Вазъи сиёсии ҷаҳони имрӯза хело ҳам мураккабу ноором буда, гурӯҳҳои ифротӣ ва терорристон вазъияти тамоми мамлакатҳоро ноором сохта, ҳаёти осоиштаи мардумро ба ҷаҳаннам табдил медиыанд. Дар ин раванд садҳо ҳазор куштаю маъюб гашта дигарон бошанд, тарки ҷойҳои муқимии, худ карда дар ғарибӣ дар ҳолатҳои ниҳоят вазнин умр ба сар мебаранд. Бахусус чунин ҳолат дар Ховари Миёна, Сурия, Ироқ, Афғонистон ба назар мерасад ва ин ҳолат ваъзияти тамоми минтақаро хело ҳам душвору сангин менамояд. Ин тамоюлҳои манфӣ тамоми давлатҳои дунё, аз ҷумла Тоҷикистони моро ҳам ором намегузорад.
Ҳоло ҳам баъзе афроди ҷомеаи мо ба қадри сулҳу ваҳдат нарасида, бо маблағҳои бегонагон, ташвиқи бегонапарастӣ ва фарҳанги ғайри мазҳаб, гумроҳ намудани ҷавонон ва ноором сохтани вазъи орому осудаи кишварамон даст мезананд. Ҳамаи мо шоҳиди воқеаи чанд сол пеш будем, ки дар худи Тоҷикистони мо дар мавзеи Себистони ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон як гурӯҳи ифротӣ террористӣ ба шаш нафар сайёҳони хориҷӣ, ки онҳо Тоҷикистонро яке аз мавзеҳои сайёҳӣ ва кишвари орому амн шумурда буданд, ҳамла намуданд. Дар натиҷа чор нафарашон аз тарафи ин афроди бенангу номуси одамрабо ба таври ваҳшиёна бо корду табар ба қатл расонида шуда, ду нафари дигари дигар аз сайёҳон ҷароатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, ба беморхона интиқол дода шуданд. Ҳадафи асосии ин гурӯҳи ифротӣ дар содир намудани чунин ҳодисаи ваҳшатнок дар он буд, ки мехостанд вазъи орому осоиштаи кишварамонро ноором созанд ва Тоҷикистонро ҳамчун як давлати ноамну ноором барои дигар мамолики дунё муаррифӣ созанд. Ҳамаи ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки фаъолияти гуруҳҳои манфиатдор ба халалдор ва ноором сохтани ҳаёти осоиштаи сокинони кишварамон нигаронида шудаанд. Ҳарчанд, ки ин хоинони миллат аз тарафи мақомотыои қудратии давлат дастгир шуда ва муҷозоти қонунӣ гирифта бошанд ҳам, вале ба мардум зарари маънавӣ ва ба иқтисодиёти кишвар зарари моддӣ расонида, ҳамзамон мехостанд номи кишварамонро дар арсаи ҷаҳонӣ сиёҳ намоянд.
Бояд қайд намуд, ки сабаби ҳамаи ин зуҳуротҳо ҳамаи ин амалиётҳои нангин, ки аз тарафи ҷавонони гумроҳ, ки дар доми фиреби хоҷагони хориҷӣ ва душманони дохилии миллат меафтанд, ин паст будани дониши онҳо мебошад. Аз ин рӯ аҳли ҷомеа вазифадор аст, ки корҳои фаҳмондадиҳиро миёни ҷавонон ва наврасон ба миён гузоранд ва ҷавонону наврасонро аз ин роҳи хато боз гардонанд.
Зеро неъмати ватандорӣ ва ояндаи неки Ватан танҳо ба насли босавод ва ватандӯст алоқаманд мебошад. Ҷавонон ва наврасон бояд ба хотир доранд, ки қатлу куштор ва инфиҷору таркишҳои давлатҳои ҳамсоя ба монанди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ин давлатро дар чиҳил соли охир вайрону валангор намуда, ҳазорон шаҳрвандони ин давлат кушта шуда ва миллионҳо нафари онҳо сарсону саргардон дар муҳоҷирати иҷборӣ дар саросари ҷаҳон паноҳҷӯй гардидаанд.
Тоҷикистон ватани тамоми тоҷикистониён буда, он таҳти сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат бо усули дунявӣ, демократӣ бо таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои тамоми шаҳрвандон аз тарафи бештар аз 167 давлати дунё эътироф гардида, роҳи пурсаодати сулҳу амониро дар минтақа пеш мебарад.
н Ишкошим Амина Қаюмова