Тибқи нақшаи китобхонаи марказии бахши фарҳанги ноҳияи Ишкошим санаи 1 феврали соли 2021 дар толори китобхона конференсияи илми назариявӣ дар мавзӯи “Ишкошим макони сайёҳӣ” баргузор гардид.
Дар кори конференсия Яқубова Гулрухсор китобдори китобхонаи маркази ноҳия дар мавзуи “Истиқлолият – нангу номуси миллат” баромад намуда, қайд намуданд, ки дар замони соҳибистиқлолии кишвар соҳаи сайёҳӣ дар ноҳия рушд намуда,ҳамасола теъдоди сайёҳҳони зиёди дохилию хориҷӣ аз манзараҳои дилписанди ноҳия дидан менамоянд.Ин ҳама файзи истиқлол аст, ки ноҳияи Ишкошим дар қатори дигар ноҳияҳо имрӯзҳо овозадор гардидааст.
Мудири бахши рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим Муминшоев Суҳроб ба сухан баромада иброз доштанд, ки ноҳияи Ишкошим дар меҳвари имкониятҳои сайёҳии ҷумҳурӣ мавқеи хоса дошта, ноҳия ба мардуми соҳибфарҳангу меҳмонавоз, самимияти воло, манзараҳои дилфиребу назаррабо, обҳои мусаффо, чашмаҳои шифобахш, урфу одат ва аънанаҳои мардумӣ ва таърихи қадимааш макони беҳтарини сайру саёҳат барои сайёҳон гардидааст.Инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ сол то сол мукамал гашта хизматрасонӣ ба сайёҳон хуб роҳандозӣ шудааст.
Ҳамчунин Раҷабова Майно корманди китобхона дар мавзӯи Сайёҳӣ ва заминаҳои рушди он маърӯза намуданд.
Шафиева Рухшона китобдори китобхона оид ба таърих ва имкониятҳои сайёҳии ноҳия баромад намуданд.
Хонандагони фаъоли китобхона порчаҳои шеъриро қироат намуданд.
Дар фарҷом кори конференсияи илми назариявӣ дар мавзӯи “Ишкошим макони сайёҳӣ”аз тарафти мудири бахши фарҳанги ноҳия Амирхонов Гулдасташо ҷамъбаст гардид.