Табрикоти
раиси ноҳияи Ишкошим Мирзозода Мусо Одинмуҳаммад ба муносибати Иди Саиди Фитр
Ҳамдиёрони азиз!
Дар ин вақту соат ва фазои идона бо муҳаббати бепоён ҳамаи Шумо мардуми шарифи ноҳияро ба муносибати иди Саиди Фитр, ки худ инъикосгари беҳтарин хислату афкор ва арзиши волои инсонӣ, раҳму шафқат ва лутфу меҳрубонӣ мебошад сидқан табрик гуфта,пеш аз ҳама барои Шумо ва хонаводаҳоятон сиҳатмандӣ,умри бардавом ва рӯзгори ободу осударо орзу дорам.
Моҳи шарифи Рамазон пайвандгари инсонҳо дар риштаи раҳму шафқат, бовариву ғамхорӣ ба ниёзмандон буда, моҳият ва мундариҷаи он анҷоми корҳои нек, иттиҳоду ягонагӣ мебошад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар табрикоти худ ба муносибати моҳи шарифи Рамазон қайд намуданд, ки “Моҳи шарифи Рамазон ба сифати яке аз рукнҳои дини мубини Ислом имтиҳони нафсу ҷисми саркаши инсонӣ буда, одамонро ба сабру таҳаммул, эҳтимоли якдигар, раҳму шафқат ва кӯмак намудан ба эҳтиёҷмандону камбизоатон ҳидоят месозад. Маҳз бо ҳамин сабаб, ин моҳи муборак, ки асоси ҳикмати маънавии онро ғолибияти ақл бар нафс ташкил медиҳад, савобу подоши бузург дорад.”
Хушбахтона дар кишвари маҳбубамон Тоҷикистон ҳифзи ҳуқуқ ва арзишҳои инсонӣ пайваста дар меҳвари доимии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, боз ҳам беҳтару хубтар ва фароҳам овардани зиндагии шоистаи мардум ҳадафии асосии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Ҳар яки мову Шуморо зарур аст, ки ятимону маъюбон ва эҳтиёмандонро дастгирӣ намуда, дар доираи имкониятҳои мавҷуда кӯмаки худро ба ин қишри ҷомеа расонем.
Бо ифтихор қайд менамоям, ки имрӯзҳо мардуми шарафманди ноҳияи Ишкошим дорои ахлрқу маърифати боло буда, диққати шахсони саховатманду эҳсонкор ва сокинони боҳиммат ҷиҳати дастгирии маъюбон, ятимон ва ниёзмандон инчунин вусъати корҳои ободониву созандагӣ равона гардидааст.
Дар фарҷоми сухан бо боварии комил метавон гуфт, ки ҳар як сокини баору номуси ноҳия дар рушд ва пешрафти ноҳия ва дастгирии қишри ниёзманд ва ҳифзи оромиву осудагӣ саҳмгузор мебошанд.
Бори дигар ҳамаи шумоён ҳамдиёрони азизро ба иди Саиди Фитр тарику таҳният гуфта, сиҳатманду хонаобод бошед!