• Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Суроға
  • Харитаи сомона
Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим

Menu
  • Дар бораи ноҳия
    • Маълумот
      • Таърих
      • Сохтори маъмури-ҳудудӣ
      • Ҳамкорҳои байналмилалӣ
      • Нишондодҳои рушд
    • Ҷамоатҳо
      • Ҷамоати деҳоти Зонги
      • Ҷамоати деҳоти ба номи Рустамбек Юсуфбеков
      • Ҷамоати деҳоти Қозидеҳ
      • Ҷамоати деҳоти Вранг
      • Ҷамоати деҳоти Шитхарв
      • Ҷамоати деҳоти ба номи Аскар Замиров
      • Ҷамоати деҳоти Птуп
    • Ташкилотҳои ноҳиявӣ
      • Муассисаҳои калон ва шӯъбаи молиявӣ
      • Идораҳо
      • Бонкҳо
      • Театрҳо
      • Осорхонаҳо
      • Боғҳо ва ҷойҳои фарҳангӣ
      • Мактабҳои олӣ
      • Мактабҳои варзишӣ
      • Бозорҳо
    • Маълумоти оморӣ ва таҳлилӣ
      • Маълумотҳои оморӣ
      • Нишондодҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ
      • Ҳисоботҳо
  • Мақомоти иҷроия
    • Маълумот
      • Сохтор
      • Раиси ноҳия
      • Муовинони раиси ноҳия
      • Раисони ҷамоатҳо
      • Роҳбарони сохтори давлатӣ
      • Бахшу шуъбаҳо
      • Низомномаи ноҳия
      • Суроға
    • Фаъолият
      • Реҷаи корӣ
      • Тартиби воридшавии дархостҳо
      • Изҳороти расмӣ
      • Суханрониҳои раиси ноҳия
      • Нақшаҳо
      • Барномаҳои давлатӣ
      • Барномаҳои минтақавӣ
      • Вохӯри бо ҷамоат
      • Стратегияи амалҳо
  • Ҳуҷҷатҳо
    • Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
      • Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон
      • Дар бораи Ҳукумати электронӣ
  • Маълумот
    • Фаъолияти вакилон
      • Аъзоёни шӯроъ
      • Фаъолияти Шӯроъ
      • Фаъолияти намояндагон
      • Намояндагони халқӣ
      • Рӯзномаи иҷлосияҳо
      • Комиссияҳои доимӣ
    • Маълумот
      • Хабарҳо
      • Эълонҳо
      • Рӯйдодҳо
      • Кушодашавии озмунҳо ва тендерҳо
      • Ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ
      • Рӯйхати маълумотҳо, ба руйхат дохил намудани маълумотҳои махфӣ
  • Алоқа
    • Алоқа бо воситаи сомона
      • Харитаи сомона
      • Саволҳо ва ҷавобҳо
      • Форум
      • Муроҷиат
    • Маълумотҳои тамосӣ
      • Суроға
      • Рузҳои қабули шаҳрвандон
      • Тартиби воридшавии дархостҳо
      • Низомномаи муроҷиати шаҳрвандон
      • Телефонҳои боварии идораҳо
      • Низомномаи телефони боварӣ
      • Низомномаи телефони ягона
  • ТоҷикӣТоҷикӣ
    • РусскийРусский
    • EnglishEnglish
Menu
Posted on 06.09.2021 by ishkoshim

 

 

 

    Табрикотӣ
раиси ноҳияи Ишкошим Мирзозода Мусо Одинамуҳаммад дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳозирини гиромӣ!
Ҳамдиёрони азиз!

           Фаро расидани ҷашни пуршукӯҳу муқаддаси мо тоҷикон, ҷашни тақдирсозу ҷашни шодиофарин, яъне ҷашни мубораки 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба тамоми мардуми баландахтари кишвари азизамон,тамоми тоҷикону тоҷикистониён ва мардуми сарбаланду баору номуси Ишкошимзамин табрику таҳният гуфта, ба ҳамагон осмони софу беғубор ва ҳаёти хушу гувороро орзӯ менамоям.
Вожаи муқаддаси “Истиқлолият” дар Фарҳанги забони тоҷикӣ ба маънои “мустақил ва озод будан дар ҳар кор”,аз он ҷумла ватандор буданро ифода менамояд.Ин вожаи муқаддас ҳамчунин ба маъноҳои “соҳибихтиёрӣ ва бе мудохилаи касе” буданро ҳам ифода мекунад, ки он аз назари соҳибдилон як ганҷи бузурге аз ганҷинаҳои додаи Офаридагор ба мардуми назаркардаи Яздони пок ба ташбеҳ дода шудааст.
Ба қавли суханвари бузурге, ки барҳақ зебо нигошта:
“Чист Истиқлол, иззат доштан,
Бар диёри худ муҳаббат доштан”.
-чун намунае аз истиқлолиятҳои ақлонӣ ва андеша намудан ба набудани дастнигар ба қавме ва ё миллати дигаре ва ё ашхоси ғайре дар ҷаҳони зуд тағйирёбанда мебошад.
Агар таърихи Истиқлолияти давлатии мо ҳамагӣ сӣ сол бошад,аммо умри миллат ва таърихи давлатдории мо ҳазорсолаҳоро дарбар гирифтааст.Мардуми мо ҳанӯз аз гузаштаи дур ҳамчун мардуми соҳибватан ва давлатсоз буда,ниёгони мо дар саргаҳи давлатдорӣ қарор доштанд ва намунаҳои нахустин давлатҳои мутамарказро ба ҷаҳониён эҳдо карданд.Аммо дар натиҷаи тохтутозҳои бегонагону аҷнабиён халқи тоҷик як муддати тӯлонӣ аз идоракунии мустақилонаи давлатдории худ маҳрум монда буд.
Дар тӯли таърихи куҳан миллати тоҷик барои соҳибистиқлолиро ба даст даровардан чӣ талошҳое варзида ва чӣ ҷонбозиҳои зиёде намудааст..Ин халқи дар гузашта ормонӣ ҳамаи сахтиву ҷафоҳоро ба хотири таъсиси як давлати мутамаркази тоҷикон таҳаммул намудаст.
Танҳо дар асри 9 ба миллати мо муяссар гардид,ки як давлати мутамаркази тоҷиконро бо забони давлатии тоҷикӣ поягузорӣ намояд ва баъдан ин давлат тавонист муддати сад сол пойбарҷову устувор бимонад.Вале чархи тақдир баъди сад соли давлати Сомониён боз зимоми давлатдории ин миллатро ба дасти бегонагону аҷнабиён дод,боз сарсониву саргардонӣ ва бедавлатӣ дунболгири миллати ҷафокашидаи тоҷик гардид.
Танҳо баъд аз ҳазор сол бахт ба рӯйи халқи куҳанфарҳангу куҳантамаддуни тоҷик дари иқболро боз намуд.
Рӯзи 9-сентябри соли 1991 дар китоби таърихи миллати тоҷик саҳифаи наве бо хати зарҳал кушода шуда,чархи сарнавишт дубора ба муроди мардуми тоҷик давр зада,тоҷикон соҳиби Истиқлол ва давлати мустақил шуданд.Дар ин руз халқи тоҷик, давлати тоҷикон ба маънои том соҳиби давлати соҳибистиқлол гардиданд.Инак имрӯз Тоҷикистони азиз 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии худро сипарӣ менамояд.
Мутаассифона баъди ба даст овардани Истиқлолият кишвари азизи мо бар асари дахолати ошкоро ва пинҳонии баъзе аз хайрнохоҳони миллатамон аз хориҷи кишвар ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гирифтор гардид.
Дар он давра миллати бузурги тоҷик таҳти ҳидоятҳои фарзанди сарсупурдаи миллат,Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ,Пешвои муаззами миллат,Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як муддати барои таърих ниҳоят кӯтоҳ тавонист бо хираду шуури азалии хеш кишварро аз ин гирдоб берун намояд ва сулҳу салоҳ дар кишвар барқарор гардад. Миллати тоҷик бо сарваре,ки халқаш ба ӯ бовар дошт,сарваре,ки аз худ гузаштаву тамоми ҳастиашро баҳри Ватану халқи худ бахшида буд ва барҳақ сарвари мардумӣ буд,тавонист як таҷрибаи нодири сулҳофариро ба оламиён пешкаш намояд.
Имрӯз мардуми дунё таҷрибаи сулҳи тоҷиконро меомӯзанд,ки ин боиси ифтихори ҳар тоҷику тоҷикистонӣ мебошад.Баъд аз ба имзо расидани созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,мардуми кишвар бо маром корро пайи барқарорсозии оқибатҳои ҷанги таҳмилӣ шурӯъ намуда,ин иқдом низ натиҷаҳои мусбатро рӯйи кор овард.
Имрӯз вақте сухан аз Истиқлолияти давлатӣ меравад,ба қавли Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ,Пешвои муаззами миллат,Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Он на санаи бори аввал соҳибдавлат шудани тоҷикон,балки санаи эҳёи Истиқлолияти давлати тоҷикон мебошад”.Яъне миллати куҳанбунёду соҳибдавлати тоҷик бори дигар баъд аз ҳазор сол соҳиби давлатдории миллии мустақили гардид.
Муҳимтарин комёбии дар тӯли 30 соли Истиқлолият ба дастовардаи мо аз хатари нестӣ наҷот ёфтани давлатдории миллии тоҷикон аст ва он музаффарияти асосию меҳварии таърихи дирӯзу имрӯзи мо мебошад.
Шурӯъ аз соли 2000 дар кишвар бозсозии тамоми соҳаҳо оғоз гардида,он низ натиҷаҳои дилхоҳро ба бор овард.Нурҳои ҳаётбахши Истиқлол то ба кучактарин маҳалу мавзеи кишварамон, аз ҷумла ба ноҳияи Ишкошим низ расида,он тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ ба тамом дигаргун гашта,имрӯз ба як тарзи шинохтанашаванда ва ҳайратовар дар қатори дигар ноҳияҳои ҳамтои худ дар як саф қарор гирифта,дар ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии он пешравиҳои назаррас ба амал омаданд.
Дар замони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишондиҳандаҳои иқтисодии ноҳия афзоиш ёфта, саҳти зиндагии сокинон ба маротиб боло рафт, бахусус ҳаҷми маблағгузории буҷети маҳаллӣ дар соли 2021 нисбат ба соли 1995 ба андозаи 1700 маротиба зиёд гардид, яъне агар дар соли 1995 ҳаҷми буҷети маҳаллӣ 20 ҳазору 408 сомониро ташкил дода бошад, дар соли 2021 нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ ба 36 миллиону 61 ҳазору 671 сомонӣ расонида шуд.
Маҷмӯи маҳсулоти минтақавии ноҳия нисбат ба соли 1991 4,8 баробар афзоиш ёфта, ин нишондиҳанда дар соли 2021 аз 15 млн 700 ҳазори сомонии соли 1991 – ум ба 76 млн 900 ҳазор сомонӣ расид.
Дар зарфи 30 – соли Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳия зиёда аз 140 адад иншооту биноҳои таъиноти гуногун бо харҷи зиёда аз 132 миллион сомонӣ сохта ба истифода дода шуданд,аз ҷумла бинои маъмурии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим,бунёди мактаб ва синфхонаҳои иловагӣ,манзилҳои истиқомативу нуқтаҳои хизматрасонӣ ба монанди меҳмонхонаҳо,сартарошхона ва ҳаммом, хатҳои оби нӯшокӣ,хонаҳои истиқоматии соҳавӣ, бинои маъмурии филиали 72 Бонки давлатии амонатгузории “Амонатбонк”,гузаргоҳи гумрукӣ дар деҳаи Лангар,пул аз болои дарёи Панҷ дар маркази ноҳия,бинои маркази инкишофи кӯдакон,биноҳои анборхона барои нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ, дидбонгоҳҳои мавзеи Харгӯшӣ,Ширгин,Вранг, бино барои шуъбачаи Вазорати корҳои дохилӣ дар деҳаи Вранг, майдончаҳои варзишӣ дар алоҳида деҳаҳои аҳолинишин ва ғайра мебошанд.
Илова бар ин дар қисми дигари иншоотҳои муҳими хоҷагии халқ ба монанди варзишгоҳ барои 4,0 ҳазор ҷойи нишаст бо маблағӣ 11,7 млн сомонӣ, дидбонгоҳи сарҳадӣ дар деҳаи Лангар бо арзиши 6,2 млн сомонӣ, беморхонаи минтақавии деҳаи Вранг бо харҷи 6,0 млн сомонӣ, сохтмони муассисаи таҳсилоти умумии № 21 ба маблағи 24,0 млн сомонӣ ва сохтмони хонаи фарҳанг дар деҳаи Лангар бо арзиши 1,7 млн сомонӣ корҳо идома дошта, дар муҳлатҳои муқарраргардида ба истифода дода мешаванд, ки дар заминаи ин навгониҳо ҷойҳои нави корӣ таъсис ёфта, хизматрасонӣ дар соҳаҳо беҳтар гардида, шароиту имкониятҳо васеътар хоҳанд гашт.
Дар соҳаи роҳдорӣ низ дар тули 30 – соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷаҳои мусбӣ рӯйи кор омаданд.
Дар ин давра ҳаҷми маблағгузорӣ ба мақсади таъмиру нигоҳдории роҳҳои автомабилгард зиёд гардида, имрӯз буҷети муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия ба 1,5 млн сомонӣ баробар гардидааст. Бо беҳбудӣ ёфтани маблағгузорӣ ба соҳа корҳо дар самти таъмиру азнавсозӣ дар алоҳида мавзеъҳо амалӣ гардида, пулҳои мошингузари байни деҳаҳо вобаста ба шароиту имкониятҳо аз таъмири ҷорӣ бароварда шуданд.
Бо ташаббус ва ғамхории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақсади беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ кӯчаҳои маркази ноҳия дар масофаи 4,5 км мумфарш ва чароғон карда шуда, дар маҳаллаи “Истиқлол” 674 метр роҳи мошингузар бунёд гардид, ки дар маҷмӯъ аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ давлатӣ ба ин ҳадаф7,5 млн сомонӣ равона гардид.
Ҷиҳати беҳтар намудани нигоҳдории роҳҳо ва дастрасӣ доштани муассиса ба техникаву лавозимот аз ҷониби Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2019 ба муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия 5 адад техникаҳои махсус бо арзиши 4,1 млн сомнӣ ҷудо гардид.
Дар даврони Истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат, яъне баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ба натиҷаҳои назаррас дар ҳадафи дигари гузошташудаи хеш, бахусус расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ноил гардид, ки дар заминаи он хизматрасонӣ ба барқтаъминкунӣ хело беҳтар гардид.
Дар ин самт дар ноҳияи мо иқтидорҳои истеҳсолии низоми энергетикӣ дар ҳаҷми зиёда аз 12,0млн кВт соат зиёд гардида, беш аз 205,0 километр хатҳои интиқоли барқӣ сохта ва таъмиру азнавсозӣ гардиданд.
Ба мақсади барқтаъминкунӣ дар ноҳия дар заминаи шароити мусоид муҳайё гардидан аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии шарикони рушд ҷиҳати таъмиру аз навсозии НБО Отамбеков зиёда аз 11,0 млн сомонӣ равона гардида, иқтидори истеҳсолии ин нерӯгоҳ аз 900 кВт ба 1900 кВт расонида шуд, ки аз ҳолати аввала дида, иқтидори истеҳсолии ҳар як агрегат 500 кВт соат нерӯи барқ зиёд гардида, дар сол аз 10,0 то 12,0 миллион кВт соат қувваи барқро истеҳсол менамояд.
Илова ба ин бунёд гардидани зеристгоҳи 35 киловатаи деҳаҳои Птуп – Вранг, азнавсозии зеристгоҳҳои Андаробу Ишкошим аз дастовардҳои асосии барқтаъминкунӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ ба шумор мераванд.
Ҳадафи стратегии дигар, ки ба таъсиси ҷойҳои корӣ таъсири бевосита мерасонад, ҳифзи амнияти озуқаворӣ тавассути рушди соҳаи кишоварзӣ мебошад. Ба мақсади таъмин намудани пешрафти соҳаи кишоварзӣ ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ аз ҳисоби лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ ва буҷети давлатӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ беш аз 25,0 млн сомонӣ равона карда шудааст. Дар натиҷаи тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ 3,8 баробар зиёд гардид, яъне аз 2154,4 ҳазор сомонии соли 1991 ба 56696,0 ҳазор сомонӣ дар соли 2020 расонида шуда, истеҳсоли маҳсулоти соҳа мунтазам афзоиш ёфта истодааст.
Лоиҳаҳои амалигардида дар соҳаи кишоварзӣ, ки аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо маблағгузорӣ гардиданд, асосан ба самти боғу ҷангалпарварӣ, бунёд намудани гармхонаҳо, соҳилмустаҳкамкунӣ, таъмиру барқароркунии иншоотҳои ирригатсионӣ, беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо ва зиёд намудани саршумори моли майда ва шохдори калон равона карда шуданд, аз ҷумла бо ҷалби маблағҳои буҷети давлатӣ ва инвеститсияи хориҷӣ танҳо барои соҳилмустаҳкамкунӣ дар алоҳида мавзеъҳои хавфнок бо маблағи 5,4 млн сомонӣ корҳои зарурӣ амалӣ гардиданд (мавзеъҳои Исор, Зонг, Зугванд, Вранг ва Туғгоз).
Чуноне ки Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 26 декабри соли 2018 дар паёми худ ба Маҷлиси Олӣ қайд намуданд: қабули “Барномаи ислоҳоти соҳаи оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 – 2025”, ки ҳадафи асосии он гузариш ба идоракунии муосири захираҳои об ва ҷалби сармоягузориҳои нав барои ҳалли мушкилоти об дар кишвар ба ҳисоб меравад, иқдоми саривақтӣ буда, яке аз масъалаҳои асосие, ки таваҷҷуҳи махсусро талаб менамояд, таъминоти аҳолӣ бо оби босифати ошомиданӣ мебошад.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд аз соли 2001 то соли 2021 татбиқи зиёда аз 16 адад лоиҳаҳои сармоягузориро дар самти обтаъминкунии аҳолӣ дар ҳаҷми зиёда 9,9 млн сомонӣ оғоз намуд, ки зиёда аз 90,0 фоизи онҳо то имрӯз амалӣ гардида ва дар натиҷа мо тавонистем аз 45 адад деҳаҳои аҳолинишин аҳолии 23 адад деҳаҳоро бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин намоем. Бо ҳисоби миёна дастрасӣ доштани аҳолӣ бо оби тозаи нӯшокӣ 63,0 фоизро ташкил медиҳад ва алҳол сохтмони хатҳои оби нӯшокӣ дар 4 деҳа оғоз гардиданд.
Дар маҷмӯъ аз соли 2001 то соли 2021 дар ноҳия ба масофаи 136,7 километр хатҳои оби нӯшокӣ бо харҷи 9 млн 958 ҳазор сомонӣ гузаронида шудааст.
Ислоҳоти иқтисодии тайи солҳои соҳибистиқлолӣ амалишуда ба беҳтар гардидани фазои соҳибкориву сармоягузорӣ такони ҷиддӣ бахшида, соҳаи соҳибкорӣ яку якбора рушд намуд.
Қобили зикр аст, соҳибкорони ноҳия дар татбиқи афзалиятҳои муайянкардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус доир ба рушди босуботи иқтисодӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, афзоиши даромади аҳолӣ, инчунин, анҷом додани корҳои созандагӣ ва хайру эҳсонкорӣ фаъолона иштирок менамоянд.
Дар натиҷаи ислоҳот ва тадбирҳои амалигардида шумораи субъектҳои соҳибкорӣ соли 2021 ба 280 нафар расонида шуд, ки нисбат ба соли 2000 – ум 220 нафар зиёд мебошад.
Фаъолияти соҳибкорӣ ҳамеша зери таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, барои тақвият бахшидан ба рушди соҳибкорӣ солҳои 2019 – 2020 тамоми санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ манъ гардида, дар ин самт мораторий эълон гардид.
Дар қатори дигар соҳаҳо дар соҳаи хизматрасонии бонкӣ дар давоми 30 – соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироти куллӣ ба миён омада, хизматрасонӣ ба аҳолӣ хело хуб гардид. Бояд зикр намуд, ки низоми бонкӣ дар таъмини кардани рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳия, бахусус пешрафти воқеии иқтисодиёт, таъсиси ҷойҳои кории нав ва васеъ намудани манбаъҳои иловагии даромади буҷети маҳаллӣ нақши муҳим мебозад.
Сол то сол дастгирии молиявӣ аз ҷониби бонкҳо ба аҳолӣ беҳтар гардида, намудҳои гуногуни қарзҳои бонкӣ ба мизоҷон пешниҳод гардидааст. Бо беҳтар гардидани хизматрасонии бонкӣ дар ноҳия боварию эътимоди аҳолӣ ба бонкҳо ба маротиб зиёд гардидааст. Имрӯз аҳолӣ бо дили пур маблағҳои озоди худро ҳамчун пасандоз дар бонкҳо нигоҳ дошта, аз ҳисоби фоизи бонкӣ даромади иловагӣ гирифта истоданд.
Интиқоли маблағ аз дохил ва хориҷи кишвар тавассути бонкҳо дар муқоиса ба солҳои қаблӣ хело зиёд гардида, дар соли 2020 ба 26,6 млн сомонӣ баробар гардид.
Дар ин давра соҳаҳои муҳими иҷтимоӣ,аз ҷумла маорифу илм,тандурустӣ ва фарҳангу варзиш ба маҷрои куллан нав ворид гардида,рӯз то рӯз пеш рафта истодаанд.
Маблағгузорӣ ба соҳаи тандурустии кишвар солҳои охир ба таври назаррас афзуда,ин нишондиҳанда дар соли 2021 зиёда аз 7,4 миллион сомониро ташкил медиҳад,ки нисбат ба соли 1992 – юм 800 баробар зиёд мебошад.
Дар ин муддат дар ноҳия марказҳои саломатӣ ва бунгоҳҳои тиббӣ сохта шуда,касалхона ва маркази саломатии маркази ноҳия мувофиқи имкониятҳо таъмир гардиданд.
Бахусус дар ин давра дар деҳаҳои Лангар, Зонг, Вранг, Шитхарв марказҳои саломатӣ бунёд гардида, дар деҳаҳои Исор, Зугванд, Дриж, Рин бунгоҳҳои тиббӣ таъмиру азнавсозӣ гардиданд.
Аз тарафи Ҳукумати кишвар айни замон сохтмони беморхонаи минтақавӣ дар деҳаи Вранг бо маблағи зиёда аз 6,0 млн сомонӣ идома дошта, соли 2017 биноҳои куҳнаи ин муассисаи тиббӣ бо маблағи 84,0 ҳазор доллари амрикоӣ таъмир гардида, ба маблағи 72 ҳазор доллар касалхонаҳои минтақавии деҳаҳои Врангу Туғгоз бо таҷҳизотҳои тиббии муосир аз тарафи шарикони рушд ҷиҳозонида шудаанд.
Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар дар ноҳия аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 19 биноҳои нави муассисаҳои таълимӣ ва синфхонаҳои иловагӣ ба маблағи беш аз 9,5 млн сомонӣ ба истифода дода шуданд.
Дар ин давра муассисаҳои таълимии №№ 8,17, 42 ва бинои иловагӣ дар назди муассисаи таълимии № 26 мавриди истифода қарор дода шуданд.
Дар давоми даврони Истиқлолият таваҷҷуҳи зиёд ба рушди маориф зоҳир гардид. Беҳтаршавии шароиту имкониятҳои соҳаи маориф шаҳодати он аст, ки хонандагони ноҳия дар озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмиллалӣ ба муваффақиятҳои назаррас ноил гаштанд.
Дар давоми солҳои Истиқлолияти давлатӣ соҳаи фарҳанг низ ба як қатор комёбиҳои назаррас ноил гардид,дар ин муддат 3 адад хонаҳои фарҳангӣ аз нав сохта шуда, хонаи фарҳангии деҳаи Зонг бо маблағи 528,0 ҳазор сомонӣ азнавсозӣ гардида, мавриди истифода қарор дода шуд.
Баъди ба даст омадани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми соҳаҳои мухталифи ноҳия чун дигар минтақаҳо корҳои бунёдкорию созандагӣ ба чашм мерасад.
Ҳамаи ин пешравиҳо,дастоварду музаффариятҳо,ки имрӯз мо ба онҳо расидаем,самари даврони соҳибистиқлолии моянд.Имрӯз маҳз Истиқлолияти комили кишвар даст дода истодааст,ки мо рушд намоем,бунёд созем ва Ватани азизамонро ба марҳилаҳои олии созандагӣ расонем.
Ифтихору сарбаландӣ, хушбахтиву хушҳолии мо дар он аст, ки тақдири имрӯзу фардои ватани азизамон – Тоҷикистони соҳибистиқлол дар ихтиёри худамон мебошад.Ҳар як фарди ватандӯсту ватанпарвар,ҳар яки мо бояд дар ин рӯзи бароямон ниҳоят муҳиму тақдирсоз амиқ дарк намоем,ки масъулияти ҳастии имрӯзу фардои ин Ватани азиз бо номи Тоҷикистонро бар дӯш дорем ва ин рисолат қарзи фарзандӣ,имонӣ ва виҷдонии ҳар яки мо мебошад.
Ҳамдиёрони азиз!
Вазъияти зуд тағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза ва давлатҳои ҳамҷаворамон ба мо сабақ медиҳад,ки суханони пурҳикмати Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ,Пешвои муаззами миллат,Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки барҳақ ба мо фармудаанд,ки “Зиракии сиёсиро ҳеҷ гоҳе аз даст надиҳед” – бояд сармашқи кору амали ҳаррӯзаи худ намоем ва бо чашми ақлу хирад ба дунё назар афканем,ки мо бояд ба таври ҳатмӣ ба қадри неъмати истиқлолият, ваҳдати миллӣ ва якпорчагии кишварамон расем ва нагузорем, ки бадхоҳони миллати сарафрози мо ин ду ганҷу гавҳари худодод -Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллии моро аз мо рабоянд ва нагузорем,ки баъзе аз ашхоси бесарнавишт ба Ватани ободу озоди мо ба чашми каҷ назар афкананд.Ҳифзи Истиқлолият ва ваҳдати миллии мо ягона хоҳиши гузаштагон ва насли имрӯзаи мо аст,ки мо бояд онро ба мисли гавҳараки чашмамон ҳифз намуда, ҳамчун амонати гузаштагон ба насли оянда вогузорем.
Бо ҳамин ниятҳои нек ҷашни фархундаи 30 – юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро бори дигар ба ҳамаи шумо ҳамдиёрони гиромиқадр таҳният гуфта,хоҳони он ҳастам,ки ҳамеша рӯзгоратон обод ва саодатмандиву пирӯзӣ насибатон бод!
Бигзор Истиқлолият дар кишвари ҳамешабаҳор ва соҳибистиқлоламон – Тоҷикистони азиз абадан пойдор ва ҷовидонӣ бошад!

Ҷашни фархундаи миллат муборак, ҳамдиёрони азиз!

Добавить комментарий Отменить ответ

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Рубрики

  • Маориф (1)
  • Нақлиёт (1)
  • Паём ва суханрониҳои Президент (8)
  • Фарҳанг (2)
  • Хабарҳо (795)
  • Эълонҳо (1)
Сентябр 2021
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
« Авг   Окт »
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
27282930  

Суроға

Ҷумҳурии Тоҷикистон

тел:

факс:

почтаи эелектрони:

Омор

  • 0
  • 53
  • 15 980
  • 530 160
  • 99 686
  • 49
  • 822
  • 0
  • 30.04.2025

Пурсиш

Извините, в настоящее время нет доступных опросов.
  • Архив опросов
©2025 Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим | Таҳия шуд дар tojNet