Таърихи 20 уми сентябр дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим иҷлосияи ҳаштум (даъвати шашум)-и Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ишкошим баргузор гардид. Ба иҷлосия муовини якуми раиси ноҳия, муовини раиси ноҳия, мудирони шуъбаҳо, бахшҳои дастгоҳи раиси ноҳия, воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроия, роҳбарони идораю муассисаҳо, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои низомӣ, раисони ҷамоатҳо, ки вакил нестанд даъват шудаанд. Ба муҳокимаи иҷлосияи ҳаштум (даъвати шашум)-и Маҷлиси вакилони халқи ноҳия масъалаҳои зерин гузошта шудаанд:
1.Дар бораи татбиқи амалии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи амнияти санитарию эпидемиологӣ” дар ноҳия ва пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ;
2.Ҳисоботи вакил аз ҳавзаи интихоботии Вранг №22 Мирбобоев Ноёбшо Мирбобоевич оид ба иҷрои вазифаҳои хизматӣ ва ваколати вакилӣ;
3.Дар бораи пешниҳоди комиссияи номгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим;
4.Тасдиқи қарорҳои раиси ноҳия, ки байни иҷлосияҳои ҳафтум ва ҳаштуми даъвати шашуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия қабул гардидаанд.