Санаи 5 марти соли равон аз ҷониби кормандони бахши муқовимат бо корупсияи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо корупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нозири калони бахши муқовимат Муминзода Хуршед ва нозири бахши муқовимати Раёсати болозикр Ҳоҷиамин Давлатович дар маркази ноҳия бо роҳбарони идораву муассисаҳо ва Ҷамоати деҳоти Вахон ҷиҳати фаҳмонидадиҳии мазмун ва муҳтавои Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, инчунин оид ба иҷрои амалии қонунгузории марбут ба Қонунҳои “Дар бораи муқовимат бо корупсия”, “Дар бораи маъсулияти падару модар дар тарбияи фарзанд”, “Дар бораи танзими аънана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” суҳбату мулоқот доир гардид.
Ҳамзамон бояд қайд намуд, ки инчунин дар доираи баргузории ин вохӯрӣ вобаста ба масъалаҳои пешгирии шомилшавии шаҳрвандон, алалхусус ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ ва самаранок истифода намудани қувваи барқ, омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни пурифтихори миллиамон 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва вусъати корҳои созандагиву бунёдкорӣ суҳбат анҷом дода шуд