сино таҷлил карда мешавад.
Ҳамаи Шумо табибони ҳозиқу ҳамшираҳои шавқат ашхоси мададрасону ризокорони барномаҳои ҳифзулсиҳатро ба муносибати иди касбии кормандони тиб табрику таҳният гуфта,ба ҳамаи Шумо тансиҳативу хонаободӣ,рӯзгори ободу осуда, фазои тинҷу ором, сарбаландиву бурдборӣ ва зиндагонии бедарду гуворо –ро барои Шумо ва тамоми аҳли миллати шарафтабори тоҷик таманно менамоям.
Шумо табибони ҷонфидо ва сарсупурдаи Ишкошимзамин дар қатори дигар табибони ҳозиқу ғамгусори Ватани азизамон Тоҷикистони соҳибистиқлол ҷоннисориҳои худро барои аҳли миллату Меҳани азизамон дар мушкилтарин давраи хуруҷи бемории сироятии КОВИД-19 собит намудед ва исбот кардед,ки ҳатто дар ивази ҷони худ,ки ба мисли дигар инсонҳое, ки дар хатари гирифторӣ ба он беморӣ қарор доштаед,ҷону ҳаёти аҳли миллатамон ва ҳамаи инсонҳое,ки зарурият ба кӯмаки Шумо доштаро аз зиндагонӣ ва ҳаёти худ муқаддамтар ва болотар донистед.
Бо истифода аз фурсат ба ҳамаи кормандони соҳаи тандурустӣ, махсусан ба табибон ва ҳамшираҳои шавқат, ки дар шабу рӯзҳои авҷи бемории коронавирус ба савганди касбии худ содиқ монда,барои табобати мардум софдилона заҳмат кашиданд ва ҷони ҳазорон нафар ҳамватанонамонро аз марг наҷот доданд, бори дигар сипосу миннатдории самимии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошимро баён менамоям.
Аҳсан ва сад таҳсину офарин ба ҳамаи Шумо табибони ҳозиқу дилу дидаҳои мо!
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хидматҳои арзандаи Шумо табибони ҳозиқро қадрдонӣ менамояд ва Шумо кормандони соҳаи тибби мамлакатро чун нигаҳбони саломатии ҷомеа ва аҳли миллат медонанд, ки ин боварии Пешвои муаззами миллат нисбат ба Шумо ва кору фаъолияти шабонарӯзиатон боиси ифтихори тамоми сокинони кишварамон гардидааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 21-уми декабри соли 2021 дар Паёмашон ба Маҷлиси олии мамлакат иброз доштанд, ки ба мақсади тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз 1-уми июли соли 2022 музди меҳанати кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ,муассисаҳои маориф фарҳанг ,варзиш , тандурустӣ муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ 20 фоиз зиёд карда шавад.
Дар даврони соҳибистиқлолии кишвари маҳбубамон Тоҷикистон аз ҷониби Пешвои муаззами миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи тандурустӣ ва дастрасии сокинони кишвар ба хизматрасониҳои тиббӣ таваҷҷуҳи беандоза зоҳир намуда, сол то сол вазъи соҳа беҳтар гардида, инфрасохторҳои он мувофиқ бо талаботҳои ҷомеаи муосир гардонида шуда истодаанд.
Дар иртибот ба ин масъала метавон ёдовар шуд, ки бо мақсади дастрасӣ доштани аҳолии манотиқи деҳаҳои дурдасти ҳудуди ноҳия маҳз дар деҳаи Зонги Ҷамоати деҳоти Зонг, деҳаи Вранги Ҷамоати деҳоти Вранг марказҳои саломатӣ бо тарҳи муосир ва бо дастгоҳву лавозимотҳои зарурии соҳа сохташуда ва нақлиёти хизматрасон мавриди истифода қарор дода шуданд.Ҳамчунин дар доираи таҷлили ҷашни пурифтихори миллиамон 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳуриии Тоҷикистон бинои дуошёнаи нави беморхонаи деҳаи Вранг сохта ва ба истифода дода шуд.
Инчунин айни ҳол рафти корҳои сохтмонии бунгоҳи саломатии деҳаи Гармчашма бо маром идома дорад.
Дар давоми се соли охир бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Беморхонаи маркази ноҳия дар ду марҳила аз таъмири ҷорӣ бароварда шуда, инчунин бо дастгоҳву таҷҳизотҳои гаронарзиш таъмин карда шуда, шароиту имкониятҳои мусоид барои табибон ва кормандони соҳа руйи кор омада, дастрасии саривақтии аҳолӣ ба хизматрасониҳои тиббӣ осонтар гардид.
Мо имрӯз шукрона мекунем, ки аз моҳи январи соли 2021 дар кишварамон бемории сироятии КОВИД-19 аз байн рафтааст.
Лекин ин маънӣ надорад, ки мо ба саломатии худ ва атрофиёнамон бепарвоӣ зоҳир намоем, балки чун пештара бояд ҳушёр бошем, ба қоидаҳои беҳдошти шахсиву ҷамъиятӣ эътибори ҷиддӣ диҳем ва ҳамдигарро эҳтиёт кунем.
Диёри файзбори мо ноҳияи Ишкошим беҳтарин табибонро дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ барои шифои ҷисму рӯҳи насли башар ҳадя намудааст.
Аз ин миён метавон номҳои фарзандони фарзонаи халқи тоҷик –зодагони ноҳияи Ишкошим доктори илмҳои тиб профессор, шодравон Қамарддинов Хушқадам Қурбонович, доктори илмҳои тиб профессор, духтури ҷарроҳии маркази клиникии ҷарроҳии шаҳри Москваи Федератсияи Россия Олими Ширинбек ва ҳамчунин номзадҳои илми тиб Абдураҳимов Абдулло Раҳимович, Исмоилов Исмоил Иброҳимович, Қамариддинов Ҷамшед Хушқадамович ва духтурони дараҷаи олӣ ба монанди Ширинбек Давлатмамадов, Азорабек Мирзоев, шодравон Аминбек Ғуломҳусайнов ва Султоналӣ Боракову дигарон мутахассисони шинохтаи соҳаро бо ифтихор ба забон овард.
Ҳамзамон метавон қайд намуд, ки насли имрӯзаи табибони
дармонбахшамон бо бардошт аз кору пайкори неки гузаштагон амал намуда, бо хидматҳои шоистаашон дар байни мардум нуфузи хоса пайдо намудаанд.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд,ки айни ҳол дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ Ибни Сино 29-нафар таҳсил менамоянд, ки аз онҳо 24 нафарашон тибқи Квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил менамоянд,ки дар дурнамо дар ояндаи наздик марҳила ба марҳила ба марҳила соҳаи тандурустӣ ба кадрҳои дараҷаи олӣ таъмин карда мешавад.
Сол то сол вазъи муассисаҳои соҳаи тандурустӣ беҳтар гардида дар иртибот ба ин масъала метавон дарҷ намуд, ки беморхонаи маркази ноҳия аз таъмир бароварда шуда, ҳамзамон корҳои таъмирӣ дар алоҳида қисматҳои бино идома доранд.Тайи се соли охир ба беморхонаҳои минтақавӣ ва маркази ноҳия бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгоҳву лавозимотҳои зарурӣ ворид гашта дар дурдасттарин нуқтаи аҳолинишини деҳот дастрасӣ ба хизматрасонии тиббӣ имконпазир мебошад.
Табибони ҳозиқ!
Ман эътимоди комил дорам,ки кормандони соҳаи ҳифзулсиҳати ноҳия барои баланд бардоштани дараҷаи хизматрасонии тиббӣ ва ба ҳаёт татбиқ кардани тарзу усулҳои нави муолиҷа ,мустаҳкам гардонидани саломатии халқ, пешгирии интишори бемориҳо кӯшиши бештар ба харҷ медиҳанд.
Барҳақ гуфтаанд “Табибон қаҳрамонони даврони мо ва фариштаҳои наҷоти башарият мебошанд” .
Дар фарҷоми сухан бори дигар ба якояки Шумо Рӯзи пурифтихори касбиатонро табрик гуфта, ба якояки Шумо сиҳатию саломатӣ ва рӯзгори ободу осуда хоҳонам!
Иди касбиатон муборак бошад табибони маҳбуби давр! Бигузор роҳатон дар муоинаю муолиҷа мисли хилъататон сафед бошад!