Бояд тазаккур дод, ки Лоиҳаи таҳкими устувории иҷтимоӣ –иқтисодӣ, ки аз ҷониби Бунёди Миллии Маблағгузории Иҷтимоии Тоҷикистон бо маблағгузории Бонки умумиҷаҳонӣ татбиқ гардидааст дар ноҳияи Ишкошим ҷамоатҳои деҳоти ба номи Аскар Замиров, Рустамбек Юсуфбеков, Қозидеҳ ва Птуп роҳандозӣ намудани лоиҳаи зикршуда ба нақша гирифта шудааст.Аз ин лиҳоз дар маҷлисгоҳи Ҷамоати деҳоти ба номи Рустамбек Юсуфбеков семинари омӯзиши бо ҷалби ҷавонон, Кумитаҳои деҳотӣ баргузор гардид.Дар ифтитоҳи семинар муовини якуми раиси ноҳияи Ишкошим Некқадамзода Илол суханронӣ намуда ба намояндагони Бунёди Миллии Маблағгузории Иҷтимоии Тоҷикистон алалхусус маъсулини Лоиҳаи таҳкими устувории иҷтимоӣ –иқтисодӣ аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим изҳори сипос намуданд. Шарипов Ҳукуматшо роҳбари Ассосатсияи хоҷагии деҳқонӣ оид ба мақсад ва самтҳои афзалиятноки Лоиҳа суханронӣ намуданд.Ҳакимова Санавбар сармутахассиси Бунёди Миллии Маблағгузории Иҷтимоии Тоҷикистон оид ба рушди ҷомеа баромад намуда қайд намуданд, ки дар баробари амалӣ намудани лоиҳа ба инфрасохтори деҳот беҳбудӣ бахшида, дар ин замина метавонанд, қишри ҷавони ҷомеа фаъолияти иқтисодии худро идома бидиҳанд.