• Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Суроға
  • Харитаи сомона
Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим

Menu
  • Дар бораи ноҳия
    • Маълумот
      • Таърих
      • Сохтори маъмури-ҳудудӣ
      • Ҳамкорҳои байналмилалӣ
      • Нишондодҳои рушд
    • Ҷамоатҳо
      • Ҷамоати деҳоти Зонги
      • Ҷамоати деҳоти ба номи Рустамбек Юсуфбеков
      • Ҷамоати деҳоти Қозидеҳ
      • Ҷамоати деҳоти Вранг
      • Ҷамоати деҳоти Шитхарв
      • Ҷамоати деҳоти ба номи Аскар Замиров
      • Ҷамоати деҳоти Птуп
    • Ташкилотҳои ноҳиявӣ
      • Муассисаҳои калон ва шӯъбаи молиявӣ
      • Идораҳо
      • Бонкҳо
      • Театрҳо
      • Осорхонаҳо
      • Боғҳо ва ҷойҳои фарҳангӣ
      • Мактабҳои олӣ
      • Мактабҳои варзишӣ
      • Бозорҳо
    • Маълумоти оморӣ ва таҳлилӣ
      • Маълумотҳои оморӣ
      • Нишондодҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ
      • Ҳисоботҳо
  • Мақомоти иҷроия
    • Маълумот
      • Сохтор
      • Раиси ноҳия
      • Муовинони раиси ноҳия
      • Раисони ҷамоатҳо
      • Роҳбарони сохтори давлатӣ
      • Бахшу шуъбаҳо
      • Низомномаи ноҳия
      • Суроға
    • Фаъолият
      • Реҷаи корӣ
      • Тартиби воридшавии дархостҳо
      • Изҳороти расмӣ
      • Суханрониҳои раиси ноҳия
      • Нақшаҳо
      • Барномаҳои давлатӣ
      • Барномаҳои минтақавӣ
      • Вохӯри бо ҷамоат
      • Стратегияи амалҳо
  • Ҳуҷҷатҳо
    • Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
      • Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон
      • Дар бораи Ҳукумати электронӣ
  • Маълумот
    • Фаъолияти вакилон
      • Аъзоёни шӯроъ
      • Фаъолияти Шӯроъ
      • Фаъолияти намояндагон
      • Намояндагони халқӣ
      • Рӯзномаи иҷлосияҳо
      • Комиссияҳои доимӣ
    • Маълумот
      • Хабарҳо
      • Эълонҳо
      • Рӯйдодҳо
      • Кушодашавии озмунҳо ва тендерҳо
      • Ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ
      • Рӯйхати маълумотҳо, ба руйхат дохил намудани маълумотҳои махфӣ
  • Алоқа
    • Алоқа бо воситаи сомона
      • Харитаи сомона
      • Саволҳо ва ҷавобҳо
      • Форум
      • Муроҷиат
    • Маълумотҳои тамосӣ
      • Суроға
      • Рузҳои қабули шаҳрвандон
      • Тартиби воридшавии дархостҳо
      • Низомномаи муроҷиати шаҳрвандон
      • Телефонҳои боварии идораҳо
      • Низомномаи телефони боварӣ
      • Низомномаи телефони ягона
  • ТоҷикӣТоҷикӣ
    • РусскийРусский
    • EnglishEnglish
Menu
Posted on 05.10.202105.10.2021 by ishkoshim

          Ҳамдиёрони азиз!
Ҷашн гирифтани “Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” яке аз падидаҳои мубораки дарвони соҳибистиқлолии кишварамон буда, он дар баробари дигар санаҳои миллию таърихиамон ҳамасола санаи 5 октябр ҷашн гирифта мешавад.
Аз ин рӯ ба ин муносибат тамоми мардуми ноҳия ва ҳамдиёрони бурунмарзиро табрику таҳният намуда, ба ҳар яки Шумо сиҳатмандӣ, умри баркамол, рӯзгори пурфайзу обод ва дар кору фаъолияти доимиатон комёбиву муваффақият таманно менамоям.
Забони нобу шевои тоҷикӣ – мероси бузурги ниёгони некноми мо бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои зиёд ҳамчун риштаи пайванди насл ба насли миллат аз ҳазорсолаҳои дур бо давлати соҳибистиқлоли тоҷикон омада расидааст ва решаҳои миллатамонро оби ҳаётбахш додааст.
Зеро дар ин рӯз ба забони модариамон чун ба модари худ арҷ гузошта,бо қалбҳои саршор аз меҳру ифтихор ҳофизаи таърихии худамонро варақгардон менамоему роҳи пурпечу фарози тайнамудаи забону фарҳангамонро пеши назар меорем, то ин ки аз бурду бохти таърихии хеш сабақ омӯзем.
Барои гузаштагони мо ифтихор аз Ватан ва забон доимо ангезандаи эҳсоси олӣ буда, дар ҳама давру замон, аз ҷумлаи мафҳумҳои муқаддастарин арзёбӣ гардидаанд.
Арҷгузорӣ ба забони давлатӣ, ки ҳамчун рукни асосии ҳастии миллат, пойдевори устувори давлатдорӣ, таърих- фарҳангу маънавиёти халқамон нақши барҷаста дорад, вазифаи инсониву имонӣ ва виҷдонии ҳар як фарди бо нангу номус ба ҳисоб меравад.
Тавре, ки маълум аст забон ҳанӯз аз давраҳои набардҳои таърих яке аз арсаҳои муборизаи истиқлолхоҳӣ ва ватанпарстӣ будааст.Сомониён дар баробари ба даст овардани истиқлолият барои пойдории суннатҳои миллӣ ва ободонии кишвар бахусус ба хотири боло бурдани мақому мартабаи давлат ва забону фарҳанги мардуми хеш аз ҳамаи имкониятҳо истифода намуда, донишмандону шоирон ва адибонро дар марказ ҷамъ оварда буданд.
Ҳамин сиёсати фарҳангии давлатдории Сомониён буд, ки дар он даврони таърихӣ бо забони тоҷикӣ осори фаровон ва арзишманд эҷод гардидааст.Натиҷаи сиёсат ва хиради Сомониён имкон дод, ки мо имрӯз соҳиби яке аз забонҳои шево ва зебои дунё ҳастем ва барҷастатрин олимони он давраҳо ба монанди Абурайҳони Берунӣ, Абуалӣ ибни Сино, Закариёи Розӣ, Рӯдакиву Носири Хусрав, Умари Хайём ва дигар суханварону олимони бузург осори маъруфи илмии хешро бо забони ноби тоҷикӣ навишта ба тамаддуни ҷаҳонӣ муаррифӣ намудаанд. Бо ташаббуси Яъқуби Лайс шеър гуфтан бо забони тоҷикӣ оғоз гардида, қофиласолори адабиёти тоҷику форс Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ба он пояи мустаҳкам гузошт.
Тавоноӣ ва имконияти забони тоҷикӣ ба ҳадде, буд, ки дар шароитҳои носозгору сахт гузаштагони мо яке аз бузургтарин тамддунҳо, ғанитарин адабиёт, зеботарин ашъор ва муассиртарин ҳамоссаи миллии ҷаҳониро бо забони тоҷикӣ офаридаанд.
Дар тӯли садсолаҳо забони тоҷикӣ дар паҳнои бузурги тамаддуни дунё аз марзҳои Осиёи Шарқӣ ва Ҳимолой то соҳили Баҳри Миёназамин нақши байналмилалӣ дошта, ва забони мукотибаю муҳоварраи қавму миллатҳои гуногун гардид.
Воқеан забони давлатӣ инъикоскунандаи таърихи пуршебу фарози миллати бостонии мо тоҷикон мебошад. Ба ҳамин хотир, мо забонро мисли Истиқлолият, Ватан, Модар ва фарҳанг аз ҷумлаи муқаддасоти миллии худ шумурда, онро ҳамеша азизу муътабар медорем. Таърих худ гувоҳ аст, ки ҳуввияти миллӣ, фарҳанг ва оину суннатҳои мардуми бостонии мо дар ҳама давру замонҳо тавассути забон ҳифз гардидаанд.Инчунин забон омили муқтадири сарҷамъии миллат ва ҳамаи онҳоест, ки дар гӯшаҳои мухталифи олам ҳастии ин сарвати бебаҳоро пос медоранд.
Бояд ёдовар аз он гашт, ки дар баробари аз байн рафтани забон миллат низ аз байн меравад. Зеро бақои забон бақои миллат ва фанои забон фанои миллат аст.
Забон яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ буда, дар пойдор ва таҳкими давлати миллӣ мақом ва нақши муҳим дорад. Аз ин рӯ забони миллат ҳамчун бунёд ва пояи давлат маҳсуб мешавд. Забони модарии мо баъд аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон “ дар даврони соҳибистистиқлолӣ ба таври бесобиқа густариш ёфта, беш аз пеш нақшу мақом ва манзалати хешро ба ҳайси забони давлатии кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мустаҳкам менамояд, ки ин аз сиёсати бунёдкоронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кӯшишҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст.
Чуноне, ки Пешвои муаззами миллат оиди мақому манзалати забони модарӣ гуфтаанд: “Миллате, ки арзишҳои миллии хешро қадр карда наметавонад, қиммату манзалати забону миллати ғайрро низ эътироф наметавонад кард”
Аз рӯзи аввали Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрӯз таҳаввулоти муҳими сиёсиву иҷтимоӣ, иқтисодиву фарҳангӣ ҷомеаи кишварро фаро гирифтаанд. Забони миллӣ ва ташаккули мунтаззаму яквақтаи он дар баробари истиқлолияти давлатӣ нишона ё рамзи мустақилияти давлатӣ ва сиёсии кишвари соҳибистиқлол маҳсуб мешавад. Забони миллӣ – ҳамчун яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ, дар таҳким ва тақвияти давлати миллӣ мақому мартабаи баланд ва нақши муҳимро мебозад маҳз бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи октябри соли 1995 Комиссияи татбиқи Қонуни забони давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт, ки марҳилаи муҳиме буд дар таърихи бузургдошти забони миллат.

Гиромидошти забони давлатӣ яке аз руйдодҳои муҳими даврони Истиқлолият буда, мисли дигар суннатҳои бостонӣ барои тоҷикон азизу муътабар аст. Боиси ифтихор аст,ки ҷойгоҳи забони тоҷикӣ дар давраи Истиқлолият дар партави сиёсати муваффақонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Ҷаноби оли Перзиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва кӯшишҳои зиёиёни кишвар дар мақоми таърихии худ дубора эҳё ва барқарор карда мешавад.Президенти кишвар дар суханрониҳои хеш ба муносибати Рӯзи забон ва вохӯрӣ бо зиёиёни мамлакат ба забон ҳамчун рукени асосӣ ва ҳастии миллат, нишони давлатдорӣ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамин поя устувор шудааст.
Тибқи қонун забони давлатӣ дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ба таври васеъ амалӣ гардида истодааст. Мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ ва таҷлили “Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон “ ҳамчун бузургтарин падидаи даврони истиқлолият ва давраи эҳёи забони тоҷикӣ баҳо додан мумкин аст. Бесабаб нест, ки забони халқро рӯҳи халқ, ифодаи табиат ва пояи мавҷудияти он меҳисобанд.
Ба шарофати истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон забони тоҷикӣ нерӯву илҳоми тоза гирифта, имрӯз он аз минбари бонуфузтарин созмони дунё Созмони Миллали Мутаҳид баланд садо дода, шукӯҳу шӯҳрати Ватани азизамонро дар арсаи ҷаҳон боз ҳам афзунтар мегардонад.
Бинобарин мо бояд тамоми ҷаҳду талошамонро ба он равона созем, то забони шевои тоҷикӣ дар арсаи дунё ҳамеша ҳамин гуна нуфузу мақом дошта бошад, асолати худро ҳифз карда тавонад ва ба миллати шарафманди тоҷик хизмат намояд.
Дар фарҷом бори дигар Рӯзи забони давлатиро ба ҳар кадоми Шумо муборак гуфта, саодатмандӣ ва хуҷастарӯзии шуморо хоҳонам ҳамдиёрони азиз!

Добавить комментарий Отменить ответ

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Рубрики

  • Маориф (1)
  • Нақлиёт (1)
  • Паём ва суханрониҳои Президент (8)
  • Фарҳанг (2)
  • Хабарҳо (795)
  • Эълонҳо (1)
Октябр 2021
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
« Сен   Ноя »
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Суроға

Ҷумҳурии Тоҷикистон

тел:

факс:

почтаи эелектрони:

Омор

  • 0
  • 53
  • 15 981
  • 530 161
  • 99 686
  • 17
  • 822
  • 0
  • 30.04.2025

Пурсиш

Извините, в настоящее время нет доступных опросов.
  • Архив опросов
©2025 Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим | Таҳия шуд дар tojNet