Санаи 7 уми сентябр баъд аз нисфи рӯз раиси ноҳияи Ишкошим Мирзозода Мусо Одинамуҳаммад ва намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Иззатуло Ҳабибулло ҷиҳати ифтитоҳи иншоотӣ ҷашнӣ ба Ҷамоати деҳоти ба номи Аскар Замиров сафари корӣ анҷом доданд.Дар деҳаи Андароби Ҷамоати деҳоти ба номи Аскар Замиров ҳаммоми замонавӣ, ки онро соҳибкор Асаддулоев Шаъбон бунёд намудааст мавриди ба истифода шуда, ҳайати расмӣ аз рафти корҳои сохтмонии ин иншоот дидан намуда изҳори қаноатмандӣ намуданд.Ҳамчунин дар деҳаи Гармчашма меҳмонхонаи соҳибкор Пайшанбиев Залон, ки иборат аз ду ошёна бунёд гардидааст мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Раиси ноҳияи Ишкошим Мирзозода Мусо Одинамуҳаммад ва намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Иззатуло Ҳабибулло раиси ноҳияи Ишкошим Мирзозода Мусо Одинамуҳаммад ва намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Иззатуло Ҳабибулло суханронӣ намуда ҳамагонро ба фарорасии ҷашни фархудаи миллӣ 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният намуданд.