Ҳар касе ба қадри Истиқлолият мерасад,
Ӯ ба иқболу саодат мерасад.
Пояи сулҳу Истиқлолият ин осоиштагӣ дар ин сарзамини ҳамешабаҳор ба ҳадди бузург мустаҳкам гашта, онро фарзанди бузурги ин сарзамин устувор бахшид.
Дар таърихи навини Тоҷикистон 9 сентябр расман Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, ин сана барои миллати тоҷик ҷашни муқаддас маҳсуб мешавад
Тамоми сокинони кишвари озоду ободи мо имрӯз ифтихор доранд, ки дар арафаи ҷашни 30 солагии Истиқлолият қарор доранд, ва нахустин хиштҳои пойдевори истиқлолияти воқеӣ ва давлатдории миллии худро ниҳода, аз шарофати мустақилят соҳиби рамзҳои давлатӣ Парчам Нишон ва Суруди милли гардидем.
Танҳо бо роҳи Истиқлолият, якдигарфаҳмии истиқлоли кишварро муҳофизату пойдор ва ягонагии мардумро устувор карда метавонем. Бинобар ин, замоне расидааст кимо ҷавонони бонангу номуси кишвар аз ҳарвақта бояд қавитару содиқона дар атрофи Асосгузори сулҳу ваҳдати милллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун фарди ватандӯст яктану якдил муттаҳид шавему баҳри боз ҳам қавитар гардонидани , ободии Ватан кушиш ба харҷ диҳем.Чунки, ки мо ҷавонон ояндасози миллатем.Имрӯз ҷавонони мо, чун насли замони истиқлол баҳри пайваста баланд бардоштани савияи илму маърифат, маъорати касбӣ кӯшишу ғайрат намуда, ҳамчун мутахассисони варзида дар мустаҳкам намудани пояҳои ахлоқии ҷомеа ва ҳивзи Истиқлолият фаъол бошем. Мо насли наврасу ҷавон дар 30-соли Истиқлолият сиёсати хирадмандонаву дурандешона ва бунёдкоронаи Пешвои миллатро пайравӣ намуда, дар таҳкими Истиқлолият, пойдории сулҳу ваҳдат ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва пешрафту тараққиёти давлат арҷ гузошта, бо донишу маърифат ҷаҳонбинии васеъ ва заковати баланди худшиносию ватанпарасӣ барои ба кишварҳои мутамаддин баробар гардидани Тоҷикистон саҳми арзанда мегузорем.
Мо ҷавонон доимо ҳидоятҳои наҷиб ва созандаи Пешвои миллатро сармашқи кори худ намуда, бо набзи ҳайёт ва асри нав ҳамқадам ва талаботи замонро пайваста эҳсос менамоем ва манфияти миллату амнияти давлати соҳибистиқлоли кишвари азизамонро барои ободу зебо гардонидан ҳама вахт кӯшиш мекунем. Ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузории мусобиқаҳои варзиши аз намуди волейбол, тениси руйи миз,гуштини миллӣ, футбол шоҳмот байни деҳа ба деҳа гузаштаистодаст яъне ҷавонони мо давомдиҳандагони кору фаъолияти насли калонсол, неруи тавоно ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа , ояндаи давлат мебошанд.Ҷавонон дар ҷаҳони муосир ҳамчун Қувваи бузурги пешбаранда ва бунёдгар эътироф шуданнд.
То ҷашни 30 солагии Истиқлолият варзиши ноҳияи Ишкошим аз намуди варзиши сабук дар Ҷумҳури иштирок намуда сазовори 11 медали тилло ва 18 медали нуқра гардидан.
Сарвати беҳтарини халқамон, ин Истиқлолият ва ягонагист. Имрӯз ҳар яки мо бояд Истиқлолият ва сулҳу суботро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем. Истиқлолият ин шукуфои Ватан аст. Ин санаи тақдирсоз аввали моҳи сентябри соли 1991 ба вуқуъ пайваст ва 9 сентябр расман рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоқикистон қабул гардид.Аз ҳамон вақт то имрӯз ин санаи муборак барои миллати тоҷик иди муқаддас мебошад. Даврони Истиқлолият барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, то ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯйи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дуняви интихоб намоем.
Истиқлолият барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фаҳрангиро омӯзонда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид.Истиқлолият барои мо нишони барҷастагӣ, пойдороии давлат, бақои симои миллат, рамзи ҳасолату ҳувият ва ормонҳои таърихи ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқололи Тоҷикистон мебошад.
Ҳар сол 9-сентябр мо ин рӯзро бо шукуҳу шаҳомати хоса ҷашн мегирем.Аз он ифтихор дорем, ки Ватани маҳбубамон рӯз то рӯз ободу зебо гардида истодааст.Воқеан ҳамаи пешрафту комёбиҳо ва рушди босуботи кишвари азизамон аз баракати Истиқлолият манша мегирад.Дар охир кулли ҳамватанонро ба рӯзи пурифтихор 30–солагии Истиқлолият табрик гуфта, ҳамеша дар корҳои созандагию ободкори ва рушду нумуи ҷомеа барору комёбиҳо хоҳонам.
Рӯзи Истиқлолияти миллӣ ба тамоми мардуми Тоҷикистон ва тоҷикони бурунмарзи муборак!
Сармутахассиси бахши кор бо ҷавонон
ва варзиши ноҳияи Ишкошим Абдулрасулова Нигора