Лозим ба зикр аст, худи ҳамин рӯз муовини раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Назира Амирбекзода ва иҷрокунандаи вазифаи мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ғулоҳайдарова Паричеҳра бо бонувони ноҳия вохӯрӣ доир намуданд.
Дар баргузории вохӯрӣ муовини раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Назира Амирбекзода вобаста ба масъалаҳои вусъати корҳои ободонӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ суханронӣ намуда, баҳри сазовор ва дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлили ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми бонувонро муҳим арзёбӣ намуданд.
Иҷрокунандаи вазифаи мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ғулоҳайдарова Паричеҳра оид ба нақши занон дар тарбияи насли наврас ва дар руҳияи баланди худшиносӣ парваридани онҳо саҳми бонувонро аввалиндараҷа қайд намуда, инчунин вобаста ба саҳми занон дар пешрафти соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ниҳоятан назаррас баён доштанд.
Дар навбати худ якқатор бонувони фаъоли ноҳия ба сухан баромада, қайд намуданд, ки таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат,Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амал намуда баҳри шукуфоӣ ва ободии ҷомеа ҳамеша омода ҳастанд.