Дар баробари фаро расидани фасли баҳор ва муосид гардидани обу ҳаво дар ноҳияи Ишкошим корҳои ободонӣ ва сабзу хуррамнамоӣ инчунин кишту кор бо маром оғоз гардида, ҳамчунин санаи 28 уми апрели соли 2021 дар деҳаҳои ҳудуди ноҳия ва маркази ноҳия бо ҷалби васеи омма ва кормандони идораву муассисаҳо ҳашарҳои дастҷамъона баргузор гардиданд.Лозим ба зикр аст, ки дар рафти баргузории ҳашар муовини раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон муҳтарам Носирзода Умедҷон иштирок намуданд. Дар зимн бояд қайд намуд, ки муҳтарам Носирзода Умедҷонмуовини раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз рафти корҳои таъмиру сохтмонии канали магистралии деҳаи Дашт боздид намуданд.