Дар асоси Нақшаи чорабиниҳои асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, эътино, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолати фавқуллода дар ноҳияи Ишкошим аз санаи 3 август то 5 уми августи соли ҷорӣ Машқи муккамал бо ҳайати роҳбарикунанда, комиссияҳо ва қувваю воситаҳои зернизомҳои вазифавӣ ва ҳудуди Низоми ягонаи ноҳияи Ишкошим гузаронида шуд.
Лозим ба зикр аст, ки чорабинии мазкур тибқи тартиб дар се марҳила ташкил гардида, дар марҳилаи аввали машқ санҷиши ҳолати омодагӣ, яъне бо бонги эълони “Ҷамъшавӣ” хабардор ва ҳозиршавии қувваю воситаҳо ба нуқтаи ҷамъшавӣ, иҷрои вазифаҳои хизматӣ бо таври назариявӣ, бо супоридани Супоришномаҳо аз тарафи роҳбарияти машқ ва иҷрои чорабиниҳои амалӣ дар марҳилаи сеюми машқ чорабиниҳои эвакуатсионӣ, ташкили шаҳрчаи хаймавӣ ва ҷо ба ҷонамоии аҳолӣ,ташкили корҳои наҷотдиҳӣ, хомӯш кардани майдони сӯхтор ва расонидани ёрии аввалияи тиббӣ ба таври амалӣ иҷро гардиданд.
Чорабинии мазкур бори дигар исбот намуд, ки пешгирӣ намудани ҳар як офати табииро метавон дар ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозиии комиссияҳо,хадамотҳои мудофиаи гражданӣ, қувва ва воситаҳои зернизомҳои низоми ягона ва шарикони рушд амалӣ намуд.
Дар ҷамъбасти машқи муккамал раиси ноҳияи Ишкошим Мирзозода Мусо Одинамуҳаммад суханронӣ намуда, аз фаъолият ва маҳорати хуби иштирокчиён изҳори қаноатмандӣ намуданд.Ҳамчунин барои фаъолияти назаррас якқатор хадамотҳо бо ифтихорнома қадрдонӣ гардиданд.