• Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Суроға
  • Харитаи сомона
Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим

Menu
  • Дар бораи ноҳия
    • Маълумот
      • Таърих
      • Сохтори маъмури-ҳудудӣ
      • Ҳамкорҳои байналмилалӣ
      • Нишондодҳои рушд
    • Ҷамоатҳо
      • Ҷамоати деҳоти Зонги
      • Ҷамоати деҳоти ба номи Рустамбек Юсуфбеков
      • Ҷамоати деҳоти Қозидеҳ
      • Ҷамоати деҳоти Вранг
      • Ҷамоати деҳоти Шитхарв
      • Ҷамоати деҳоти ба номи Аскар Замиров
      • Ҷамоати деҳоти Птуп
    • Ташкилотҳои ноҳиявӣ
      • Муассисаҳои калон ва шӯъбаи молиявӣ
      • Идораҳо
      • Бонкҳо
      • Театрҳо
      • Осорхонаҳо
      • Боғҳо ва ҷойҳои фарҳангӣ
      • Мактабҳои олӣ
      • Мактабҳои варзишӣ
      • Бозорҳо
    • Маълумоти оморӣ ва таҳлилӣ
      • Маълумотҳои оморӣ
      • Нишондодҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ
      • Ҳисоботҳо
  • Мақомоти иҷроия
    • Маълумот
      • Сохтор
      • Раиси ноҳия
      • Муовинони раиси ноҳия
      • Раисони ҷамоатҳо
      • Роҳбарони сохтори давлатӣ
      • Бахшу шуъбаҳо
      • Низомномаи ноҳия
      • Суроға
    • Фаъолият
      • Реҷаи корӣ
      • Тартиби воридшавии дархостҳо
      • Изҳороти расмӣ
      • Суханрониҳои раиси ноҳия
      • Нақшаҳо
      • Барномаҳои давлатӣ
      • Барномаҳои минтақавӣ
      • Вохӯри бо ҷамоат
      • Стратегияи амалҳо
  • Ҳуҷҷатҳо
    • Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
      • Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон
      • Дар бораи Ҳукумати электронӣ
  • Маълумот
    • Фаъолияти вакилон
      • Аъзоёни шӯроъ
      • Фаъолияти Шӯроъ
      • Фаъолияти намояндагон
      • Намояндагони халқӣ
      • Рӯзномаи иҷлосияҳо
      • Комиссияҳои доимӣ
    • Маълумот
      • Хабарҳо
      • Эълонҳо
      • Рӯйдодҳо
      • Кушодашавии озмунҳо ва тендерҳо
      • Ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ
      • Рӯйхати маълумотҳо, ба руйхат дохил намудани маълумотҳои махфӣ
  • Алоқа
    • Алоқа бо воситаи сомона
      • Харитаи сомона
      • Саволҳо ва ҷавобҳо
      • Форум
      • Муроҷиат
    • Маълумотҳои тамосӣ
      • Суроға
      • Рузҳои қабули шаҳрвандон
      • Тартиби воридшавии дархостҳо
      • Низомномаи муроҷиати шаҳрвандон
      • Телефонҳои боварии идораҳо
      • Низомномаи телефони боварӣ
      • Низомномаи телефони ягона
  • ТоҷикӣТоҷикӣ
    • РусскийРусский
    • EnglishEnglish
Menu
Posted on 23.02.2021 by ishkoshim

Ахиран, як изҳороти ҷониби Афғонистон раҳбарияти ТТЭ ҲНИ-ро сахт ба таҳлука овард.  Аҳмадзиё Сироҷ, раҳбари Раёсати умумии амнияти миллии Афғонистон рӯзи панҷшанбеи 18-уми феврал зимни суханронӣ оид ба натиҷаҳои “Конфронcи минтақаии мубориза алайҳи терроризм” ҳузур доштани дастаҳои ҷангии ташкилоти террористии Ҳизби наҳзати исломиро дар ҶИА тасдиқ кард. Тибқи изҳороти вай, аз 6 то 10 ҳазор ҷангҷӯи хориҷӣ дар ин кишвар мавҷуданд, ки дар миёни онҳо аъзоёни ТТЭ ҲНИ  низ ҳастанд.

Ин изҳороти Аҳмадзиё Сироҷ як зарбаи ногаҳоние бар сари наҳзтиҳо буд ва онҳоро сахт ошуфта кард.  Зеро саркардаи ТТЭ ҲНИ медонад, ки баъд аз террористӣ эътироф шудани наҳзат аз ҷониби Афғонистон минбаъд имкони мавҷуд будани дастаҳои ҷангиаш дар ин кишвар аз байн меравад. Кишварҳои минтақа, бахусус Тоҷикистону Афғонистон тавассути роҳандозӣ кардани амалҳои муштарак ва   ҳамоҳангшуда метавонанд дастаҳои наҳзатиро дар шимоли ин кишвар аз байн баранд. Дар ин ҳолат ТТЭ ҲНИ аз қаноти ҷангии худ – “Ансоруллоҳ” маҳрум мегардад.

Аммо саркардаи наҳзатӣ дар муқобили изҳороти Аҳмадзиё Сироҷ имрӯз оҷиз мондааст ва ғайри интишор додани як баёнияи дуруғину беномусона кори дигаре карда наметавонад.

Албатта дигар касе ба ҳар гуна баёния ва ҳарзагуиҳои раҳбарияти наҳзатӣ бовар намекунад ва эътибор ҳам намедиҳад. Зеро онҳо ҳамагӣ дуруғанд ва гуноҳро ба сари дигарон бор карданӣ мешаванд.

Аҳмадзиё Сироҷ бо изҳороти мазкурисбот кардааст, ки   ТТЭ ҲНИ то ҳануз дастаҳои ҷангию террористӣ дорад ва онҳо дар Афғонистон даст ба куштору террор мезананд. Мисоли равшани ҳолати мазкур фаъолияти “Ансоруллоҳ” аст, ки ҳамчун як қисми ТТЭ ҲНИ пештар ба минтақаи Моимайи Дарвози Афғонистон ҳамла карда, шумораи зиёди кормандони пулиси он ҷоро ба қатл расондаанд.

ТТЭ ҲНИ аз аввал то ҳануз аз усули зуроварию хушунат ва террору ҷанг кор мегирифту мегирад. Масалан, ба гуфти яке аз собиқадорони ТТЭ ҲНИ Аёмиддин Сатторов, ки дар филми мустанади “Хиёнат” оварда шудааст, раҳбарияти наҳзатӣ ба зердастонашон дастур медодаанд, ки “агар ба таври осоишта ҳукуматро гирифта натавонистем, бояд аз неруҳои ҷангии худ истифода кунем ва қудратро бо зуроварӣ ғасб намоем”.

Солҳои 1992-1993 наҳзатиҳо дар кишварамон ҷанги дохилиро оғоз карда, аз дасти онҳо шумораи зиёди сокинони Тоҷикистон кушта шудааст. Ҳануз дар ҳамон давра онҳо аз зуроварию қатлу террор ошкоро истифода мекарданд.

Вобаста ба ин, дар соли 1993 дар мусоҳибаи Раҳбари кишвар  садо дода буд, ки ТТЭ ҲНИ ягона ҳизбест, ки дастаҳои ҷангӣ дорад ва ҳатто дар шаҳодатномаҳои аъзоёнаш дарҷ шудааст, ки онҳо иҷозати гирифта гаштан ва истифода кардани силоҳро доранд. Аз ин бармеояд, ки ТТЭ ҲНИ на ҳизби сиёсӣ, балки як гуруҳи ҷангию террористӣ аст.

 

Субҳиддин Зиёев,

ходими пешбари илмии АМИТ

Добавить комментарий Отменить ответ

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Рубрики

  • Маориф (1)
  • Нақлиёт (1)
  • Паём ва суханрониҳои Президент (8)
  • Фарҳанг (2)
  • Хабарҳо (795)
  • Эълонҳо (1)
Феврал 2021
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
« Янв   Мар »
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728

Суроға

Ҷумҳурии Тоҷикистон

тел:

факс:

почтаи эелектрони:

Омор

  • 0
  • 14
  • 13 586
  • 530 351
  • 99 721
  • 24
  • 822
  • 0
  • 30.04.2025

Пурсиш

Извините, в настоящее время нет доступных опросов.
  • Архив опросов
©2025 Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим | Таҳия шуд дар tojNet