Санаи 14 уми соли равон дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим даври дуюми озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон –Ватани азизи ман” баргузор гардид.
Дар баргузории даври дуюми озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон –Ватани азизи ман” раиси ноҳияи Ишкошим Мирзозода Мусо Одинамуҳаммад суханронӣ намуда, барои довталабон барору комёбӣ таманно намуданд.
Рафти баргузории озмунро ҳайати ҳакамони вилоятӣ таҳти роҳбарии Сайёд Қурбонмамадов аъзоёни ҳакамон сармутахассиси шуъбаи фарҳанги Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Силкабек Одинаев, мушовири бахши бадахшонии Иттифоқи нависандагон Хушомади Алидод ва сардори Раёсати “Тоҷикфилм” дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Муборакшоев Эроншо баҳогузорӣ намуда, дар ҷамъбасти озмун ғолибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм бо Ифтихорномаи раиси ноҳия ва мукофоти маблағӣ сарфароз карда шуданд.
Инчунин барои теъдоди дигари иштирокчиён ҷиҳати иштирок дар озмун бо Ифтихономаҳо аз ҷониби шуъбаи маориф, бахши кор бо ҷавонон, бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим, бахши фарҳанг ва идораи рӯзномаи ноҳиявии “Зиндагӣ” қадрдонӣ гардиданд.