Дар қатори дигар шаҳру ноҳияҳои қаламрави кишвари маҳбубамон дар ноҳияи Ишкошим низ 24 умин солгарди рӯзи Ваҳдати миллӣ дар фазои идона ва бо шукуҳи хос таҷлил гардид. Нахуст аз баргузории чорабинӣ намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва дастоварҳои ноҳия ба марази тамошо гузошта шуд. Раиси ноҳия ва ҳайати расмӣ инчунин иштирокдорони чорабинӣ аз ин намоишгоҳ дидан намуданд.
Дар рафти баргузории чорабинӣ раиси ноҳияи Ишкошим Мирзозода Мусо Одинамуҳаммад баромад намуда ҳамаи сокинони ноҳияро ба ин санаи таърихи навини давлатдорӣ табрику таҳният намуданд.Раиси ноҳияи Ишкошим Мирзозода Мусо Одинамуҳаммад дар баромади худ аз саҳми босазои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими ваҳдату ягонагӣ, таъмини сулҳу субот ёдовар шуда, дарҷ намуданд, ки соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Ишкошим низ дар ин давраҳо бомаром рушд намуданд.
Баҳри фаъолияти пурсамари меҳнатӣ ва саҳми назаррас доштан дар корҳои бунёдкориву ободонӣ якқатор сокинон бо Ифтихорномаи раиси ноҳия ва мукофоти маблағи қадрдонӣ гардиданд. Дастгирии ятимону маъюбон пайваста дар мадди назари Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим қарор дошта, дар арафаи ин ҷашн аз ҷониби идораву муассиаҳои ноҳия ба 8 нафар ятимону маъюбон кӯмаки яквақтаи маблағӣ расонида шуд.
Барномаи театрикунонидашудаи аҳли ҳунари ноҳия идомагари чорабинӣ буд.