Табрикоти
раиси ноҳияи Ишкошим Мирзозода Мусо Одинамуҳаммад ба “Рӯзи дониш”
Омӯзгорони арҷманд!
Хонандагони азиз!
Имрӯз дар фазои идона ҳамаи Шумо кормандони соҳаи маориф, омӯзгорону хонандагонро ба “Рӯзи дониш”, ки худ дарси сулҳ ва оғози соли нави хониш аст, сидқан табрику таҳният, гуфта, пеш аз ҳама бароятон саломатӣ, умри бардавом, фазои сулҳу субот ва рӯзгори пурфайзу ободро таманно менамоям.
Оғози соли нави таҳсисли имсола ба даврае, рост омад, ки мардуми баландахтари кишвари маҳбубамон Тоҷикистон ҷашни пурифтихори миллиамон 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил менамоянд.
Дар даврони соҳибистиқлолии кишварамон бо дастгириву ғамхории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи маорифи ноҳия дар қатори дигар маорифчиёни шаҳру ноҳияҳои қаламрави ҷумҳурӣ рушд намуда, ба комёбиву муваффақиятҳои назаррас ноил гардид.
Лозим ба зикр аст, ки дар соли таҳсили 2020-2021 шумораи иштироккунандагон-хонандагони муассисаҳои таҳсилотии ноҳия дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ бо маротиб зиёд гардида, хушбахтона имсол 9 нафарашон дар озмунҳои фаннии ҷумҳуриявӣ ғолиби ҷойҳои намоён гардида, аз ин шумора бо 1 адад медали тилло, 3 адад медали нуқра ва 5 адад медали биринҷӣ ба ноҳия баргаштанд.Ҳамчунин бояд дарҷ намуд, ки дар соли таҳсили 2020-2021 8 нафар хонандагон аъзои хурди Академияи илмҳо гардида ва 350 нафар хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилотии ҳудуди ноҳия ба муассисаҳои таҳсилотии олии кишвар дохил шуда, унвони баланди донишҷӯиро гирифтанд.
Дар ҷодаи таълиму тарбияи хонандагон нақши омӯзорони муассисаҳои таҳсилотӣ хело ҳам назаррас буда, аз ин лиҳоз барояшон сипосу миннатдорӣ баён менамоям.Ва итиминони комил дорам, ки ин иқдоми худро идома дода, минбаъд низ дар ҷодаи таълиму тарбияи насли наврас, ки ояндаи Тоҷикистони азизанд натиҷаҳои самарбахшро ба даст хоҳанд овард.
Дар фарҷоми сухан бори дигар Рӯзи донишро бароятон табрик гуфта, таманнои онро дорам, ки ҳамеша сарбаланду хонаобод бошед.