• Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Суроға
  • Харитаи сомона
Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим

Menu
  • Дар бораи ноҳия
    • Маълумот
      • Таърих
      • Сохтори маъмури-ҳудудӣ
      • Ҳамкорҳои байналмилалӣ
      • Нишондодҳои рушд
    • Ҷамоатҳо
      • Ҷамоати деҳоти Зонги
      • Ҷамоати деҳоти ба номи Рустамбек Юсуфбеков
      • Ҷамоати деҳоти Қозидеҳ
      • Ҷамоати деҳоти Вранг
      • Ҷамоати деҳоти Шитхарв
      • Ҷамоати деҳоти ба номи Аскар Замиров
      • Ҷамоати деҳоти Птуп
    • Ташкилотҳои ноҳиявӣ
      • Муассисаҳои калон ва шӯъбаи молиявӣ
      • Идораҳо
      • Бонкҳо
      • Театрҳо
      • Осорхонаҳо
      • Боғҳо ва ҷойҳои фарҳангӣ
      • Мактабҳои олӣ
      • Мактабҳои варзишӣ
      • Бозорҳо
    • Маълумоти оморӣ ва таҳлилӣ
      • Маълумотҳои оморӣ
      • Нишондодҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ
      • Ҳисоботҳо
  • Мақомоти иҷроия
    • Маълумот
      • Сохтор
      • Раиси ноҳия
      • Муовинони раиси ноҳия
      • Раисони ҷамоатҳо
      • Роҳбарони сохтори давлатӣ
      • Бахшу шуъбаҳо
      • Низомномаи ноҳия
      • Суроға
    • Фаъолият
      • Реҷаи корӣ
      • Тартиби воридшавии дархостҳо
      • Изҳороти расмӣ
      • Суханрониҳои раиси ноҳия
      • Нақшаҳо
      • Барномаҳои давлатӣ
      • Барномаҳои минтақавӣ
      • Вохӯри бо ҷамоат
      • Стратегияи амалҳо
  • Ҳуҷҷатҳо
    • Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
      • Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон
      • Дар бораи Ҳукумати электронӣ
  • Маълумот
    • Фаъолияти вакилон
      • Аъзоёни шӯроъ
      • Фаъолияти Шӯроъ
      • Фаъолияти намояндагон
      • Намояндагони халқӣ
      • Рӯзномаи иҷлосияҳо
      • Комиссияҳои доимӣ
    • Маълумот
      • Хабарҳо
      • Эълонҳо
      • Рӯйдодҳо
      • Кушодашавии озмунҳо ва тендерҳо
      • Ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ
      • Рӯйхати маълумотҳо, ба руйхат дохил намудани маълумотҳои махфӣ
  • Алоқа
    • Алоқа бо воситаи сомона
      • Харитаи сомона
      • Саволҳо ва ҷавобҳо
      • Форум
      • Муроҷиат
    • Маълумотҳои тамосӣ
      • Суроға
      • Рузҳои қабули шаҳрвандон
      • Тартиби воридшавии дархостҳо
      • Низомномаи муроҷиати шаҳрвандон
      • Телефонҳои боварии идораҳо
      • Низомномаи телефони боварӣ
      • Низомномаи телефони ягона
  • ТоҷикӣТоҷикӣ
    • РусскийРусский
    • EnglishEnglish
Menu
Posted on 30.08.2022 by ishkoshim

Баромади
муовини раиси ноҳияи Ишкошим оид ба корҳои идеологӣ Назарзода Душанбе Назаршоҳ дар машварати августии омӯзгорони ноҳия

Муҳтарам омӯзгорон!
Ҳозирини гиромӣ!
       Пеш аз ҳама салом арз менамоям ба якояки Шумо омӯзгорони дар ниҳоят арҷманду гиромӣ!Хоҳони онам, ки ҳамаи вақт сиҳатманд, хонаобод ва дар ифои пур маҳсулатон мауваффақ бошед.
       Ҳамасола тибқи нақшаи кории шуъбаи маориф машварати омӯзгорон баъд аз таътили чандавақта баргузор мегардад,Воқеан баргузории ин мушовара худ як омили иттиҳодиву ҳамфикр будан ва саривақт маълумот гирифтан аз навидҳои соҳаи маориф мебошад.Ҳамчунин омодагиро ба соли нави таҳсил бештар мегардонад.
Ҳозирини гиромӣ!
Ҳангоме, ки омӯзгор ва ё устод мегуем зери ин мафҳумҳо ҳамеша ба назари мо шахси меҳрубон, хоксор хуллас чароғи илму маърифат намоён мешавад.Маҳз омӯзгор аст, ки дар ҳама давру замонба мардум хату савод меомӯзонад.Гузаштаро ба ҳозира пайваст менамояд.
Муаллимро имрӯз метавонем ба равшангари шоми шогирдон ташбеҳ диҳем, нуре гуем, ки чашмони шогирдонро равшанӣ мебахшад, оламро мунаввар ва мушкили ҳамаро осон мегардонад.
Сарчашмаи ҳамаи хушиҳо, ободии ҳамаи маҳфилҳо, бузург гардидани ҳамаи шогирдони баркамол маҳз ба омӯзгорон вобастагӣ дорад.Омӯзгорон вазифаи ниҳоят душворро ба зимма гирифта дар зиндагии пур аз розу ниёз тифли инсониятро тарбия менамоянд, илм меомӯзонанд, ки чандон кори осон нест.
Дар ин ҷода ман аз фаъолияти пурсамару назарраси ҳамаи муаллимони муассисаҳои таҳсилотии ноҳияи Ишкошим дар соли таҳсили 2021-2022 ёдовар гардида, барои ба даст овардани натиҷаҳои самарабахш сипосу миннатдории амиқи худро баён менамоям.Аҳсан, бори дигар сиҳатманд, сарбаланд, соҳиби рӯзгори ободу обрӯи комил бошед.
Далели ин гуфтаҳо он аст, ки соли 2022 хонандагони муассисаҳо дар озмунҳову олимпиадаҳои фаннӣ то сатҳи ҷумҳурӣ иштирок намуда, бо беҳтарин дастовардҳо ба ноҳия баргаштанд.Ҳамчунин соли равон дар озмунҳои “Илм фуруғи маърифат”, “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст” ва “Тоҷикистон Ватани азизи ман” дар сатҳи ноҳия иштирок намуда, теъдоди зиёдашон ба даври вилотӣ роҳхат гирифтанд.
Натиҷаи дигари мусбии сатҳ ва савияи хуби дониши хонандагон дар он зоҳир гардид, ки хатмкардаҳои муассисаҳои таҳсилотӣ ба муассисаҳои таҳсилотии олии кишвар ҳуҷҷат супорида 80 фоизашон шомили ин муассисаҳо гардиданд. Ҳамзамон 19 нафар сазовори квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гардиданд. Ин ҳама дастовардҳои беназири сол дар соҳаи маорифи ноҳия мебошад.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим бо мақсади беҳтар гардидани шароиту имкониятҳо барои таълиму тарбия ва барои омӯзгорон пайваст кӯшиш ба харҷ дода, чораҳои зарурӣ андешида истодааст.
      Бояд хотрирасон намуд, ки вазъи техникии муассисаҳои таҳсилотӣ таҳти назорати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим қарор дошта, дар ин ҷода баҳри бартараф намудани ҳолатҳои садамавии муассисаҳо то солҳои 2024-2025 корҳо ба нақша гирифта шуда аллакай рафти корҳои сохтмонии МТМУ №13-и деҳаи Птуп оғоз гардид.Инчунин раванди корҳои созандагии муассисаи таҳсилотии № 31- и деҳаи Куҳи Лаъл оғоз мегарданд.
Дар фарҷоми сухан бо итминони комил қайд менамоям, ки Шумо омӯзгорони азизу гиромӣ нангу номус ва ифтихори баландӣ миллӣ доред.Бо азму иродаи қавӣ ва неруи нав дар таълиму тарбияи насли наврас камари ҳиммат баста дар ҷодаи баланд бардоштани дониш дар соли таҳсили 2022-2023 иқдоми наҷиб хоҳед гузошта маҳз тавассути дониш ва нерӯи зеҳни ноҳияро дар миқёси вилоят, ҷумҳурӣ ва берун аз он муаррифӣ хоҳед намуд.
Боқӣ комёбу хушбахт бошед!
Ташаккур ба диққататон!

Добавить комментарий Отменить ответ

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Рубрики

  • Маориф (1)
  • Нақлиёт (1)
  • Паём ва суханрониҳои Президент (8)
  • Фарҳанг (2)
  • Хабарҳо (795)
  • Эълонҳо (1)
Август 2022
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
« Июл   Сен »
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Суроға

Ҷумҳурии Тоҷикистон

тел:

факс:

почтаи эелектрони:

Омор

  • 0
  • 70
  • 16 003
  • 530 183
  • 99 703
  • 21
  • 822
  • 0
  • 30.04.2025

Пурсиш

Извините, в настоящее время нет доступных опросов.
  • Архив опросов
©2025 Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим | Таҳия шуд дар tojNet