• Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Суроға
  • Харитаи сомона
Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим

Menu
  • Дар бораи ноҳия
    • Маълумот
      • Таърих
      • Сохтори маъмури-ҳудудӣ
      • Ҳамкорҳои байналмилалӣ
      • Нишондодҳои рушд
    • Ҷамоатҳо
      • Ҷамоати деҳоти Зонги
      • Ҷамоати деҳоти ба номи Рустамбек Юсуфбеков
      • Ҷамоати деҳоти Қозидеҳ
      • Ҷамоати деҳоти Вранг
      • Ҷамоати деҳоти Шитхарв
      • Ҷамоати деҳоти ба номи Аскар Замиров
      • Ҷамоати деҳоти Птуп
    • Ташкилотҳои ноҳиявӣ
      • Муассисаҳои калон ва шӯъбаи молиявӣ
      • Идораҳо
      • Бонкҳо
      • Театрҳо
      • Осорхонаҳо
      • Боғҳо ва ҷойҳои фарҳангӣ
      • Мактабҳои олӣ
      • Мактабҳои варзишӣ
      • Бозорҳо
    • Маълумоти оморӣ ва таҳлилӣ
      • Маълумотҳои оморӣ
      • Нишондодҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ
      • Ҳисоботҳо
  • Мақомоти иҷроия
    • Маълумот
      • Сохтор
      • Раиси ноҳия
      • Муовинони раиси ноҳия
      • Раисони ҷамоатҳо
      • Роҳбарони сохтори давлатӣ
      • Бахшу шуъбаҳо
      • Низомномаи ноҳия
      • Суроға
    • Фаъолият
      • Реҷаи корӣ
      • Тартиби воридшавии дархостҳо
      • Изҳороти расмӣ
      • Суханрониҳои раиси ноҳия
      • Нақшаҳо
      • Барномаҳои давлатӣ
      • Барномаҳои минтақавӣ
      • Вохӯри бо ҷамоат
      • Стратегияи амалҳо
  • Ҳуҷҷатҳо
    • Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
      • Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон
      • Дар бораи Ҳукумати электронӣ
  • Маълумот
    • Фаъолияти вакилон
      • Аъзоёни шӯроъ
      • Фаъолияти Шӯроъ
      • Фаъолияти намояндагон
      • Намояндагони халқӣ
      • Рӯзномаи иҷлосияҳо
      • Комиссияҳои доимӣ
    • Маълумот
      • Хабарҳо
      • Эълонҳо
      • Рӯйдодҳо
      • Кушодашавии озмунҳо ва тендерҳо
      • Ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ
      • Рӯйхати маълумотҳо, ба руйхат дохил намудани маълумотҳои махфӣ
  • Алоқа
    • Алоқа бо воситаи сомона
      • Харитаи сомона
      • Саволҳо ва ҷавобҳо
      • Форум
      • Муроҷиат
    • Маълумотҳои тамосӣ
      • Суроға
      • Рузҳои қабули шаҳрвандон
      • Тартиби воридшавии дархостҳо
      • Низомномаи муроҷиати шаҳрвандон
      • Телефонҳои боварии идораҳо
      • Низомномаи телефони боварӣ
      • Низомномаи телефони ягона
  • ТоҷикӣТоҷикӣ
    • РусскийРусский
    • EnglishEnglish
Menu
Posted on 08.03.2021 by ishkoshim

Модарони азизу арҷманд!
Хоҳарону бонувони азиз!
Фарорасии Иди фархундаву босаодати Модаронро ба тамоми Шумо модарону хоҳарони банангу номуси Ишкошимзамин ва дар симои Шумо ба тамоми занони боиффату қаҳрамонсифати Тоҷикистони соҳибистиқлоламон табрику таҳният гуфта,ба ҳамаи Шумо тансиҳативу хонаободӣ ва фазои сулҳу оромии ҷовидонии кишвари азизамонро хоҳонам.
Солгарди дувоздаҳум аст, ки бо ибтикори Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иди бонувон аз иди занон
ба “Рӯзи Модар ” мубаддал гардида, унвоне гирифт, ки тавонист умрбод арзандаи ин унвон бошад.Агар ба таърихи кӯҳани миллати тоҷик назар афканем,ҳанӯз се ҳазор сол пеш мардони тоифаи ориёӣ барои ба ҷо овардани эҳтироми зан-модар ҷашни хосае меоростанд,ки он ба охири моҳи феврал ва аввали моҳи март,яъне мутобиқ ба ҳамон рӯзҳое,ки алҳол Рӯзи Модарро ҷашн мегирем,рост меомад.
Роҳбари давлат, ки ба таъриху фарҳанги миллати тоҷик беандоза арҷ мегузоранд, бо назардошти ин ҷанбаҳои таърихии ниёгонамон низ аз тарафи дигар зарур шумориданд,ки ин рӯз барои модарону хоҳарон як рӯзи хосае бошад.
Модар аст, ки новобаста аз бурду бохтҳои мо дар ҳаёт, новобаста аз нокомил буданамон ,новобаста аз камбудамон, боз ҳам моро чӣ гунае ки ҳастем, қабул дорад ва ба сифати як порчаи қарини узви худ,як ҷузъи муҳими ҳаёти худ қабул дорад.
Модар аст,ки аз аввалин рӯзҳои чашм ба олами ҳастӣ кушоданамон то ба синни камолот расидан ва баъд аз он ҳам моро дар ҳар ҳолат пуштибону дастгир ва роҳнамо аст. Бузургиву қалби саршор аз меҳру муҳаббати модаронро ҳарчанд васф намоем, боз ҳам кам аст.Модар аст, ки аз аҳди қадим то ба имрӯз файласуфонеро чун Суқроту Афлотун, кишваркушоёне чун Искандари Мақдуниву Куруши Кабир, қаҳрамонони халқ чун Муқаннаву Деваштич, саромадони сухан чун Абуабдуллоҳи Рӯдакиву Ҳофизу Бедил, нақшофариноне чун Беҳзоду Леонардо да Винчи, ромишгароне чун Монӣ ва пизишки ҷаҳонӣ чун Абӯалӣ ибни Сино ва ҳазорону ҳазорон нобиғаҳоро дар домони поки худ парварида ,ба аҳли олам ҳадя намудааст.
Тамоми нобиғаҳои сатҳи ҷаҳонӣ – роҳбарони давлатҳову императорҳо, олимону суханварон Модаронро офтоби ҷовидонии ҳар як хонадон ва чашмаи хушкнашавандаи ҳаёт номидаанд.
Ин суханон барҳақ буда аз Паёмбарони соҳибкитоб то кишваркушоёни дунёро танҳо Модарон ба дунё овардаанд ва бо меҳру муҳаббати беандозаи худ парвариш намуда,бо бедорхобиҳои шабонарӯзиҳои худ тифлони навзоди худро аз гаҳвора то раҳбарии Ватану сайёраи Замин расондаанд. Оре модарон ҳастанд,ки бо шири худ меҳру муҳаббатро ба ҷони фарзандонашон ворид мекунанд ва онҳоро ба ватандустиву ҷоннисориҳо барои миллату Меҳани худ раҳнамоӣ менамоянд ва тамоми умр сурати ҳар як аз фарзандони худро дар дилу дидаҳои худ нигаҳ медоранд.
Ғамхорӣ намудан дар ҳаққи занону бонувони кишвар дар меҳвари сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша қарор дорад.Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаашон ба Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 26-уми январи соли ҷорӣ иброз намуданд, ки: “Дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Тоҷикистон ба масъалаи баланд бардоштани мақоми занону бонувон дар ҳаёти ҷомеа диққати ҷиддӣ дода мешавад. Ҳукумати мамлакат ташаббусҳои занону бонувони кишварро минбаъд низ дастгирӣ карда, ба хотири ҷалби бештари онҳо ба вазифаҳои роҳбарикунанда тадбирҳои иловагиро амалӣ мегардонад. Бо ин мақсад, ба Кумитаи кор бо занон ва оила супориш дода мешавад, ки лоиҳаи қарори Ҳукумати мамлакатро дар бораи “Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030” ва нақшаи амалисозии онро барои солҳои 2021-2025 таҳия ва пешниҳод намояд”.
Бо назардошти сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи пешрафти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ занон чун қувваи пешбарандаи ҷомеа дар вазифаҳои муовини Сарвазири мамлакат, вазирони давлат, раисони кумитаҳои давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакилони Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони шаҳру ноҳияҳо ва муовинони раисони вилоятҳо ва шаҳру навоҳии мамлакат кору фаъолият менамоянд.
Имрӯзҳо дар Ватани азизи мо Тоҷикистони соҳибистиқлол ягон соҳаи муҳими мамлакатро бидуни занону бонувон тасаввур кардан амри маҳол мебошад. Занони сарбаланди тоҷик ҳамчун олиму ихтирокор, сиёсатмадору корманди ҳифзи ҳуқуқ, хизматчии ҳарбиву табибу ҳунарманд, хулласи калом шаҳдухту шаҳбону ва нури хонадони ҳар марди ҳақиқии тоҷику тоҷикистониён гардидаанд. Онҳо дар баробари мардон бори сангини зиндагонии фарзандони худро ба соҳили муроди ҳаёти онҳо мерасонанд.
Занону бонувони Ишкошимзамин дар пайраҳаи ҳаёт аз бонувони банагу номус ба монанди Султоннасаб Мирзоева, Подшоҳбегим Афизова, Бибигулшод Мирҷонова ва дигар бузург-модарони мо дар роҳи тарбияи ҷомеаи маданӣ ва фарзандони ватандусту меҳанпараст дар пешрафти ҳаёти ҳаррӯзаи мобо ахлоқи ҳамида, ҳалолкорӣ ва содиқ будан ба халқу Ватани азизи мо – Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзандаи худро мегузоранд.
Мо имрӯз аз он ифтихор дорем,ки занон ва модарони Ишкошимзамин баробар дар паҳлӯи мардон истода,дар шукуфоиву пешрафти диёр саҳмгузоранд.
Бонувону модарони азиз!
Заҳмату меҳнати софдилонаи шумо дар тамоми самтҳои ҳаёт барои таҳкими Истиқлолияти Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ваҳдати сартосарии ин Ватан махсусан назаррас аст.
Дар тӯли сӣ соли истиқлолият шумо бори дигар собит сохтед,ки зан-модар метавонад ҳамқадам бо мардон аз санҷишҳои душвори таърих гузарад ва бо меҳнати ҳалолу садоқати бепоён барои халқу Ватан хизматҳои арзанда ба ҷо биёрад.Мо имрӯз бо бовариву имони комил гуфта метавонем,ки занони ноҳия бо сабру таҳаммул, иффату порсоӣ, меҳру садоқат ва гузашта аз ин бо кору пайкори созанда ва заҳмати беандозаву софдилона номи Зан-Модарро боз ҳам маҳбуби дилҳо гардонида, итминони комил дорем, ки барои сазовор пешвоз гирифтани ҷашнҳои тақдирсози Ватанамон –ҷашни Ваҳдати миллӣ ва 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон камари ҳиммат баста,ин рӯзҳоро дар як сатҳи баланди сиёсиву фарҳангӣ таҷлил менамоянд.Дар охир бори дигар Шумо модарону хоҳарони азиз, бонувони хушбахту сарбаланд ва духтарони боғайрату ватандӯстро ба муносибати “Рӯзи Модар ”самимона таҳният гуфта, ба ҳар кадоми шумо пеш аз ҳама саломатӣ, умри дарози пурбаракат, рӯзгори обод, хушбахтӣ ва иқболи некро таманно менамоям. Сано бодо ба Зан-Модар, офаринандаи ишқу зебоӣ ва бузургмардони тамоми давру замонҳо!
Идатон муборак Модарону хоҳарону бонувони азиз!
Ташаккур ба диққататон

Добавить комментарий Отменить ответ

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Рубрики

  • Маориф (1)
  • Нақлиёт (1)
  • Паём ва суханрониҳои Президент (8)
  • Фарҳанг (2)
  • Хабарҳо (795)
  • Эълонҳо (1)
Март 2021
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
« Фев   Апр »
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Суроға

Ҷумҳурии Тоҷикистон

тел:

факс:

почтаи эелектрони:

Омор

  • 0
  • 14
  • 13 586
  • 530 351
  • 99 721
  • 16
  • 822
  • 0
  • 30.04.2025

Пурсиш

Извините, в настоящее время нет доступных опросов.
  • Архив опросов
©2025 Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим | Таҳия шуд дар tojNet