Санаи 29 юми июни соли 2022 вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир ба ноҳияи Ишкошим сафари корӣ анҷом доданд.Дар доираи ин сафари корӣ вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистонро раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ ҳамроҳӣ намуданд.
Зимни сафари корӣ вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир ва ҳайати гуруҳи корӣ дар деҳаи Рэни Ҷамоати деҳоти ба номи Рустамбек Юсуфбеков аз рафти фаъолияти корхонаи хурди дӯзандагӣ дидан ба амал оварда аз фаъолияти кории ин корхона аз наздик шинос гардиданд.
Ба вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир иттилоъ доданд, ки дар корхона айни ҳол 6 нафар бо ҷойи корӣ таъмин мебошанд.Дар суҳбат бо роҳбари корхона Боракова Малика вобаста ба дӯхти либоси мактабӣ маълум гардид, ки корхона барои ба роҳ мондани дӯхти либоси мактабӣ ба дастгоҳву таҷҳизотҳои зарурӣ эҳтиёҷ дорад. Вазири вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир қайд намуданд, ки дар ин самт яъне таъмин намудани дастгоҳву таҷҳизотҳои зарурӣ аз ҷониби вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ хоҳанд ёфт.Ҳамчунин ҷиҳати аз худ намудани нозукиҳои кори дӯхти либоси мактабӣ дар доираи дастгириҳо 3 нафар барои омӯзиш ба корхонаи дӯзандагии ноҳияи Дарвоз фаро гирифта мешаванд.
Дар деҳаи Дашти Ҷамоати деҳоти ба номи Рустамбек Юсуфбеков аз корхонаи коркарди “Ангат” боздид намуда аз таъсиси чунин корхона изҳори қаноатмандӣ намуданд.Вазири вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир зимни боздид афзуданд, ки ҷиҳати бозоргир гардидани маҳсулоти ангат корхона дастгирӣ ёфта, ҷиҳати ҳамкориҳои дуҷониба байни корхонаи коркарди ангати ноҳияи Ишкошим бо корхонаи коркарди ноҳияи Дарвоз тавсияҳои муфид доданд.
Ҳамчунин дар аснои сафари корӣ азгуруҳи корӣ рафти заминҳои кишти картошкаи деҳаи Дашт боздид намуданд.
Дар Ҷамоати деҳоти Птуп вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир ва гуруҳи корӣ аз рафти корҳои сохтмонии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 13 –и деҳаи Птупи Ҷамоати деҳоти Птуп дидан намуда, вобаста ба босифат анҷом додани корҳои сохтмонӣ бо маъсулин суҳбат анҷом доданд.
Дар деҳаи Зугванди Ҷамоати деҳоти Зонг аз боғи мевадори бунёдшуда дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд, ки тариқи насоси офтобӣ ба роҳмонда шудааст аз наздик дидан намуда, аз рафти корҳои анҷомдодашуда изҳори қаноатмандӣ карданд.Ҳамчунин бо саҳмдорони боғи мазкур мулоқоти кутоҳ анҷом дода, ҷиҳати нигоҳдории боғ дастуру тавсияҳои судманд доданд.
Дар деҳаи Авҷи Ҷамоати деҳоти ба номи Рустамбек Юсуфбеков аз корхонаи коркарди гиёҳҳои дорувории Давлатмамадов Ширинбек дидан намуда, вобаста ба аҳамияти шифобахшии гиёҳҳои ҷамъоварда Давлатмамадов Ширинбек ба гуруҳи корӣ маълумот доданд.