Дар натиҷаи боришотҳои пайдарпайи рӯзҳои охир санаи 28 марти соли равон дар роҳи самти ҳаракати Ишкошим –Хоруғ дар натиҷаи фаромадани тарма инчунин сангу шағал муавақатан роҳ баста гардид.
Айни замон ҷиҳати бартараф намудани нуқсонҳои бамаломада ва кушодани намудани роҳи масири Ишкошим-Хоруғ корҳо роҳандозӣ гардидаанд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим бо камоли эҳтиром аз ҳамаи сокинони ноҳия алалхусус ронандагон ва мусофирон хоҳиш менамояд, ки то ба эътидол омадани вазъи обу ҳаво ва пурра бартараф гардидани хатарҳои табиӣ безарурият ба сафар набароянд.