Имрӯз дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим иҷлосияи ҳафтум (даъвати шашум)-и Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ишкошим баргузор гардид. Ба иҷлосия муовинони раиси ноҳия, мудирони шуъбаҳо, бахшҳои дастгоҳи раиси ноҳия, воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроия, роҳбарони идораю муассисаҳо, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои низомӣ, раисони ҷамоатҳои деҳот, ки вакил нестанд даъват шудаанд.
Ба муҳокимаи иҷлосияи ҳафтум (даъвати шашум)-и Маҷлиси вакилони халқи ноҳия масъалаҳои зерин гузошта шудаанд:
1.Дар бораи рафти иҷрои қарори раиси ноҳияи Ишкошим аз 18 июни соли 2018, №300 оид ба иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2018, №АП1059 ҷиҳати омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
2.Рафти иҷрои қарори раиси ноҳияи Ишкошим аз 30 июли соли 2019, №340 “Дар бораи қабули Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолии ноҳияи Ишкошим барои солҳои 2020-2022”;
3.Дар бораи ба категорияи шаҳрак мансуб гардонидани деҳаи Нуди ноҳияи Ишкошим;
4.Дар бораи пешниҳодҳои комиссияи номгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия;
5.Дар бораи тасдиқ намудани қарорҳои раиси ноҳияи Ишкошим, ки вобаста ба тағйироти кадрӣ қабул шудаанд;
6.Тасдиқи қарорҳои раиси ноҳия, ки байни иҷлосияҳои шашум ва ҳафтуми даъвати шашуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия қабул гардидаанд.
Оид ба масъалаи якум ба мудири бахши меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим Матробов В , доир ба масъалаи дуюми рӯзнома мудири шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳия Набиев Ҷ вобаста ба масъалаи сеюм ва чоруми рӯзнома раиси комиссияи номгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, муовини раиси ноҳия, вакил аз ҳавзаи интихоботии №9 Холдорзода А. Роҷеъ ба масъалаи панҷуми рӯзнома, дар бораи тасдиқ намудани қарорҳои раиси ноҳияи Ишкошим, ки вобаста ба тағйироти кадрӣ қабул шудаанд, мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳия Асанов С ва вобаста ба масъалаи шашуми рӯзнома дар бораи тасдиқ намудани қарорҳои раиси ноҳияи Ишкошим, ки дар байни иҷлосияҳои шашум ва ҳафтум (даъвати шашум)-и Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ишкошим қабул шудаанд, сухан ба роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия Некбахтшоев Н баромад намуданд.