Намедонам бо кадом унвон ба шумо муроҷиат кунам, чун тариқи шабакаи интернетии You Tube шунидам ба шумо бо лақаби “Шайх” муроҷиат намуданд. Аммо вожаи “Шайх” унвони илмӣ – динӣ буда, ба маънои марди пир, солхӯрда, муршид, пешвои руҳонӣ, лақаби табақаи обиду зоҳид, олим ва донишманд кор фармуда мешавад, намедонам барои соҳиб шудан ба ин лақаб заррае ҳам ҳақ доред ё не? Аҷибаш он аст, ки чун тамосгирандагон ба шумо бо ин калима муроҷиат намуданд, шумо бовиқор бо онҳо тамос гирифтед. Аммо худ аз хусуси чоплусӣ сухан гуфтед ва ҳамзамон чоплусиро барои худ роҳ додед. Он шахсоне, ки бо шумо тамос гирифтанд, чоплуси ҳақиқӣ ҳастанд ва намедонам ба хотири ваъдаҳои пуч ё фардои қиёмат онҳоро рост ба биҳишт мебаред ва ё ба хотири он маблағҳое, ки шумо тамосгирандагонатонро маблағгузорӣ мекунед. Дурустии инро танҳо шумо худ медонеду халос. Шумо, ки дар ободии ин хоки муқаддас ангушт хам накардаед ва ё дар ваҳдати миллӣ ҳарфе нагуфтаед ва кори шабонарӯзиатон танҳо туҳмат, иғво, барангехтани кинаву адоват дар байни миллати шарифи тоҷик астед, ба шумо на бо ному насаб, балки бо вожаи “Шайх” муроҷиат кунанд, пас Пешвои муаззами миллати тоҷик, Президенти маҳбубамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар эҳёи давлати тоҷикон ва миллати тоҷик, ваҳдату якпорчагии ин миллату ин хоки муқаддас ҷонбозиҳо намуданд, ба “Ҷаноби олӣ” намеарзанд? Оё шумо намедонед, ки подшоҳ дар рӯйи замин сояи Худост? Шумо, ки сояи хоҷагони аҷнабии худ ҳастед, ба “Шайх” гуфтан ҳақ доштед, аммо Пешвои муаззами миллати тоҷик, ки хоки тоҷик оғӯштаи хун буд ва ин хокро ба бӯстон мубаддал сохт, ба “Ҷаноби олӣ” гуфтан ҳақ надорад. Албатта дорад. Садҳо ва ҳазорҳо бор дорад. Магар намедонед, ки дар тамоми дунё ба сарварони давлат бо “Ваше величество”, “Господин”, “Ҷалолатмаоб” ва ғайра муроҷиат мекунанд. Алҳол шумо дар сар ҳавову ҳаваси сарварии миллати тоҷикро доред. Тасаввур кунед, ки агар имрӯз шуморо шайх хонанд, пас дар ҳоле ки шумо президент бошед, ҳамчун Намруд худро Худо эълон хоҳед кард.
Боиси таассуф аст, ки шумо ба миллати тоҷик муроҷиат намуда, худ забони ширину ноби тоҷикиро дағалона вайрон намуда, ҳар замон аз калимаҳои барои мо бегона такаллум менамудед, ки ин аз рӯйи рост поймол намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” гувоҳӣ медиҳад. Дониста бошед, ки дар ин фосилаи вақт, ки шумо худро ғуломи ҳалқабагӯши хоҷагони худ карда, дар хоки барои худ бегона иқомат доштед, забони ноби тоҷикӣ аз алфози бегона полонида пок гардид, расму таомулҳои тоҷикон эҳё гардиданд, дини мубини ислом аз хурофоту таассуб озод гардид. Имрӯз ҳар нафаре, ки ин забони покро олуда месозад, боиси малоли хотири ҳар як тоҷик мегардад. Рӯзе, ки хоки тоҷикон оғӯштаи хун буд, бародар бародарро мекушт, ҳазорҳо нафар овораву саргардон, гушнаву бараҳна дар хоки бегона вовайло монданд, оё “гуруҳи 24” ё наҳзатиҳо дар фикри онҳо буданд? Ҳаргиз не! Онҳо дар фикри мансабу ҷоҳву ҷалол буданд. Аз сустиродагии бархе аз мардум истифода намуда, ҳатто думравони худро низ пайдо намуданд. Танҳо марди қавиирода, матин, ба ору номус Эмомалӣ Раҳмон бори ҳамаи ин мушкилотро кашид ва охируламр миллати тоҷикро аз фаношавӣ наҷот дод.
Имрӯз месазад мардум Пешвои муаззами миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо кадом унвони олитарини дунё ҳаст, ном баранд.
Мудири бахши дини МИҲД- и ноҳия Ишкошим Муродмамадов И.Н