Дар таърихи 14 уми соли равон дар толори Ҷамоати деҳоти ба номи Рустамбек Юсуфбекови Конференсияи 5 уми собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия баргузор гардид.Дар баргузории Конференсия раиси ноҳияи Ишкошим Мирзозода Мусо Одинамуҳаммад ва муовини раиси Шурои собиқадорони ҷангу меҳнати Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алибердиева Қимматгул иштирок доштанд.
Лозим ба зикр аст, ки дар конференсияи болозикр масъалаҳои зерин баррасӣ гардиданд.
1.Ҳисоботи раиси Шурои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия Азихонов Мамадсахӣ оид ба фаъолияти Шуро аз 13 июни соли 2016 то санаи 14 июни соли 2021
2.Ҳисоботи раиси тафтишотии собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия Сайдалиев Абдуллоҷон
3.Интихоб намудани ҳайати нави Пленуми Шурои собиқадорони ноҳия
4.Интихоб намудани ҳайати нави комиссияи тафтишотии собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия
5.Интихоб намудани вакилон ба Пленуми 8 уми собиқадорони ҷангу меҳнати вилоят