Санаи 7 уми августи соли равон муовини вазири Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихони Ҷамшед ва раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон Файзов Ёдгор Доёрович аз ноҳияи Ишкошим ҷиҳати боздид аз рафти корҳои сохтмонии беморхонаи минтақавии деҳаи Вранги ноҳияи Ишкошим дидан намуданд.
Бояд қайд намуд, ки беморхонаи минтақавии деҳаи Вранги ноҳияи Ишкошим бо маблағгузории Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аз ду ошёна бо маблағи беш аз 6 миллион сомонӣ сохта шуда, ҳамчун иншооти ҷашнӣ дар арафаи ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор дода мешавад.
Зимни боздид аз ин иншооти ҷашни маълум гардид, ки дар ошёнаи якуми бино шуъбаи ёрии таъҷилӣ ва таваллудхона ҷой дода шуда, дар қисмати дуюми ошёна бошад шуъбаи ҷарроҳӣ ва бемориҳои даруна ба нақша гирифта шудааст.
Барои беҳтару бо сифат анҷом додани корҳои сохтмонӣ муовини вазири Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихони Ҷамшед ва раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон Файзов Ёдгор Доёрович ба маъсулини сохтмон супориш ва дастурҳои мушаххас доданд.