• Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Суроға
  • Харитаи сомона
Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим

Menu
  • Дар бораи ноҳия
    • Маълумот
      • Таърих
      • Сохтори маъмури-ҳудудӣ
      • Ҳамкорҳои байналмилалӣ
      • Нишондодҳои рушд
    • Ҷамоатҳо
      • Ҷамоати деҳоти Зонги
      • Ҷамоати деҳоти ба номи Рустамбек Юсуфбеков
      • Ҷамоати деҳоти Қозидеҳ
      • Ҷамоати деҳоти Вранг
      • Ҷамоати деҳоти Шитхарв
      • Ҷамоати деҳоти ба номи Аскар Замиров
      • Ҷамоати деҳоти Птуп
    • Ташкилотҳои ноҳиявӣ
      • Муассисаҳои калон ва шӯъбаи молиявӣ
      • Идораҳо
      • Бонкҳо
      • Театрҳо
      • Осорхонаҳо
      • Боғҳо ва ҷойҳои фарҳангӣ
      • Мактабҳои олӣ
      • Мактабҳои варзишӣ
      • Бозорҳо
    • Маълумоти оморӣ ва таҳлилӣ
      • Маълумотҳои оморӣ
      • Нишондодҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ
      • Ҳисоботҳо
  • Мақомоти иҷроия
    • Маълумот
      • Сохтор
      • Раиси ноҳия
      • Муовинони раиси ноҳия
      • Раисони ҷамоатҳо
      • Роҳбарони сохтори давлатӣ
      • Бахшу шуъбаҳо
      • Низомномаи ноҳия
      • Суроға
    • Фаъолият
      • Реҷаи корӣ
      • Тартиби воридшавии дархостҳо
      • Изҳороти расмӣ
      • Суханрониҳои раиси ноҳия
      • Нақшаҳо
      • Барномаҳои давлатӣ
      • Барномаҳои минтақавӣ
      • Вохӯри бо ҷамоат
      • Стратегияи амалҳо
  • Ҳуҷҷатҳо
    • Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
      • Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон
      • Дар бораи Ҳукумати электронӣ
  • Маълумот
    • Фаъолияти вакилон
      • Аъзоёни шӯроъ
      • Фаъолияти Шӯроъ
      • Фаъолияти намояндагон
      • Намояндагони халқӣ
      • Рӯзномаи иҷлосияҳо
      • Комиссияҳои доимӣ
    • Маълумот
      • Хабарҳо
      • Эълонҳо
      • Рӯйдодҳо
      • Кушодашавии озмунҳо ва тендерҳо
      • Ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ
      • Рӯйхати маълумотҳо, ба руйхат дохил намудани маълумотҳои махфӣ
  • Алоқа
    • Алоқа бо воситаи сомона
      • Харитаи сомона
      • Саволҳо ва ҷавобҳо
      • Форум
      • Муроҷиат
    • Маълумотҳои тамосӣ
      • Суроға
      • Рузҳои қабули шаҳрвандон
      • Тартиби воридшавии дархостҳо
      • Низомномаи муроҷиати шаҳрвандон
      • Телефонҳои боварии идораҳо
      • Низомномаи телефони боварӣ
      • Низомномаи телефони ягона
  • ТоҷикӣТоҷикӣ
    • РусскийРусский
    • EnglishEnglish
Menu
Posted on 22.04.2021 by ishkoshim

           Оила ҷузъи муҳимтарини ҷомеа ба шумор рафта, тамоми фазои маънавиёт, ақлоният ва руҳонияти башар аз оила сарчашма мегирад. Узви калонсоли оила қонеъ гардонидани талаботҳои моддӣ ва маънавиро ба дӯш дорад ва барои хурдсолон муҳитест, ки дар он рушди ҷисмонӣ, равонӣ ва ақлонии онҳо ташаккул меёбад. Назаре ба таърих андозем оилаҳо дар зарфи ҳазорсолаҳо тавонистанд авлод, қабила ва охируламр давлатҳоро ташаккул диҳанд ва то ҳоло муҳимияти худро дар ҷомеа аз даст надодаанд. Мактаби давлату давлатдорӣ бо назардошти умумияти мафҳуми оила дар тамоми ҷанбаҳо аз оила манша гирифтааст. Аммо дар ҷомеаҳои мухталиф каме аз ҳам фарқ мекунанд. Аз рӯйи ақидаи баъзе иҷтимоишиносон оила гурӯҳи одамоне фаҳмида мешавад, ки бо ҳам муносибати мустаъқими хешутаборӣ доранд ва ё он калонсолоне, ки бар дӯши худ уҳдадориҳои тарбия намудани фарзандонро қабул намудаанд.
Дар ин ҷо мехоҳам дар хусуси оила, таҳкими оила, ки аз нигоҳи дини мубини ислом муқаррар мегардад аз каломи Расули Акрам иброз намоям: Худованди мутаол мефармояд; Ва аз нишонаҳои Худо он аст, ки барои шумо аз ҷинси худатон занон офарид, то бо онҳо ором гиред ва дар миёни шумо дӯстиву меҳрубонӣ пайдо кард. Ба дурустӣ, дар ин кор барои гурӯҳе, ки андеша мекунанд, нишонаҳое ҳаст (сураи “РУМ” ояти 21) Худованд дар ин оят ҳаёти якҷояи аъзоёни оила, ки бунёдгари ҷомеа аст, дар асоси раҳму шавқат ва меҳру муҳаббат эълон намудааст. Чун барои инсонҳо ҳамсар офарид, пас раҳм, шавқат, меҳру муҳаббат ва ҷавҳари ақлро дар қалби онҳо ҷойгузин намуд. Ҳар оила , ки аз ин чор атои раббонӣ бархурдор аст, яқин хонадонаш даргаҳи саодату хушбахтӣ хоҳад буд. Холиқи акбар дар сураи “Хуҷурот” ояти 13 мефармояд “Эй мардум, ба дурустӣ ки шуморо аз як марду аз як зан офаридем ва шуморо қавмҳо ва қабилаҳо сохтем, то бо якдигар шиносо шавед! Ҳар оила гиромитарини шумо назди Худо парҳезгортарини шумо аст: Худо донои хабардор аст”. Аз нигоҳи дини мубини ислом, оила на танҳо асоси зиндагии иҷтимои, балки воситаи муҳими пок нигоҳ доштани ахлоқу маънавиёт низ ба шумор меравад. Дар ин ҷо ҳадисе аз Расули Худо(с), ки муҳтавои он чунин аст: “ Касе, ки қудрати ташкили оила дорад, бигузор хонадор шавад, зеро оиладорӣ чашмро аз чизҳои мамнӯъ ва одамро аз гуноҳ эмин медорад ва касе, ки тавоноии хонадоршавӣ надорад, бояд рӯза бигирад, зеро рӯзадорӣ шаҳватро суст мекунад”.Дар асоси меъёрҳои исломӣ оила ҳамон вақт тавоно ва мустаҳкам аст, ки ҳар аъзои он масъулияти ба дӯш доштаро дуруст анҷом диҳад. Мардон, ки сарварии оиларо ба дӯш доранд, хушбахтӣ ва хушнудии худро дар оилаи худ бинанд,худро дар муҳайё намудани шароитҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии оила вазифадор ҳис намоянд ва тавоноии таъмини оиларо дошта бошанд. Занон бошанд, дар ин ҷода ҳамдӯши мардон бошанд, бо ҳалимӣ, хоксорӣ ва меҳрубонӣ таваҷҷӯҳи шавҳарро ба худ ҷалб намоянд, шанъ, шараф ва номуси худро пос доранд. Мақоле дар байни мардум маъруф аст, ки чунин аст; “Зани хубу фармонбару порсо, кунад марди дарвешро подшоҳ” (аз қиссаи подшоҳдухтар ва марди ҳезумкаш).Падару модар дар оила поягузори ахлоқу маърифати фарзанд буда, вазифадоранд, ки талаботҳои моддӣ, маиши ва маънавии онҳоро қонеъ кунанд, онҳоро аз рафтори бад, одату ҳамнишинони бад бар канор намоянд.
Чуноне ки, бузургони хирад гуфттаанд;
Бо бадон кам нишин, ки суҳбати бад,
Гар чи некӣ, туро палид кунад.
Офтоби бад он бузургиро,
Пораи абр нопадид кунад.
Аммо баъд маълум аст, ки нақши зан дар тарбияи фарзандон мақоми аввалро дорост. Соҳибсухане чунин гуфтааст: ” Вақте, ки мо писарро тарбия мекунем, як мардро ба воя мерасонем, аммо вақте, ки духтарро тарбия карда ба воя мерасонем, миллат ба камол мерасад”. Дар тамоми давру замон зан модар офаранда ва тарбиятдиҳандаи наслҳо ба шумор меравад. Беҳуда нагуфтаанд: “Аз зани бад бад бирӯяд, зон, ки устодаш бад аст”. Маорифчии рус Сухамлинский чунин навиштааст: “Кӯдак дарки олами инсониро аз модар ва аз рафтори модар нисбат ба кӯдак ва аз муносибати падар нисбат ба модари кӯдак оғоз менамояд”. Дар ҳақиқат ин се омил инкишофи интелектуалии кӯдакро поягузор мебошанд. Чун хишти аввали асоси тарбия каҷ ниҳода шуд, ба қавли Соҳиб итмоми он низ каҷ хоҳад гардид. Ривояте маъмул аст, ки аъробие ба назди Расули Акрам(с) рафта аз ӯ суол мекунад, ки; “Эй Расули Худо, писарам даҳрӯза шуд, ман аз кадом вақт ба тарбияи ӯ машғул шавам?”. Пайғамбари Худо(с) ҷавоб медиҳад: “Эй аъробӣ, ту аз тарбияи писарат даҳ рӯз ақиб мондӣ”. Алҳол ҷомеаи шаҳрвандии солим аз оилаи солим манша мегирад. Аз таълим дур мондани ноболиғон, ҳуқуқвайронкуниҳои ноболиғон, нашъамандӣ, сироятшавӣ ба бемориҳои ВНМО, БИНМ таъсири тамаддуни хориҷиён хурофоту таассубҳои динӣ, таълими ғайриқонунии динӣ, таъсири муҳит, шабакаҳои иҷтимоӣ, бегонапарастӣ ва ғайра аз ҷумлаи чунин мушкилотҳо мебошанд. Дар ҳамин давра масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд нокифоя буд. Ҳамин қазия дар сатҳи давлатӣ муҳокима гардида, бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон 2-августи соли 2011 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” қабул гардида, падару модар, муаллим давлат ва аҳли ҷамоатчигӣ дар таълиму тарбияи кӯдак масъул дониста шуданд. Баъди қабули Қонун дар як муддати кутоҳ дар раванди таълиму тарбияи кӯдак пешравии ҷиддӣ ба вуқӯъ омад, ки алҳол самараи онро мушоҳида намуда истодаем. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми қаблии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуданд, ки “Падарону модарон аз рӯзи таваллуди фарзандашон бояд ба таълиму тарбияи ӯ диққати ҷиддӣ диҳанд, ба роҳи дуруст ба камол расиданашон шароит фароҳам оваранд.”
Яке аз қазияҳои муҳими ҳалталаб ин вайроншавии оилаҳои ҷавон мебошад, ки сол то сол зиёд мегардад. Вайроншавии оилаҳо ва талоқ аз нигоҳи дини мубини ислом кирдори ношоиста дониста мешавад. Қуръони маҷид сураи “раъд” ояти 38 мефармояд “Ва мо пеш аз ту пайғамбаронро фиристодем ва ба онҳо занону фарзандон додем”. Пайғамбари Худо Муҳаммад(с) фармудааст: “Зишттарин кори мубоҳ дар нази Худованд талоқ аст” ё дар ҳадиси дигар мегӯяд: “Издивоҷ кунед ва талоқ надиҳед, пас ҳар оила Арши боазамати Парвардигор аз вуқӯи талоқ ба ларза меояд.” Аз ин ҷо бармеояд, ки ислом зидди парокандашавии оилаҳо ва талоқ мебошад, танҳо бо ҳолатҳои истисноӣ. Вайроншавии оилаҳо ба ҳолати равонии кӯдакон садамаи гароне мерасонад ва ба тарбияи ӯ таъсири ниҳоят манфӣ мерасонад. Ин гӯна кӯдакон дар ҷомеа худро заиф, аз зиндагӣ бенасиб ҳис намуда, дар аксар маврид ба қонуният ва тартиботи муқараршуда аксуламал нишон дода, бо ин кирдор гуё қасоси худро аз мушкилиҳои зиндагӣ гирифтанӣ мешаванд. Вобаста ба ин қазия дар боби 2 моддаи 6-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” чунин оварда шудааст. “ Падару модар, новобаста аз он ки якҷоя ва ё ҷудо зиндагӣ мекунанд, дар таълиму тарбияи фарзанд ҳуқуқ ва уҳдадориҳои баробар доранд, ба истиснои ҳолатҳои пешбини намудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон” . Кӯдакони хурдсол то синни 14 солагӣ набояд аз қазияи ба амал омадаи падару модари хеш воқиф бошанд. То ҳадди имкон ҷудоии онҳоро эҳсос накунанд, зеро кӯдакон қалби нозук дошта, тавоноии рӯҳии онҳо номукаммал буда, ва ин садама рӯҳиро бардошт кардан наметавонанд.
Аз ин рӯ на танҳо падару модар, балки тамоми ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таълиму тарбияи кӯдак масъул бошанд, чунки ҷомеа ба шахси солимфикр, соҳибмаърифат ва комилақл ниёз дорад.

                                                                                                                                                                             Муродмамадов Иқболхон

                                                                                                                                                                               н Ишкошим

Добавить комментарий Отменить ответ

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Рубрики

  • Маориф (1)
  • Нақлиёт (1)
  • Паём ва суханрониҳои Президент (8)
  • Фарҳанг (2)
  • Хабарҳо (795)
  • Эълонҳо (1)
Апрел 2021
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
« Мар   Май »
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
2627282930  

Суроға

Ҷумҳурии Тоҷикистон

тел:

факс:

почтаи эелектрони:

Омор

  • 0
  • 17
  • 13 596
  • 530 361
  • 99 724
  • 37
  • 822
  • 0
  • 30.04.2025

Пурсиш

Извините, в настоящее время нет доступных опросов.
  • Архив опросов
©2025 Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим | Таҳия шуд дар tojNet