Имрӯз раиси ноҳияи Ишкошим Мирзозода Мусо Одинамуҳаммад роҳбари Дафтари намояндагии Юнисеф дар Тоҷикистон Осама Маккавӣ, Алберто Бианколи – сардори бахши маорифи Юнисеф, Хуршед Душанбиев –мутахассиси бахши маорифи Юнисеф ва Аторуд Шодибек –маъсули барномаи рақамисозии системаи маориф дар Юнисефро ба ҳузур пазируфт.
Ҳамзамон бояд қайд дар доираи баргузории ин вохӯрӣ роҳбари Дафтари намояндагии Юнисеф дар Тоҷикистон Осама Маккавӣ вобаста ба ҳамкориҳои дар самти соҳаи маориф, тандурустӣ инчунин ҳуқуқи кӯдакон ва дастгирии кӯдакони имконияташон маҳдуд ва фарогири ин қишри ҷомеа ба таҳсил ва омӯзиш фарогир намудани онҳо суханронӣ намуданд.
Дар зимн бояд қайд намуд, ки дар маркази ноҳия дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 21 синфхона барои хонандагони имконияташон маҳдуд фаъолият дошта аз тарафи Дафтари намояндагии Юнисеф дар Тоҷикистон бо кӯмакҳои моддӣ таҷҳизотҳои зарурӣ дастрас гардидааст. Дар ин сафари корӣ роҳбари Дафтари намояндагии Юнисеф дар Тоҷикистон Осама Маккавӣ аз синфхонаи мазкур дидан намуда изҳори қаноатмандӣ намуданд.Ҳамчунин афзуданд, ки барои боз ҳам беҳтар гардидани кори соҳаҳои маорифу тандурустӣ чораҳои судманд ва амалӣ роҳандозӣ хоҳанд гардид.