Намояндагии Донишкадаи Осиёи Миёна дар Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз ташкилотҳои байналмилалии ғайри тиҷорати буда, ҳадафи асосии он ҳифз намудан ва дастгири кардани мардуми минтақаҳои дурдасти Осиёи Миёна ба воситаи лоиҳаҳои вобаста ба маориф, танудурусти ва муҳити зист аст. Намояндагии Донишкадаи Осиёи Миёна диққати худро ба маълумотнокӣ ва саводнокии минтақаҳои куҳӣ, асосан барои духтарон равона кардааст, ки ба он барномаҳои тайёр намудани омузгорон, китобхонаҳои мактабӣ ва донишомӯзӣ дар минтақаҳое, ки дар зери хатари офатҳои табии ҳастанд, дохил мешаванд.
Бояд қайд намуд, ки Намояндагии Донишкадаи Осиёи Миёна дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади фароҳам овардани имкониятҳои соҳибкорӣ барои оилаҳои муҳоҷирон барномаи The ASPIRE Project –ро ба роҳ монда, 25 нафар бонувони ноҳия ба омӯзиш фаро гирифта шуданд.Инчунин барои оғози фаъолият бо таҳҷизотҳо таъмин карда шуданд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим ҷиҳати ҳамкориҳои мутақобилан судманд ба директори Намояндагии Донишкадаи Осиёи Миёна дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳбуба Қурбоналиева миннатдорӣ баён менамояд.Итминон меравад, ки дар оянд низ чунин ҳамкориҳо вусъат хоҳанд ёфт.