• Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Суроға
  • Харитаи сомона
Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим

Menu
  • Дар бораи ноҳия
    • Маълумот
      • Таърих
      • Сохтори маъмури-ҳудудӣ
      • Ҳамкорҳои байналмилалӣ
      • Нишондодҳои рушд
    • Ҷамоатҳо
      • Ҷамоати деҳоти Зонги
      • Ҷамоати деҳоти ба номи Рустамбек Юсуфбеков
      • Ҷамоати деҳоти Қозидеҳ
      • Ҷамоати деҳоти Вранг
      • Ҷамоати деҳоти Шитхарв
      • Ҷамоати деҳоти ба номи Аскар Замиров
      • Ҷамоати деҳоти Птуп
    • Ташкилотҳои ноҳиявӣ
      • Муассисаҳои калон ва шӯъбаи молиявӣ
      • Идораҳо
      • Бонкҳо
      • Театрҳо
      • Осорхонаҳо
      • Боғҳо ва ҷойҳои фарҳангӣ
      • Мактабҳои олӣ
      • Мактабҳои варзишӣ
      • Бозорҳо
    • Маълумоти оморӣ ва таҳлилӣ
      • Маълумотҳои оморӣ
      • Нишондодҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ
      • Ҳисоботҳо
  • Мақомоти иҷроия
    • Маълумот
      • Сохтор
      • Раиси ноҳия
      • Муовинони раиси ноҳия
      • Раисони ҷамоатҳо
      • Роҳбарони сохтори давлатӣ
      • Бахшу шуъбаҳо
      • Низомномаи ноҳия
      • Суроға
    • Фаъолият
      • Реҷаи корӣ
      • Тартиби воридшавии дархостҳо
      • Изҳороти расмӣ
      • Суханрониҳои раиси ноҳия
      • Нақшаҳо
      • Барномаҳои давлатӣ
      • Барномаҳои минтақавӣ
      • Вохӯри бо ҷамоат
      • Стратегияи амалҳо
  • Ҳуҷҷатҳо
    • Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
      • Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон
      • Дар бораи Ҳукумати электронӣ
  • Маълумот
    • Фаъолияти вакилон
      • Аъзоёни шӯроъ
      • Фаъолияти Шӯроъ
      • Фаъолияти намояндагон
      • Намояндагони халқӣ
      • Рӯзномаи иҷлосияҳо
      • Комиссияҳои доимӣ
    • Маълумот
      • Хабарҳо
      • Эълонҳо
      • Рӯйдодҳо
      • Кушодашавии озмунҳо ва тендерҳо
      • Ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ
      • Рӯйхати маълумотҳо, ба руйхат дохил намудани маълумотҳои махфӣ
  • Алоқа
    • Алоқа бо воситаи сомона
      • Харитаи сомона
      • Саволҳо ва ҷавобҳо
      • Форум
      • Муроҷиат
    • Маълумотҳои тамосӣ
      • Суроға
      • Рузҳои қабули шаҳрвандон
      • Тартиби воридшавии дархостҳо
      • Низомномаи муроҷиати шаҳрвандон
      • Телефонҳои боварии идораҳо
      • Низомномаи телефони боварӣ
      • Низомномаи телефони ягона
  • ТоҷикӣТоҷикӣ
    • РусскийРусский
    • EnglishEnglish
Menu
Posted on 23.03.2021 by ishkoshim

Ҳамдиёрони азиз!
Инак боз ба саросари кишвари маҳбубамон Тоҷикистон, аз ҷумла ба ноҳияи Ишкошим баҳори нозанин бо як ҷаҳон накҳату тароват, сайфу сафои нав ба нав ва умеду орзуҳо қадам ниҳод.
Баробари омадан фасли баҳор бо худ хабари нишоту шодӣ, тантанаи иди қадимиву аҷдодӣ- Наврӯзи ҷаҳонафрӯзро овард. Дар ҳақиқат Наврӯзи оламафрӯз, иди баҳору аз нав бедор гардидани табиат, иди зебогиву тозагӣ ва фариштаи сол мебошад.
Ба ин муносибат Шумо, ҳозирин ва дар симоятон ҳамаи мардуми сарбаланди Ишкошимзаминро бо муҳаббати бепоён ба иди Наврӯз табрик гуфта, пеш аз ҳама барои Шумо ва ҳар хонаводаи ноҳия сиҳатмандӣ, умри баркамолу бобаракат, шодиву хонаободӣ дар зиндагонӣ ва дар кору фаъолияти доимиатон музаффариятҳоро хоҳонам.
Шогуни баҳор муборак ҳамдиёрони азиз!
Бо ифтихор аз ин минбари баланди сухан гуфтаниам,ки дар даврони соҳибистиқлоливу давлатдории навинамон бо шарофати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суннату анъанаҳои бостонӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва ҷашнҳои миллии халқи кӯҳанбунёдамон аз сари нав эҳё гардида,айни замон дар ҳаёти мардуми мо мақоми арзандаву хосеро пайдо намудаанд.Наврӯз ҳам яке аз ҷашнҳои бостонии миллати қадимии мо тоҷикон буда, имрӯз он аз ҷониби яке аз ташкилотҳои бонуфузи ҷаҳонӣ-ЮНЕСКО ба феҳристи мероси гаронбаҳои фарҳангии ҷаҳон шомил гардида,соли 2010 Созмони Милали Муттаҳид ин неъмати маънавии миллати моро ҳамчун ҷашни байналмилалӣ эълон намуд.
Ҳамдиёрон ва ҳозирини гиромӣ!
Аз саҳифаҳои таърихамон дур нест, ки гузаштагони соҳибфарҳангу соҳибтамаддуни мо таҷлили ҷашни Наврӯзро ҳанӯз аз замонҳои қадим ҳамчун фоли нек, рамзи бахтофарин, оғози пурфайзи сол, давраи зиндашавии табиат бо дили поку орзуҳои нек бо беҳтарин таманниёт, расму суннатҳо ва оинҳои нек ва дуои хайру эҳсон таҷлил менамуданд.
Наврӯз бо ҷилои суннату оинҳои мардуми фарҳангпарварамон рушду такомул ёфта, бо гузашти асрҳову солиёни зиёд дар байни русум ва оинҳои халқиятҳои мухталифи сайёра низ мақому манзалат пайдо намуда, инсониятро ҷониби арзишҳои боло, захираҳои ахлоқиву маънавӣ роҳнамоӣ намудааст.
Бояд қайд намуд, ки мардуми шарафманду сарбаланди Ишкошимзамин ин мероси пурбаҳову фарҳанги бойи ниёгонамонро бо суннатҳои асилаш тайи садсолаҳо ҳифз намуда, ҳамасола бо сидқу самимият ва умеду орзуҳои нек иди Наврӯзро таҷлил менамоянд.
Пешвозгирӣ ва таҷлили шоистаи ҷашни Наврӯз, таваҷҷуҳ ва иштиёқи беандозаи мардумро дар ростои эҳёи арзишҳои миллии мо бозгӯи намуда, Наврӯз достони зебоӣ,фалсафаи табиат, ҷомеа, ақл, эҳсос мебошад. Наврӯз ҷашни табиат буда, ҳангомест,ки рӯзгори кӯҳнаи зиндагиро аз сар гирифта, ба он симои нав мебахшад.
Омад – омади ин ҷашни пурифтихор дилҳоро аз кибру кина, ҷисмҳоро аз беморӣ, дидаҳоро аз адовати сол тоза менамояд. Одамон барои хонадони якдигар, хешу ақрабо, ёру дӯстон, хонаободӣ, рӯзгори нек ва бахту саодатро орзу менамоянд, ки гуфтани “Шогуни баҳор муборак” маънии ҳамин гуфтаҳост.
Таҷлили ин ҷашни хотирмону муқаддас, дарки худшиносиву ватанпарастии мардуми диёри азизамон буда, бори дигар меҳри Модар – Ватанро дар дилҳо бедортар менамояд.
Дар саҳифаи навини давлатдориамон хуб сабт ёфтааст, ки фарзона фарзанди миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, мунтазам баҳри эҳё ва таҳким бахшидан ба анъанаҳои миллӣ, аз он ҷумла ба қисмати ҷудонопазири таърихии миллати тоҷик-Наврӯз диққати зарурӣ дода,.дар суханрониашон оид ба ҷашни Наврӯз қайд намудаанд: “Ҷашни бостонии Наврӯз хусусиятҳои деринаашро бо рӯҳияи замони муосир созгор намуд”.
Воқеан Наврӯз воситаи якдилӣ, муттаҳидиву ҳамдилӣ миёни одамон буда, омили наздикшавии андешаву афкори қавму миллатҳои ҷомеаи ҷаҳон гардидааст.
Ҳамдиёрони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!
Эҳтиром гузоштан ба ин суннатҳои неки аҷдодӣ барои баланд бардоштани сатҳу сифати маърифати ҷавонон, ташвиқу тарғиби меҳнату ҳаёти солим, таҳкиму густариши ахлоқи ҳамида, инчунин бо дарки худшиносиву худогоҳӣ бузургдошти мероси ниёгон ва ифтихор аз пешрафту шукуфоӣ мусоидат менамояд.
Чуноне,ки воқиф аз таърих ҳастем, халқи тоҷик ин иди муътабару муқаддасро бо шаҳомати хос таҷлил намуда, беҳтарин орзуву ниятҳои неки худро ба Наврӯзи хуҷастапай пайванд медонад. Қобили қайд аст, ки ҳамаи суннату оинҳои наврӯзӣ маъно ва сарчашмаи бузурги ахлоқӣ дошта, иқдом ба сӯи бунёдкориву созандагӣ мебошанд.
Халқи сарбаланду шарафманд ва меҳнатқарини мо аз Наврӯз то ба Наврӯз аз падидаву корҳои неки анҷомдодашуда ёдовар мешаванд. Дар ҳоли ҳозир бо ифтихори баланд қайд менамоям, ки аз Наврӯз то Наврӯз барои мардуми шарифи ноҳияи Ишкошим соли пешрафту созандагӣ дар тамоми ҷанбаҳои кору рӯзгор буд.Дар соли сипаригардида мардуми ноҳияи Ишкошим дар ду маъракаи муҳими сиёсӣ, яъне интихоботи вакилон ба маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзида,ин чорабиниҳоро бо муваффақият ҷамъбаст намуданд.
Ҳамзамон дар соли гузашта як қатор иншоотҳои аҳамияти муҳим дошта дар самти иҷтимоӣ ва иқтисодӣ мавриди истифода қарор дода шуданд. Шумораи иншоотҳои гуногуни сохташуда ва таъмиру азнавсозӣ гардида дар соли сипаригардида 56,0 ададро ташкил дода, 24 адад иншоотҳои гуногуни хоҷагии халқи ноҳия мавриди истифодабарӣ қарор дода шуданд.
Наврӯзи имсола ба даврае рост омад, ки мардуми баландахтари кишварамон аз ҷумла ноҳияи Ишкошим 24 умин солгарди Ваҳдати миллӣ ва 30 солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил менамоянд. Бо боварии комил қайд менамоям, ки халқи шарафманди ноҳия бо нангу номуси ватандӯстӣ, ҳисси баланди миллӣ ва бо хислатҳои неку инсондӯстона ва созандаву бунёдгарона ҷашнҳои дар пеш истодаро бо дастовардҳои баланду назаррас таҷлил менамоянд.
Дар фарҷом бори дигар бо камоли эҳтиром ва самимияти амиқ ҳамаи мардуми сарбаланду меҳнатдӯст, инсонпарвару меҳмоннавоз, аз тифлони навраста то пирони баркамол расида, инчунин ҳамдиёрони бурунмарзии ноҳияи Ишкошимро ба шарофати иди байналмилалии Наврӯз табрику таҳният гуфта, барои якояки Шумоён ҷомеаи амну осоишта, сиҳатмандии комил, умри бардавом ва рӯзгори пурсаодату ободро хоҳонам.
Сарбаланду хонаобод бошед, ҳамдиёрони азиз!

Добавить комментарий Отменить ответ

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Рубрики

  • Маориф (1)
  • Нақлиёт (1)
  • Паём ва суханрониҳои Президент (8)
  • Фарҳанг (2)
  • Хабарҳо (795)
  • Эълонҳо (1)
Март 2021
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
« Фев   Апр »
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Суроға

Ҷумҳурии Тоҷикистон

тел:

факс:

почтаи эелектрони:

Омор

  • 0
  • 14
  • 13 586
  • 530 351
  • 99 721
  • 37
  • 822
  • 0
  • 30.04.2025

Пурсиш

Извините, в настоящее время нет доступных опросов.
  • Архив опросов
©2025 Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим | Таҳия шуд дар tojNet