Санаи 26 уми апрели соли равон дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим вохӯрии муовини раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Назира Амирбекзода бо хизматчиёни давлатӣ, кормандони идораву муассисаҳо ва раисони ҷамоатҳои деҳоту ходимони дин баргузор гардид.
Нахуст аз ҳама раиси ноҳияи Ишкошим Мирзозода Мусо Одинамуҳаммад оид ба рафти омодагӣ ва корҳои анҷомдодашуда бахшида ба 30 солагии Итсиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти муфассал доданд.Дар рафти баргузории вохӯрӣ Назира Амирбекзода муовини раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон оид ба омодагиҳо ва сазовор таҷлили ҷашни пурифтихори миллӣ 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вусъати корҳои созандагиву ободонӣ суханронӣ намуданд.Ҳамчунин дар ин сафари корӣ аз фаъолияту вазъи беморхонаи маркази ноҳия дидан намуда, аз беморони бистарӣ гардида аёдат намуда, инчунин бо кормандони ин муассиса аз наздик шинос гардиданд.
Худи ҳамин рӯз муовини раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Назира Амирбекзода дар маркази ноҳия собиқадори ҷангу меҳнат Турдиева Зулайхоро аёдат намуда, аз ҷониби раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Кӯҳистони Бадахшон кӯмаки яквақтаро дастрас намуданд.
Бояд қайд намуд, ки зимни сафари корӣ ба ноҳия аз рафти корҳои анҷомдодашуда ва тақвияти корҳои ободонии ноҳия изҳори қаноатмандӣ намуданд..