Дар таърихи 18 уми октябр раиси ноҳияи Ишкошим Мирзозода Мусо Одинамуҳаммад бо намояндагони Бунёди Миллии Маблағгузории Иҷтимоии Тоҷикистон суҳбату мулоқоти судманд анҷом доданд. Дар рафти мулоқот қайд гардид, ки мақсади роҳандозӣ намудани Лоиҳаи таҳкими устувории иҷтимоӣ –иқтисодӣ, ки аз ҷониби Бунёди Миллии Маблағгузории Иҷтимоии Тоҷикистон бо маблағгузории Бонки умумиҷаҳонӣ татбиқ гардида,беҳтар намудани инфрасохтор ва хизматрасониҳоии маҳаллӣ мебошад.Ҳамчунин масъулин қайд намуданд, ки Лоиҳаи мазкур ба ҷавонон имкон медиҳад, ки малакаҳои худро баланд бардошта ва фаъолияти иқтисодиро шуруъ намоянд.
Мирзозода Мусо Одинамуҳаммад барои чунин ҳамкориҳои мутақобилан судманд ба намояндагони Бунёди Миллии Маблағгузории Иҷтимоии Тоҷикистон минҷумла масъулини Лоиҳаи таҳкими устувории иҷтимоӣ –иқтисодӣ сипосу миннатдорӣ баён намуданд.