Санаи 9 июни соли 2021 роҳбари гуруҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Изатулло Ҳабибулло ва раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон ба ноҳияи Ишкошим сафари корӣ анҷом доданд.
Нахуст аз ҳама меҳмононро раиси ноҳияи Ишкошим Мирзозода Мусо Одинамуҳаммад истиқбол намуда, ташрифи онҳоро ба ноҳия хайра мақдам гуфт инчунин дар ин сафари корӣ ба онҳо барору комёбӣ таманно намуданд.
Пас аз суханронии раиси ноҳия, директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Изатулло Ҳабибулло ва раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон суханронӣ намуда, сокинони ноҳияро ба ифтихори 24 солагии Ваҳдати миллӣ ва 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, дар сатҳи зарурӣ таҷлил намудани ин ду ҷашни мубораку фархундаи миллии тоҷик аҳолиро даъват намуданд.
Дар ин сафари корӣ бо мақсади беҳтар намудани шароиту имкониятҳои корӣ барои кормандони зерсохтори Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия аз ҷониби раиси Кумита Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон ба сохтмони бинои маъмурии бахши Ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Ишкошим оғози расмӣ бахшида шуда,хишти нахустини бинои мазкур гузошта шуд.