Чуноне ки ба ҳамагон маълум аст, дар натиҷаи боришоти аз ҳад зиёди барф санаи 21 феврали соли 2021 соати 1215 дақиқа роҳи автомобилгарди масири Ишкошим – Хоруғ дар километрҳои 31,32, 34 ва 42 – и мавзеи “Ирғазор” – и Ҷамоати деҳоти ба номи Аскар Замиров ва соати 1500 дар километрҳои 51,52, 53 – и мавзеҳои “Буҷур” – и ҳамин ҷамоат ва “Колуке” – Ҷамоати деҳоти Қозидеҳ бо сабаби тармафуроӣ банд гардида, ҳаракати ҳамагуна воситаҳои нақлиёт муваққатан аз шаҳри Хоруғ ба ноҳияи Ишкошим ва аз ноҳияи Ишкошим ба шаҳри Хоруғу Душанбе қатъ гардид.
Бо кӯшишу талошҳои кормандони муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Ишкошим бо истифода аз техникаҳои махсус рӯзи 22 феврали соли равон аз соати 1034 то 1300 километрҳои 41,42,43,46, 31,32,34 ва соати 1850 километрҳои 51,52,53 пурра аз тарма тоза ва ҳаракати воситаҳои нақлиёт барқарор карда шуд.
Новобаста аз корҳои анҷом додашуда аз сабаби дар куҳдоманҳо зиёд будани барф имрӯз 23 феврали соли 2021 роҳи автомобилгарди самти Ишкошим – Хоруғ дар километри 43 – мавзеи “Ирғазор” дубора банд гардид ва кормандони муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Ишкошим бо ҷалби техникаҳои роҳсозӣ оқибати офатҳои табииро дар ин мавзеъ бартараф намуда, рафту омади ронандагону мусофиронро таъмин намуданд, аммо ҳанӯз дар ин мавзеҳои осебпазири ҳудуди ноҳия эҳтимоли фаромадани тарма вуҷуд дорад.
Бинобар ин, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим аз сокинони ноҳия, бахусус ронандагону мусофирон эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки муваққатан безарурият аз сафар худорӣ намоянд.