Санаи 18 уми феврали соли равон бахшида ба 28 умин солгарди таъсисёбии Артиши Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар китобхонаи маркази ноҳия ба номи Амирбек Абибов вохӯрӣ бо афсарону сарбозони қисми ҳарбии 0411-и ҚС КДАМ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони
Комиссариати ҳарбии ноҳия доир гардид. Дар баргузории вохӯрӣ хонандагон дар мавзӯҳои Ватан, Модар, Ваҳдат ва Тоҷикистон порчаҳои шеъриро қироат намуданд.
Чорабинии мазкурро мудири бахши фарҳанги ноҳия Амирхонов Гулдасташо ҷамъбаст намуданд .