• Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Суроға
  • Харитаи сомона
Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим

Menu
  • Дар бораи ноҳия
    • Маълумот
      • Таърих
      • Сохтори маъмури-ҳудудӣ
      • Ҳамкорҳои байналмилалӣ
      • Нишондодҳои рушд
    • Ҷамоатҳо
      • Ҷамоати деҳоти Зонги
      • Ҷамоати деҳоти ба номи Рустамбек Юсуфбеков
      • Ҷамоати деҳоти Қозидеҳ
      • Ҷамоати деҳоти Вранг
      • Ҷамоати деҳоти Шитхарв
      • Ҷамоати деҳоти ба номи Аскар Замиров
      • Ҷамоати деҳоти Птуп
    • Ташкилотҳои ноҳиявӣ
      • Муассисаҳои калон ва шӯъбаи молиявӣ
      • Идораҳо
      • Бонкҳо
      • Театрҳо
      • Осорхонаҳо
      • Боғҳо ва ҷойҳои фарҳангӣ
      • Мактабҳои олӣ
      • Мактабҳои варзишӣ
      • Бозорҳо
    • Маълумоти оморӣ ва таҳлилӣ
      • Маълумотҳои оморӣ
      • Нишондодҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ
      • Ҳисоботҳо
  • Мақомоти иҷроия
    • Маълумот
      • Сохтор
      • Раиси ноҳия
      • Муовинони раиси ноҳия
      • Раисони ҷамоатҳо
      • Роҳбарони сохтори давлатӣ
      • Бахшу шуъбаҳо
      • Низомномаи ноҳия
      • Суроға
    • Фаъолият
      • Реҷаи корӣ
      • Тартиби воридшавии дархостҳо
      • Изҳороти расмӣ
      • Суханрониҳои раиси ноҳия
      • Нақшаҳо
      • Барномаҳои давлатӣ
      • Барномаҳои минтақавӣ
      • Вохӯри бо ҷамоат
      • Стратегияи амалҳо
  • Ҳуҷҷатҳо
    • Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
      • Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон
      • Дар бораи Ҳукумати электронӣ
  • Маълумот
    • Фаъолияти вакилон
      • Аъзоёни шӯроъ
      • Фаъолияти Шӯроъ
      • Фаъолияти намояндагон
      • Намояндагони халқӣ
      • Рӯзномаи иҷлосияҳо
      • Комиссияҳои доимӣ
    • Маълумот
      • Хабарҳо
      • Эълонҳо
      • Рӯйдодҳо
      • Кушодашавии озмунҳо ва тендерҳо
      • Ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ
      • Рӯйхати маълумотҳо, ба руйхат дохил намудани маълумотҳои махфӣ
  • Алоқа
    • Алоқа бо воситаи сомона
      • Харитаи сомона
      • Саволҳо ва ҷавобҳо
      • Форум
      • Муроҷиат
    • Маълумотҳои тамосӣ
      • Суроға
      • Рузҳои қабули шаҳрвандон
      • Тартиби воридшавии дархостҳо
      • Низомномаи муроҷиати шаҳрвандон
      • Телефонҳои боварии идораҳо
      • Низомномаи телефони боварӣ
      • Низомномаи телефони ягона
  • ТоҷикӣТоҷикӣ
    • РусскийРусский
    • EnglishEnglish
Menu
Posted on 30.08.2022 by ishkoshim

Санаи 29 августи соли равон дар маҷлисгоҳи Мқаомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим машварати васеи назди раиси ноҳия баргузор гардид. Ба машварати васеи назди раиси ноҳия муовинони раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳ, мудирони шуъбаву бахшҳои дастгоҳи раиси ноҳия, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, роҳбарони идораву муассисаҳо, ташкилотҳо, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва раисони ҷамоатҳои деҳот даъват гардиданд.
     Дар машварати болозикр масъалаҳои зерин мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор дода шуданд.
 1.Дар бораи рафти иҷрои “Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Ишкошим барои солҳои 2021-2025”.
  2.Оид ба рафти иҷрои қарори раиси ноҳия аз 14 июни соли 2022, № 261 “Дар бораи омодагӣ ба даъвати тирамоҳии соли 2022-шаҳрвандони солҳои таваллуди 1995-2023 ба хизмати ҳарбӣ”
 3. Оид ба фаъолияти бойгонии байни идоравӣ дар ноҳия ва пардохт нагардидани ҳаққи хизматрасонии муассиса аз ҷониби идораву муассисаҳо.
 4.Рафти иҷрои қарори раиси ноҳияи Ишкошим аз 22 августи соли 2022, №384 “Дар бораи иҷрои нақшаи чорабиниҳо оид ба омадгӣ ба таҷлили ҷашни 31 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”
  5. Раванди омодагии муассисаҳои таҳсилотии ҳудуди ноҳия ба соли нави хониши 2022-2023
   Вобаста ба масъалаи якуми машварат мудири бахши иқтисод ва савдои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим Нуралӣ Атобеков баромад намуда, оид ба иҷрои бандҳои “Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Ишкошим барои солҳои 2021-2025” дар гузоришашон дарҷ намуданд.
 Дар доираи масъалаи дуюми рӯзномаи машварат муовини комисари Комиссариати ҳарбии ноҳия Паҳлавонов Маъруф гузориш дода, оид ба рафти омодагиҳо ҷиҳати сафарбарнамоии ҷавонони синни даъват ба хизмати ҳарбӣ афзуданд, ки айни ҳол дар ин самт корҳо роҳандозӣ гардида, ҷиҳати саривақт ва босифат иҷро намудани нақшаи даъват чораҳои зарурӣ ва саривақтӣ андешида шудаанд.
  Тибқи масъалаи 3 юми рӯзномаи машварат мудири бахши бойгонии ноҳия Зуробекова Бону баромад намуда, оид ба фаъолияти бойгонии байни идоравӣ дар ноҳия ва пардохт нагардидани ҳаққи хизматрасонии муассиса аз ҷониби идораву муассисаҳо дар гузоришашон дарҷ намуданд.
 Муовини раиси ноҳия оид ба корҳои идеологӣ Назарзода Душанбе оид ба рафти омодагиҳо ҷиҳати иҷрои амалии қарори раиси ноҳия аз 22 августи соли 2022, №384 “Дар бораи иҷрои нақшаи чорабиниҳо оид ба омадгӣ ба таҷлили ҷашни 31 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” баромад намуда, қайд доштанд, ки дар доираи нақшаи чорабиниҳо корҳо мувофиқи мақсад ба роҳ монда шуда, аллакай дар пештоқи идораву муассисаҳо шиору аёниятҳо ва Парчамҳо афрохта шудаанд.Инчунин ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе дар назди хонаи фарҳанги маркази ноҳия бо иштироки ҳунармандони фарҳанги ҷамотаҳои деҳот барномаҳои консертӣ ташкилу баргузор гардида истодаанд.
   Шамс Муборакшоев дар гузориши худ оид ба масъалаи раванди омодагиҳои муассисаҳои таҳсилотии ҳудуди ноҳия қайд доштанд, ки муассисаҳои таҳсилоти ба соли нави хониш омода буда, рафти корҳои таъмирӣ пурра ба анҷом расонида шудаанд.
  Дар ҷамъбасти кори машварат раиси ноҳияи Ишкошим пас аз баррасии масъалаҳои зикршуда ва ҷиҳати бартараф намудани баъзе камбудиҳо ба масъулини идораву муассисаҳо дастур ва супоришҳо дода, қайд намуданд, ки ҳар як идораву муассисаҳо ҷиҳати иҷрои вазифаҳояшон масъулияти баланд ҳис намуда, ба мардум содиқона ва поквиҷдона хизмат намоянд.

Добавить комментарий Отменить ответ

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Рубрики

  • Маориф (1)
  • Нақлиёт (1)
  • Паём ва суханрониҳои Президент (8)
  • Фарҳанг (2)
  • Хабарҳо (795)
  • Эълонҳо (1)
Август 2022
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
« Июл   Сен »
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Суроға

Ҷумҳурии Тоҷикистон

тел:

факс:

почтаи эелектрони:

Омор

  • 0
  • 70
  • 16 004
  • 530 184
  • 99 703
  • 10
  • 822
  • 0
  • 30.04.2025

Пурсиш

Извините, в настоящее время нет доступных опросов.
  • Архив опросов
©2025 Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим | Таҳия шуд дар tojNet