Бо мақсади сазовор ҷашн гирифтани 24 умин солгарди рӯзи Ваҳдати миллӣ тибқи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи толори ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим дар толори конфронсии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия конференсияи илмӣ –назариявӣ таҳти унвони “Нақши занон дар таҳкими Ваҳдати миллӣ” баргузор гардид. Дар конфренсияи болозикр муовини раиси ноҳия ва бонувони ноҳия иштирок намуданд.
Мудири бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Муллоева Гулшан оид ба нақши Ваҳдати миллӣ дар эъмори давлатдории навинамон инчунин рушди ноҳияи Ишкошим тайи 24 соли Ваҳдати миллӣ суханронӣ намуданд.Ҳамчунин оид ба нақши занони ноҳия дар таҳкими сиёсати давлатӣ ва ваҳдату суботи ҷомеа дар баромади худ дарҷ намуданд. Қаюмова Амина котиби маъсули рӯзномаи ноҳиявии “Зиндагӣ” ва мушовири кабинети методии шуъбаи маорифи ноҳия Муродмамадова Зумрад баромад намуданд.
Дар зимн бояд қайд намуд, ки собиқадори меҳнат Шодустмамадова Бибиҳаво аз даврони соҳибистиқлолии кишвар ва саҳми арзандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими Ваҳдати миллӣ ва таъмини сулҳу суботи ҷомеа суханронӣ намуданд.
Сайёрамо Замирова, Раҳматуллоева Басбибӣ, Отамбекова Басгул оид ба мавзӯҳои нақши босазои Ваҳдати миллӣ дар ҳаёти бонувони кишвар алахусус баромад намуданд.