Бо мақсади иҷрои амалии Фармони Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 28 марти соли 2007, № 225 “Дар бораи рӯзи Дави миллӣ” имрӯз дар маркази ноҳия бо иштироки зиёди омма, кормандони идораву муассисаҳо, кормандони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва сарбозону афсарони қисмҳои ҳарбӣ бахшида ба таҷлили “Рӯзи ҷавонон” дави миллӣ баргузор гардид.Баргузории чорабинии мазкур бо садо додани Суруди миллӣ оғоз ёфта, раиси ноҳияи Ишкошим Мирзозода Мусо Одинамуҳаммад суханронӣ намуда, дар баромади худ вобаста ба муҳимияти варзиш ва саҳми арзандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди соҳаи варзиш қайд намуданд.Бояд ёдовар шуд, ки дар чорабинӣ марраи давидан байни бонувон 3000 метр ва байни мардон дар масофаи 5000 метр муайян гардида буд.Дар ҷамъбасти чорабинӣ ғолибон ва фаъолон бо мукофоти маблағӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ аз ҷониби раиси ноҳияи Ишкошим Мирзозода Мусо Одинамуҳаммад қадрдонӣ гардиданд.