• Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Суроға
  • Харитаи сомона
Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим

Menu
  • Дар бораи ноҳия
    • Маълумот
      • Таърих
      • Сохтори маъмури-ҳудудӣ
      • Ҳамкорҳои байналмилалӣ
      • Нишондодҳои рушд
    • Ҷамоатҳо
      • Ҷамоати деҳоти Зонги
      • Ҷамоати деҳоти ба номи Рустамбек Юсуфбеков
      • Ҷамоати деҳоти Қозидеҳ
      • Ҷамоати деҳоти Вранг
      • Ҷамоати деҳоти Шитхарв
      • Ҷамоати деҳоти ба номи Аскар Замиров
      • Ҷамоати деҳоти Птуп
    • Ташкилотҳои ноҳиявӣ
      • Муассисаҳои калон ва шӯъбаи молиявӣ
      • Идораҳо
      • Бонкҳо
      • Театрҳо
      • Осорхонаҳо
      • Боғҳо ва ҷойҳои фарҳангӣ
      • Мактабҳои олӣ
      • Мактабҳои варзишӣ
      • Бозорҳо
    • Маълумоти оморӣ ва таҳлилӣ
      • Маълумотҳои оморӣ
      • Нишондодҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ
      • Ҳисоботҳо
  • Мақомоти иҷроия
    • Маълумот
      • Сохтор
      • Раиси ноҳия
      • Муовинони раиси ноҳия
      • Раисони ҷамоатҳо
      • Роҳбарони сохтори давлатӣ
      • Бахшу шуъбаҳо
      • Низомномаи ноҳия
      • Суроға
    • Фаъолият
      • Реҷаи корӣ
      • Тартиби воридшавии дархостҳо
      • Изҳороти расмӣ
      • Суханрониҳои раиси ноҳия
      • Нақшаҳо
      • Барномаҳои давлатӣ
      • Барномаҳои минтақавӣ
      • Вохӯри бо ҷамоат
      • Стратегияи амалҳо
  • Ҳуҷҷатҳо
    • Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
      • Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон
      • Дар бораи Ҳукумати электронӣ
  • Маълумот
    • Фаъолияти вакилон
      • Аъзоёни шӯроъ
      • Фаъолияти Шӯроъ
      • Фаъолияти намояндагон
      • Намояндагони халқӣ
      • Рӯзномаи иҷлосияҳо
      • Комиссияҳои доимӣ
    • Маълумот
      • Хабарҳо
      • Эълонҳо
      • Рӯйдодҳо
      • Кушодашавии озмунҳо ва тендерҳо
      • Ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ
      • Рӯйхати маълумотҳо, ба руйхат дохил намудани маълумотҳои махфӣ
  • Алоқа
    • Алоқа бо воситаи сомона
      • Харитаи сомона
      • Саволҳо ва ҷавобҳо
      • Форум
      • Муроҷиат
    • Маълумотҳои тамосӣ
      • Суроға
      • Рузҳои қабули шаҳрвандон
      • Тартиби воридшавии дархостҳо
      • Низомномаи муроҷиати шаҳрвандон
      • Телефонҳои боварии идораҳо
      • Низомномаи телефони боварӣ
      • Низомномаи телефони ягона
  • ТоҷикӣТоҷикӣ
    • РусскийРусский
    • EnglishEnglish
Menu
Posted on 23.02.2021 by ishkoshim

Аз як изҳороти ҷониби Афғонистон саркардаи наҳзати террористӣ ба даҳшат омад ва аз ноилоҷӣ як баёнияи дуруғинеро паҳн кард, ки касе ба он бовар надорад. Гап сари он аст, ки раҳбари Раёсати умумии амнияти миллии Афғонистон, Аҳмадзиё Сироҷ, дар суханрониаш вобаста ба натоиҷи “Конфронcи минтақаии мубориза алайҳи терроризм” ҳақиқатеро гуфт, ки он ҳоли саркардаи наҳзат ва ҳаммаслакони уро бад кард кард.

Аҳмадзиё Сироҷ эълон кард, ки дар шимоли Афғонистон дастаҳои ҷангии ташкилоти террористии Ҳизби наҳзати исломӣ мавҷуданд ва даст ба террору куштор мезананд. Ба қавли раҳбари ниҳоди амниятии ҶИА, дастаҳои террористии наҳзатӣ дар қатори гуруҳҳои дигари террористӣ мақсади аз шимоли Афғонистон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чин интиқол додани вазъияти ноорому ҷангиро доранд.

Раҳбари ниҳоди амниятии ҶИА аз фаъолияти созмони террористии “Ансоруллоҳ”, ки қисми таркибии ТТЭ ҲНИ  аст, низ ёдовар шудааст, ки бесабаб нест. Зеро дар моҳи ноябри соли гузашта ҷангиёни созмони наҳзатии “Ансоруллоҳ” ба минтақаи Моимайи Дарвози Афғонистон  ҳуҷум карда, шумораи зиёди кормандони пулиси он ҷоро ваҳшиёна қатл карда буданд.

Маълум аст, ки раҳбарияти мақомоти амниятии Афғонистон баъди гирифтани маълумоти тасдиқшуда дар хусуси мавҷудияти террористони наҳзатӣ ин изҳоротро додааст. Мақсад аз ин амал ба роҳ мондану тақвият додани муборизаи дастаҷамъонаи кишварҳои минтақа бар зидди терроризм мебошад.  Конфронси мазкур низ дар Кобул танҳо ба ҳамин хотир доир карда шудааст. Дар ҳамдастии кишварҳо ва фаъолияти муназзаму ҳамоҳанг метавонад терроризми байналмилалиро, ки ТТЭ ҲНИ як ҷузъи он аст,  дар минтақаи мо хунсо  намояд.

Ташкилоти террористии наҳзатӣ ҳануз аз аввали фаъолияташ дар солҳои навадум усули зуроварию террорро истифода мекард. Куштори шумораи зиёди шаҳрвандонамон, аз ҷумла, олимону журналистон ва низомиён аз суи наҳзат исботи ин гуфтаҳост.

Ҷиноятҳою кушторҳои наҳзатӣ ҳануз дар солҳои навадум тасдиқ шуда буд. Дар соли 1993 зимни яке аз мусоҳибаҳои худ бо журналистони хориҷӣ Сарвари давлат иброз дошта буданд, ки ТТЭ ҲНИ на ҳизб, балки як гуруҳи ҷангӣ аст. Зеро дар шаҳодатномаҳои аъзоёнаш навишта шудааст, ки онҳо иҷозати бо худ доштани яроқ ва истифодаи онро доранд.

Ғайр аз ин, Аёмиддин Сатторов, ки яке аз раҳбарони собиқи ТТЭ ҲНИ аст, дар филми мустанади “Хиёнат”   ба таври ошкоро хунхорию ҷангҷӯии наҳзатро фош кардааст. Аз ҷумла вай сухани раҳбари ТТЭ ҲНИ-ро меорад, ки гуфтааст: “Агар ба таври осоишта натавонистем, ҳукуматро бо зуроварӣ ва истифодаи ҷангиёнамон ғасб мекунем”.

Хулоса изҳороти  Аҳмадзиё Сироҷ оид ба ТТЭ ҲНИ воқеият буда, раҳбарони ин созмони террористиро ба даҳшат овардааст. Зеро бори дигар чеҳраи аслии онҳо ва ҳадафҳои нопокашон ошкор гардид.

 

Мирзоев Ҳабиб,

устоди ДМТ

Добавить комментарий Отменить ответ

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Рубрики

  • Маориф (1)
  • Нақлиёт (1)
  • Паём ва суханрониҳои Президент (8)
  • Фарҳанг (2)
  • Хабарҳо (795)
  • Эълонҳо (1)
Феврал 2021
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
« Янв   Мар »
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728

Суроға

Ҷумҳурии Тоҷикистон

тел:

факс:

почтаи эелектрони:

Омор

  • 0
  • 26
  • 13 607
  • 530 372
  • 99 733
  • 19
  • 822
  • 0
  • 30.04.2025

Пурсиш

Извините, в настоящее время нет доступных опросов.
  • Архив опросов
©2025 Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим | Таҳия шуд дар tojNet