Хиёнат ва ҷиноят
Имрӯз ТЭТ ҲНИ бо иштирок, маблағгузорӣ ва таҳти роҳбарии хадамоти махсуси хориҷӣ фаъолиятҳои ҷиноиро алайҳи Ҷ Тоҷикистон ва шаҳрвандони он, инчунин хориҷиёне, ки дар ин ҷо қарор доранд идома медиҳанд. Соли 2018 мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳури ҳамлаи террористиро дар маҳаллаи ҷойгиршавии Полки ҳарбии 201 – и Руссия дар Тоҷикистон пегшгирӣ намуд. Онро 13 нафар аъзои ТЭТ ҲНИ . ки дар назди инструкторони хориҷӣ омодагии диверсионӣ гузашта буданд мехостанд анҷом диҳанд. 29 июли соли 2018 аъзои ТЭТ ҲНИ ба сайёҳони ИМА амалиёти ваҳшиёна анҷом доданд. Дар маҷмӯъ дар тули ҷанги шаҳрвандӣ беш аз 150 шаҳрванди хориҷиро , аз ҷумла кормандони созмонҳои байналмиллалӣ, фаъолони ҳуқуқи башар, дипломатҳо, рӯзноманигорон, намояндагони дигар динҳо ва нозирони СММ ро гаравгон гирифта қатл намуданд.
ТЭТ ҲНИ , ки барангезандаи ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон буд дар ҷанги бародаркуши 5 сола зиёда аз 150 ҳазор нафар кушта шуда, 2 млн шаҳрвандон бехонаву дар монаднд. Қисми дигари одамон гуреза ва муҳоҷир шуданд.Дар баробари ин ба иқтисодиёти мамлакат ба андозаи 7-10 миллиард доллари амрикои зарари моддӣ расонида шуд. Пас аз имзои Созишномаи сулҳ 30% аъзои ҲНИ ба сохторҳои давлатӣ ва қудратӣ дохил гардиданд, вале ин ҳизб пайваста дар фикри забт намудани қудрат буд ва барои расидан ба ҳадаф аз тамоми имкониятҳо истифода менамуд. Моҳи марти соли 2015 дар ҷаласаи пинҳонӣ дар Душанбе бо иштироки раиси ҲНИТ М.Кабирӣ аъзои Шӯрои олии ҳизб, муовини вазири мудофиа А Назарзода ва баъзе фармондеҳони саҳроӣ оид ба омодагии мусаллаҳона бар зидди ҳокимияти конститутсионӣ ният намуданд. Хадамоти махсуси хориҷӣ барои ин амалиёт маблағи калон ворид намуданд. Раиси ҲНИ М.Кабириӣ зиёда аз 20 гуруҳи мусаллаҳонаи ҷиноятӣ таъсис дода 1, 200 ҳазор доллари Амрикоӣ маблағгузорӣ карда шуд. Дар ҷараёни безараргардонии ҷинояткорон беш аз 520 яроқи оташфишон, 11000 лавозимоти ҷангӣ мусодира гардида, 38 террорист бо роҳбарии А Назаров нобуд карда шуданд. 161 узви ин ҳаракати террористӣ дастгир карда шуданд, ки дар ин миён чанд нафар резидентони хориҷӣ низ буданд. Бо ин кирдорҳои террористӣ 29 сентябири соли 2015 бо қарори Суди Олии Ҷ Тоҷикистон ҲНИТ ташкилоти террористӣ эътироф карда шуда, фаъолияти он дар қаламрави Тоҷикистон манъ карда шуд. Бо мақсади ноором сохтани интихоботи парлумонӣ ва Президентӣ дар соли 2020 боз ҳам ҲНИТ кӯшишҳои беҳудда намуда истодааст. Барои амалӣ намудани ин кӯшишҳо беш аз 40 нафар аъзои ин ҳизби мамнӯъ дар Афғонистон таълими махсуси ҷангӣ меомӯзанд ва бо “Ҷамоати Ансоруллоҳ” робита доранд. Айни ҳол онҳо дар се самт амал менамоянд. Заминаи моддӣ ва молиявиашонро пурра месозанд, дар воситаҳои ахбори омма ташвиқотҳои ғаразноки худашонро интишор мекунанд ва террристон таълими ҷангӣ меомӯзанд. Пас аз манъи фаъолияти наҳзат роҳбарияти он ба хориҷи кишвар фирор намуданд ва хадамоти махсуси хориҷӣ ин ҳизбро сарпарастӣ ва маблағгузорӣ мекунад. Азсоли 2016 то соли 2018 парастони хориҷӣ ба роҳбарони ҲНИ беш аз 3 миллион доллари амрикоӣ ҷудокарданд. Бо мақсади таблиғот алайҳи Тоҷикистон студияи “Садои мардум” ташкил карда шуд, ки маблағгузории умумии он 1 млн 200 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Инчунин сомонаи “Паёмюнет” , “восток” , “Озодандеш” , “Кимёи садодат” , “Ахбор.ком” ва ғайраҳо созмон дода шудаанд, ки мундариҷаи маводҳои онҳо фақат экстремистӣ мебошад. Бо қарори Суди Олӣ 40 сомонаҳои интернетии экстремистӣ баста шуданд. Тайи солҳои охир якчанд наворҳои видеоии ҳуҷҷатӣ ба намоиши тамошобинон гузошта шуд, ки аз хиёнат ва ҷинояти бевостаи ҲНИ далолат мекунанд. Онҳо амалҳои зидди қонунии ҲНИ тасдиқ мекунанд. “Решаҳои ноаён” . “ Ҳамлаи террристӣ – 1996” ,“Садоқати разолатпӯш” ( Фитнаи тахайюлӣ) “Хиёнаткор Абу Усома Норакӣ- узви фаъоли ҲНИТ” , “Бозгашт аз дӯзах” ва “Хиёнат” аз қабили чунин филмҳои ҳуҷҷатӣ мебошанд. Моҳи октябри соли 2019 дар ҷаласаи роҳбарони хадамоти махсус, мақомотҳои амният ва мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи Созмони ҳамкории Шанхай дар ФР ҲНИТ ро ТЭТ эътироф ва эълон намуд, ки ба эъҷоди шабакаи васеъи зидди террористӣ мусоидат мекунад.
Муродмамадов И.Н – мудири бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими
МИҲД и ноҳия Ишкошим